«ҲИДОЯ»-И БУРҲОНИДДИНИ МАРҒЕЛОНӢ АСАРИ ОЛАМШУМУЛИ ИЛМИ ФИҚҲ (ҲУҚУҚ)

«Ҳидоя фи фуру ал-фиқҳ» – «Ҳидоя. Шарҳи ҳуқуқи мусулмонӣ» – асари заминавӣ буда, ба омӯзиши васеъи ҳуқуқи мусулмонӣ (шариат) бахшида шудаааст.

«Ҳидоя» дар асри ХII аз ҷониби фақеҳи-ҳуқуқшиноси машҳури оилаи ҳуқуқи мусулмонӣ, зодаи Мовароуннаҳр Бурҳониддини Марғелонӣ навишта шудааст.

Дар «Ҳидоя» нуқтаи назари олимон-ҳуқуқшиносони мактаби ҳуқуқии ҳанафияи равияи суннии дини ислом шаҳр дода шудааст.

Дар он инчунин нуқтаи назари намояндагони мазҳабҳои ҳуқуқии дигари ҳуқуқи мусулмонӣ аз рӯи масъалаҳои гуногуни шариат шарҳ дода шудааст.

«Ҳидоя»-и Бурҳониддини Марғелонӣ фарогири масъалаҳои ҳуқуқии зерин мебошад:

1.Дар «Ҳидоя» ба талаботҳои одату анъанаҳои мусулмонӣ равшани андохта шудааст.

2.Дар «Ҳидоя» меъёрҳои танзикунандаи никоҳ ва оиладорӣ, меросӣ, молумулкӣ, молиявӣ ва дигар муносибатҳое, ки ба самти ҳуқуқи маданӣ (гражданӣ) мансубанд, мавриди омузиш ва шарҳ қарор дода шудаанд.

3.Дар «Ҳидоя» ҷанбаҳои ҳукуқие, ки бо ҷиноят ва ҷазо алоқаманданд, кушода дода шудаанд.

4.Дар «Ҳидоя» хусусиятҳои мурофиавии баррасии парвандаҳо дар суд барасмият дароварда шудааст.

5.Инчунин дар «Ҳидоя» ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқии ҳаёти ҳамарӯзаи мусулмонон ва фаъолияти одамон барраси гардидаанд.

«Ҳидоя»-и Бурҳониддини Марғелонӣ асарест, ки то имрӯз омухта мешавад ва ба сифати воситаи асосии роҳбарикунанда дар мадрасаҳо ва донишгоҳҳои мусулмонии кишварҳои Шарқ хизмат менамояд, ки дар онҳо шариат, хусусан таълимоти мактаби ҳуқуқии ҳанафия ҳамчун пешина нуфузи худро нигоҳ медорад.

«Ҳидоя»-и Бурҳониддини Марғелонӣ барои мутолиа, омузиш ва истифодабарӣ ба ҳуқуқшиносон, таърихшиносон, шарқшиносон, диншиносон, инчунин ба тамоми шахсоне, ки ба таърихи кишварҳои Шарқ ва ҳуқуқи мусулмонӣ шавқу ҳавас доранд, пешбини карда шудааст.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика