Агар аз хишти тилло қаср созӣ,
В-агар аз санги Хоро шаҳр созӣ.
Наёбӣ дар ҷаҳон як зарра файзе,
Агар Модар набошад аз ту розӣ.
Агар сад рӯзаву имон дорӣ,
Агар чун саллаи шоҳон дорӣ.
Қабулаш нест Ҳаҷҷи Акбари ту,
Агар Модар набошад аз ту розӣ.
Агар ту дар замонат шоҳ бошӣ,
Ва ё ки ҳамчун мисли моҳ бошӣ.
Наёбӣ ҳурмате дар байни мардум,
Агар Модар набошад аз ту розӣ.
Бознашр аз саҳифаи Хазинаи маърифат