Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ, Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ!

⚠️Забонро барои сухани нек бояд кушод ва барои ҳафт чиз бубаст!

⚠️Забонро аз чунин гуфтор мебояд баст:
➡️Аз гуфтани дурўғ, ки дурўғгўй душман аст!
➡️Аз ваъдаи хилоф, ки сифати дурўягон аст!
➡️Аз ғайбат ва туҳмат, ки амали бадахлоқон аст!
➡️Аз муноқиша, душманӣ, суханчинӣ ва айбгўйӣ, ки онҳо аз васвасаи шайтонанд!
➡️Аз таърифи худ, ки нишонаи худписандист!
➡️Аз дуои бад ва ҳақорат, ки бадлафзист!
➡️Аз мазоҳу масхара ва ҳазле, ки боиси ранҷиш бошад!

⚠️Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест!

⚠️Аз мо мапурс, к-оташи дил то чӣ ғоят аст,
Аз оби дида пурс, ки у тарҷумони мост!

⚠️Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ!

⚠️Дар талаб мекӯшам, ар ёбам зиҳӣ бахти баланд,
В-ар наёбам, узри ман афтад бузургонро писанд!
✍️Ҳусайн Воизи Кошифӣ.

Бознашр аз саҳифаи:
Марвориди тоҷику форс

Яндекс.Метрика