Адолат пояи устувории ҳокимият

Дар ҳамаи давру замон вақте, ки мавзуе мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор мегирад, пеш аз ҳама зарурат ва мубрамияти онро дар ҳаёти ҳамонвақта бояд ба назар гирифт, нақш ва таъсири онро дар пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои онро равшан сохт. Аммо мавзуи адолат бошад, мавзуест, ки дар ҳамаи давру замон меҳвари калидиро дар пояи устувоории давлат нақш бозидааст.
 
Дар китобҳои ҳадис омадааст, ки саҳобагони Расулуллоҳ дар баробари ҳамсояҳои мусулмони худ, инчунин бо ҳамсояҳои ғайримусулмони худ, ки масеҳӣ, яҳудӣ ва ғайри онҳо буданд, мисли ҳамсояҳои мусулмони худ рафтор мекарданд. Ҳазрати Умар дар замони хилофати худ барои мискинон ва фақирони ғайримусулмон аз ҳисоби байтулмол ҳақ муқаррар карда буд. Имом Абу Юсуф дар китоби худ (китоб-ул-хироҷ) овардааст, рӯзе ҳазрати Умар дид, ки як пирамарди нобинои ғайримусулмон ба дарвозаи касе истода хайрот талаб мекард. Ҳазрати Умар аз пушти ӯ омад ва бар шонаи ӯ даст ниҳода пурсид, кӣ туро ба ин амал маҷбур кардааст, ки назди дарвозаи мардум истода хайрот талаб куни? Ӯ гуфт: пирӣ ва зарурати фароҳам кардани заруриёт ва ҷузъия манро ба ин амал маҷбур сохтааст, ки аз мардум хайрот талаб кунам.
 
Ҳазрати Умар аз дасти пирамарди ғайримусулмон гирифта, ба хонааш мебарад ва аз хонааш як теъдод ашёро ба ӯ медиҳад ва бо дасти як сипоҳӣ ӯро ба назди хазинадор мефиристад ва ба хазинадор ҳукм медиҳад, ки ба ин пирамард ва инчунин ба дигар мискинони ғайримусулмон ҳакашонро аз Байтулмол адо намоед, қасам ба Худо, агар мо ба мискинони ғайримусулмон инчунин накунем ва онҳоро сер накунем, пас мо қатъиян инсоф накардаем.
 
Замоне ҳазрати Умар шахсеро волӣ ва ҳокими як минтақа таъйин мекард, пас ба ҳамин манзур ба таври расмӣ барои ӯ фармоне навишт, то ба ӯ супурда шавад, чун фармонро ба нисфаш бирасонид, дар он вақт як тифли хурдсол омад ва дар китфи ҳазрати Умар нишаст ва даст дар гарданаш овехт, ӯ муборак рӯйяшро буса кард ва бо забони атфол бо вай сухан шуруъ кард, он шахс, ки ҷадидан ҳоким таъйин шуда буд, гуфт: эй Амирулмуъминин ман даҳ фарзанд дорам, лекин бо яке ҳам ин қадар муҳаббат ва нармӣ накардаам. Ҳазрати Умар чун сухани ин мардро шунид, фавран ҳамон фармонро пора-пора кард ва гуфт ту лаёқати ҳукумат ва давлат надорӣ, мо чунин шахсро волӣ ва ҳоким таъйин намекунем, ки дилсузӣ, раҳм ва меҳрубонӣ надошта бошад ва ин, ки ту бинобар суханат бо фарзандҳои худ муҳаббат ва улфат намекунӣ, пас бо фарзанди дигарон чи гуна муҳаббат хоҳӣ кард, мо он чунон шахсонеро ба вазифа таъйин хоҳем кард, ки соҳибони раҳм ва меҳрубонӣ бошанд, дилсузӣ ва нармӣ дошта бошанд ва дар синаашон диле аз гушт овезон бошад, на чунон шахсе, ки дар синааш ба ҷои дил санг бошад.
 
 Наботов М.А. - сармутахасси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ
Яндекс.Метрика