АЗ СИЛСИЛАИ ПАНДҲОИ СУДМАНД

 

Девонае, ки Шайх Ҷунайдро таълим дод. Яке аз азизони Худо, орифи машҳур Шайх Ҷунайди Бағдодӣ, ки зикраш дар осори Аттору Саноиву Мавлоно ва дигар тазкиранависон омадааст, ба нияти сафар аз шаҳри Бағдод берун рафт. Муридони Шайх низ дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ намуданд. Шайх зимни дамгирӣ аз аҳволи Баҳлул ном шахс (ки зоҳиран хешро девона вонамуд мекард) пурсон шуд. 

Муридон хандида, гуфтанд: Эй Шайх, Баҳлул марди девонаест. Шумо ба ӯ чӣ кор доред?

Ҷунайд гуфт: Ӯро пурсон карда, назди ман оред, ки кори муҳиме дорам. 

Муридон аз деҳаҳо ҷустуҷӯ карда, фаҳмиданд, ки дар кадом як саҳрое будааст ва Шайхро назди Баҳлул бурданд. Ҳангоме ки Шайх наздик рафт, дид, ки Баҳлул хиштеро зери сар ниҳода, хобидааст. Аз чунин коре дар ҳайрат монд ва бо овози баланд салом дод. Баҳлул аз ҷо хеста, ҷавоби салом доду пурсид: Чӣ касе ҳастӣ?

Шайх гуфт: "Манам Ҷунайди Бағдодӣ".

Баҳлул пурсид: Ҳамон Шайхе, ки мардумро иршод (раҳнамоӣ) мекунад? 

Шайх ҷавоб дод: "Оре". 

Баҳлул пурсид: Одоби таом хӯрданро медонӣ? 

Шайх гуфт: "Оре", медонам. 

Аввал “Бисмиллоҳ” мегӯям, аз пеши худ мехӯрам, луқмаро хурд мегираму ба тарафи рости даҳанам мегузорам, луқмаро оҳиста мехоям, ба луқмаи дигарон назар намекунам, дар хӯрдан аз ёди Худо ғофил намешавам, ҳар луқма, ки мехӯрам, “Алҳамдулиллоҳ” мегӯям, дар аввалу охири ғизо даст мешӯям. 

Баҳлул аз ҷо хеста, ту чӣ хел халқро раҳнамоӣ мекунӣ, ки одоби таом хӯрданро намедонӣ? - гуфта, ба роҳи худ рафтан гирифт. 

Муридон Ҷунайдро гуфтанд:  Эй Шайх! Ин мард девона аст, худро овора насозед! 

Шайх Ҷунайд ба муридон рӯ оварду гуфт: "Девона ба кори хештан ҳушёр аст, сухани ростро аз девона бояд шунид". 

Сипас, аз дунболи Баҳлул равон шуд. Баҳлул андаке роҳ рафта, ба замин нишаст. Шайх низ ба ӯ расида, наздик нишасту гуфт: 

Эй Баҳлул, ман Шайх Ҷунайди Бағдодӣ ҳастам, ки одоби таом хӯрданро намедонам. 

Баҳлул пурсид: Оё одоби сухан гуфтани худро медонӣ?

Шайх гуфт: "Оре, медонам":

Суханро ба андозаи хеш мегӯям, бе мавқеъ ва беҳисоб ҳарф намезанам, ба қадри фаҳми шунавандагон мегӯям, мардумро ба шинохту итоати Худову пайравӣ ба Расули акрам мехонам, чандон намегӯям, ки мардум аз ман малӯл гарданд. 

Баҳлул гуфт: "Инак фаҳмидам, ки одоби сухан гуфтанро ҳам намедонистаӣ".

Муридон гуфтанд: Эй Шайх, дидӣ, ки ин мард девона аст? Шумо аз одами девона чӣ мехоҳед? Шайх Ҷунайд бо оромӣ ҷавоб дод: "Маро бо ӯ корест, ки шумоён намедонед ва боз аз дунболи Баҳлул ҳаракат кард, то ба ӯ расид. 

Баҳлул гуфт: Ту аз ман чӣ мехоҳӣ, эй Шайх? Оё аз одоби хӯрдану аз одоби хобидан огоҳӣ дорӣ? 

Шайх ҷавоб дод: Бале, огоҳӣ дорам: Чун аз намози хуфтану витр ва дуои онҳо фориғ мешавам, либоси хоб мепӯшам, бо таҳорат хоб мекунам, "Бисмиллоҳ” мегӯям, ба китфи рост мехобам, сураҳои “Фотиҳа"-ву муаввизатайн мехонам, субҳ бо китфи рост бархоста, шукри Худоро ба ҷо меорам. 

Баҳлул инро шунида, гуфт: Фаҳмидам, ки одоби хобиданро ҳам намедонистаӣ ва азми хестан намуд. Шайх домани ҷомаи ӯро гирифта, гуфт: 

Эй Баҳлул, аз барои Худо, инҳоро ба ман таълим деҳ! 

Баҳлул гуфт: "То ҳоло ки даъвои доногӣ мекардӣ, аз ту дӯрӣ меҷустам. Акнун, ки ба нодонии худ иқрор шудӣ, таълимат медиҳам. Инҳое, ки ту гуфтӣ, фаръ (дуюмдараҷа) аст.

Асл (якумдараҷа) дар таом хӯрдан он аст, ки таом бояд ҳалол бошад, яъне, манбаи ба даст омадану худи он луқма ҳалол буданаш лозим аст. Агар луқмаеро, ки бо роҳи дуздӣ, зӯрӣ, фиреб, порахӯрӣ, рибо (судхӯрӣ) ва ҳаққи тарозӯзанӣ ба даст оварда бошию ҳазор бор “Бисмиллоҳ" гӯӣ ва садҳо навъ одоби таомхӯриро ба ҷой орӣ, фоидае надорад ва он сабаби торикии дил мешавад". 

Шайх Ҷунайд аз ин ҷавоб хеле хушҳол шуда, гуфт: Худованд подоши некӯӣ ба ту диҳад! Одоби сухан гуфтанро ҳам баён кун! 

Баҳлул ҷавоб дод: "Дар сухан гуфтан бояд, ки дил пок бошад ва ният дуруст гардад. Мақсад аз сухан гуфтану насиҳат кардан маҳз барои Худо бошад, зеро агар аз барои ҳадафи дунёӣ сухан гӯйӣ ё беҳуда ва ҳарза сухан гӯйӣ, ҳар каломи ту вуболи гарданат мешавад. Дар чунин ҳангоме сукут ва хомӯшӣ беҳтару некӯтар аст. 

Аммо одоби хобиданро ҳам бишнав. Албатта, ҳарфҳое, ки дар ин бора бар забон овардӣ, фаръ мебошанд ва асл ин аст, ки ҳангоми хобидан дар дили ту буғзу кина ва ҳасади мусулмонон набошад ва муҳаббати дунёву моли дунё дар дили ту набошад. Бояд, ки дар ҳангоми истироҳат ба зикри Ҳақ бошӣ, то ба хоб равӣ". 

Ҷунайди дасти Баҳлулро бӯсида, дуои хайраш намуд.

Таҳияи Мирзо Шодиев

Яндекс.Метрика