Аксари ҷангҳо дар дунё бар сари манният аст на бар сари ҳақиқат!

Мутаассифона бархе аз кишварҳои қудратманд бо ҳадафи тағийри низомҳо ва ба вуҷуд овардани нооромӣ дар кишварҳо баҳсу мунозира ва афкору андешаҳои содиротиро дар ҷомеаҳо ворид месозанд ва ҳадафашон зоҳир шудани ҳақиқат ва ошкор кардани он нест, балки ғалаба бар ҳариф, таҳрифи ҳақиқат ва воруна сохтани арзишҳои як давлату миллат аст..

Онҳо ҳозиранд обрӯи ҳукуматҳоро аз байн бибаранд то манофеашон бо ин васила таъмин шавад!

Абарқудратҳо мехоҳанд кишварҳои ҷаҳони сеюмро ғорат, манмании худро ба исбот ва дигаронро инкор намоянд!

Хулоса дар баҳсу ҷадал ва мунозираи онҳо ҷанг бар сари манфиат ва манният (манманӣ) аст на бар сари ҳақиқат... !!!

Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика