Амволи мерос: тартиб ва таракаи он

Ислом барои тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсон меъёрҳоеро мавриди амал қарор додааст ва барои пайравонаш дар ҳама масъалаҳо мувозинатро тавсия кардааст. Яке аз масъалаҳои иҷтимоие, ки дар радифи аввал  қарор мегирад, масъалаи мерос дар ҳуқуқи исломӣ мебошад, зеро дар он ҳуқуқу уҳдадориҳое омадаанд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо низоми иҷтимои ҷомеаро мустаҳкам менамояд.    
 
Ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки ба амволи мерос алоқаманд ҳастанд,  иборат аз такфину таҷҳиз, адои дайн, васият аз се яки мол ва ҳаққи ворисон мебошанд.
 
Пеш аз ҳама дар навбати аввал аз таракаи майит такфин ва таҷҳизи майит бидуни исроф ва (тақтир) нуқсон омода карда мешавад. Исроф ба маънои муболиға ва таҷовуз аст, ки мухолифи он миёнаравӣ аст. Исроф ва нуқсон метавонад аз рўи адад бошад, яъне суннатии кафан барои мард, Қамис, изор ва лифофа мебошад ва бояд аз ин на кам ва на зиёд карда шавад. Ва суннатии кафан барои зан қамис, изор, лифофа, химор ва хирқа мебошад ва аз ин на кам ва на зиёд карда шавад. Ва инчунин метавонад он исроф ва нуқсон аз рўи қиммат бошад масалан дар ҳоли ҳаёташ либосеро мепушид, ки даҳ танга арзиш дошт, такфини майит  аз он арзиш кам ё зиёд нуқсон ё исроф аст. Ва ин тариқаи  суннатии такфин аст. Агар қарздор сабаби манъи такфини суннати  гардад, дар ин сурат такфини кифоя сурат мегирад, ки барои марди фавтида 2 адад ва барои зан се адад муқарар карда шудааст. 
 
Бо вуҷуде, ки мафҳуми таҷҳизи майит такфинро  ҳам фаро мегирад, таҷҳизи майит мегуфтем мешуд, аммо такфину таҷҳиз гуфтем шояд тартибро дар байни он ду муайян карда бошад. Таҷҳизи майит гуфта, амалҳоеро меноманд, ки дар ҳаққи майит баъд аз маргаш анҷом дода мешавад, ба монанди музди шустанаш, музди интиқол, музди кандани қабр ва ғайра. 
 
Оғози тарикаи майит ба такфин ва таҷҳизи майит аз ҳадиси Мусъаб ибни Умайр сарчашма мегирад. Вақте ки Мусъаб аз дунё гузашт, ҳеҷ чизе надошт, магар чодаре, ки агар пушонда мешуд сарашро, пойҳояш намоён мешуданд, агар пойҳояшро пушонда мешуд, сараш намоён мешуд. Пас, паёмбар гуфт “ бипушонед сарашро ва бар пойҳояш изхир бор кунед”. Ва суол накард пайёмбар, оё боқи монд чизе барои қарз, васият ё не?
 
Бидон ва огоҳ бош ин, ки дар навбати аввал оғоз кардан ба такфин ва таҷҳизи майит, он чуноне, ки аз мафҳуми ҷумла фаҳмида мешавад, мутлақ нест, балки ҳар ҳаққе, ки ба айни (худи) тарака алоқаманд мебошад. Сайид Алии Ҷурҷонӣ онро мутлақан баён доштааст, ки адои қарз муқаддам бар адои такфину таҷҳиз аст, Аммо нуқтаеро, ки  Муҳаммад Алӣ ас-Собуни дар китобаш зикр кардааст, возеҳтар ва равшантар мебошад. Ў  мегўяд, ки  қарзҳое, ки ба айни тарака алоқаманд мебошанд дар тақдими адои такфину таҷҳиз бар адои қарз ихтилофи назар байни фақеҳон вучуд дорад. Ба монанди раҳн, ҳаққи закот, ки бар такфину таҷҳизи майит тақдим карда мешаванд ва ин қавли мазҳаби ҳанафӣ, моликӣ ва шофиъӣ аст. Ва онҳо қавли хешро бар он собит сохтаанд, ки ҳамаи ин ҳуқуқ ва қарзҳо ба ҳоли ҳаёти майит алоқаманд мебошанд, аммо ҳуқуқи таҷҳиз  бар ҳолати фавқулодаи баъд аз марги майит алоқаманд мебошад ва ҳар он чизе, ки собиқ аст муқаддам бар баъди он аст.  
 
2.Аммо мазҳаби ҳанбалӣ ба он назараст, ки таҷҳизи майит муқаддам бар тамоми боқимондаи ҳуқуқи тарака  мебошад,  баробар аст, ки ҳуқуқи тарика  марбут ба айни тарика аст ё не. Мазҳаби ҳанбалӣ барои собит сохтани сухани хеш ҳадиси Мусъаб ибни Умайрро мавриди ҳуҷҷат қарор додаанд ва он ҳадисро мо дар боло ёдовари кардам. 
 
Фақеҳони ҳуқуқи исломӣ дар масъалаи такфину таҷҳизи ҳамсар назарҳои гуногун доранд. Ихтилофи мазкур  дар он аст, ки оё такфину таҷҳизи ҳамсар аз таракаи худаш масраф мешавад ё аз ҷониби шавҳараш? Шаъбӣ, Абуҳанифа  ва баъзе аз пайравони шофеӣ мегӯянд, ки такфину таҷҳиз аз тарикаи ҳамсар адо карда мешавад, агар аз ӯ мол боқӣ монда бошад. Ва агар аз ӯ мол боқӣ намонда бошад, пас такфину тачҳизи ў бар касоне мебошад, ки нафақааш бар зиммаи онҳо буд. Аммо Абуюсуф мегуяд, ки такфину таҷҳизи ҳамсар аз таракаи худаш  гирифта намешавад, балки такфину таҷҳизи ў бар шавҳараш  воҷиб буд, зеро нафақааш бар зиммаи шавҳараш воҷиб мебошад ва ончӣ аз зан боқӣ мемонад, ҳаққи қарз, васият ва ворисон аст. 
 
2.Дар навбати дуюм бо итифоқи фақеҳон қарзҳое, ки аз ҷониби инсонҳо талаб карда мешаванд ва он қарзҳо   бар зимаи майит мебошанд адо карда мешаванд.  То он вақте, ки қарзҳо аз номи майит пардохта нашаванд, моли тарака дар байни ворисон тақсим карда намешавад. Расули Худо (с) фармуданд: Рӯҳи мӯъмин то адо кардани қарзаш  муаллақ аст, то ин ки аз ҷониби ў адо карда шавад. 
 
Аммо қарзҳое, ки аз ҷониби инсонҳо матлуб нестанд, ба монанди пардохти закот, каффорат, назр, ва ғайра назди мазҳаби ҳанафӣ  аз моли  мерос пардохта намешаванд. Дар мазҳабҳои дигари исломӣ бошад, пеш аз тақсими тарака байни ворисон, бояд пардохта шаванд.
 
Ҳанафиҳо ба он назаранд, ки адои он қарзҳо ибодат аст ва ибодат бо марг соқит мешавад, зеро он қарзҳоро  адо карда намешавад, магар бо ният ва ихтиёр ва ин амалро аз шахси майит чашм дошта намешавад. Агар чанде он қарзҳо ба сабаби маргаш аз ў соқит шуда бошад, магар ин, ки гунаҳгор ва талаб карда мешавад аз ў дар охират бинобар анҷом надоданаш воҷиберо, ки бар зиммаи ў пеш аз маргаш гузошта шуда буд. Ва сазои он назди Парвардигор аст, агар хоҳад, азобаш мекунад ва агар хоҳад, бо меҳрубонӣ ва саховатмандиаш ўро мебахшад. (Ин дар ҳолатест, ки агар майит пеш аз маргаш васият накарда бошад, вале агар васият карда бошад, бояд аввал васият аз моли тарака ҷудо карда шавад. Ин бо итифоқи ҳамаи мазҳабҳо мебошад).
 
Аммо мазҳабҳои дигари исломӣ ба он назаранд, ки бояд он қарзҳо адо карда шаванд, мисли қарзи инсонҳо ба ният ва қасд эҳтиёҷ надоранд, зеро онҳо ибодати  маҳз ва холис нестанд, балки ҳақҳое мебошанд, ки ба худи мол алоқаманд мебошанд. Пас, пардохти онҳо  воҷиб аст, ҳатто агар майит ба пардохти он васият накарда бошад. Ҳатто мазҳабҳои дигари исломӣ дар тартиби адо кардани ин қарз ихтилофи назар доранд. Ба гуфтаи фақеҳони мазҳаби шофеӣ пардохти ин намуд қарзҳо пеш аз пардохти қарзҳои инсонҳо воҷиб мебошад. Ба гуфтаи фақеҳони мазҳаби моликӣ адои он қарзҳо  баъд аз пардохти қарзҳои инсонҳо воҷиб мебошад. Аммо назди фақеҳони мазҳаби ҳанбалӣ бошад, ҳаққи пардохти он қарзҳо ва қарзҳои инсонҳо баробар мебошад. 
 
Ҳар вақте, ки ояти 12 - уми  сураи Нисо хонда мешавад ( мин баъди васиятин юсо биҳо ав дайн) (тарҷума “пас аз анҷом додани васияте, ки кардаед ва пас аз пардохти қарзҳоятон”) чунин ба назар мерасад, ки васият бояд пеш аз карз адо карда шавад. 
 
Аммо фақеҳон бо насс ( ҳадис), иҷмоъ ва маъқул собит кардаанд, ки адои қарз қабл бар адои васият аст.
 
Насс: Сухани Алӣ ибни Абў Толиб аст, ки мегўяд: Шумо мехонед ояти 12 сураи Нисоро ( мин баъди васиятин юсо биҳо ав дайн) ва Паёмбар дастур дод ба адои қарз қабл аз адои васият.
 
Ҳадисе аз Саъд ибни Атвал ривоят шудааст: Вақте, ки бародараш вафот кард ва се сад дирҳам бо ҳамроҳии айёлаш боқӣ гузошт, Саъд гуфт, хостам онро бо айёлаш нафақа кунам дар ин маврид паёмбар гуфт: Дар ҳақиқат бародаратро қарз фаро гирифтааст, пас онро адо кун, Саъд гуфт: Эй паёмбар дар ҳақиқат адо кардам аз ҷониби ў қарзашро, магар ду динореро, ки даъво мекунад, зане дар ҳоле, ки шоҳид надорад, Паёмбар гуфт: Адо кун ҳақашро ба дурустие, ки ў соҳиби ҳақ аст.
 
Иҷмоъ.Ибни Касир мегуяд: Иттифоқ карданд донишмандони пешин ва баъди онҳо ин, ки адои қарз қабл аз адои васият аст. 
 
Маъқул.Он аст, ки васият табаруъ (ҳадя) аст, аммо қарз воҷиб аст ва воҷиб муқаддам аст бар табаруъ.
 
Илова бар он агар гуфта шавад, ки  шумо мегуед адои қарз қабл аз адои васият анҷом дода мешавад, пас ҷаро дар оятҳои 11, 12 сураи Нисо истилоҳи калимаи васият қабл аз дайн омадааст?
 
Ин суолро аз се нуқтаи назар метавон ҷабоб гуфт:
Пеш аз ҳама, тақдими васият аз дайн дар оятҳои сураи Нисо таваҷҷўҳи хос додан ба васият аст, зеро ҷудо кардани ҳаққи васият  аз моли тарака барои ворисон гарони мекунад, бинобар он, ки дар муқобили он ивазе нест. Аммо қарз бошад, соҳибони он муаян мебошанд, ҳатто баъзе ворисон худашон суол мекунанд аз қарзи муваррис то ин, ки дар кутоҳтарин вақт онро адо кунанд, зеро медонанд дар таъхири адои қарзи майт азобе ҳаст, ки бар майт мерасад.
 
Дуввум он, ки қарз воҷиб аст ва шахсе вуҷуд дорад, ки онро талаб мекунад, дар ҳоле, ки васият табаруъ аст ва талабкунандае низ надорад, гоҳо зоиъ мешавад ва тарк мекунанд васиятро ворисон  ва ахамияте намедиҳанд дар анҷом додани  он ва дар оятҳо муқаддам гузоштани он ташҷиъ бар анҷом додани он аст.
 
Сеюм он, ки қарз ҳаққи шахси зинда аст ва ў ҳаққашро талаб мекунад, аммо васият ҳаққи майит аст ва ў дунёро тарк кардааст ва қудрати танфизи онро надорад, бинбар ин, муносиб дониста шудааст зикри онро қабл аз қарз аз боби ёдоварӣ ва иҳтимом бар адои он то ин, ки фаромуш ва зоиъ нашавад.
 
3.Баъд аз адои қарзи майит, иҷро кардани васияти майит аст, на аз се яки тарика, балки аз се як ҳиссаи моли  боқимонда баъд аз такфину таҷҳиз ва адои қарз адо карда мешавад.
Мафҳуми васият. Васият дар луғат аҳд ва  паймоне аст ва аз сабаби он, ки  бо майит иртибот дорад,  он паймонро  васият меноманд. 
 
Васият дар истилоҳ таърифҳои гуногунеро  фаро гирифта аст, аз ҷумла:
1.Фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ васиятро чунин таъриф кардаанд: молик гардонидан тавассути ҳадя пас аз марг аст, баробар аст дар мол ё манфиат бошад. 
 
2.Мафҳуми васиятро фақеҳони мазҳаби моликӣ чунин ба риштаи таҳрир даровардаанд: васият шартномаест, ки танҳо дар се яки мол  ҳуқуқро ба вуҷуд меорад.
 
3.Ба гуфтаи фақеҳони шофеӣ васият ин ҳуқуқи иловагӣ аст, агар чанде муқаддар баъд аз мавт бошад.
 
4.Вожаи васият дар истилоҳи фақеҳони мазҳаби ҳанбалӣ   чунин оварда шудааст: васият соҳиб шудани ҳакқи амал аст, баъд аз марги муваррис.
 
Машруъияти васият. Машруъияти васият бо китоб, суннат ва иҷмоъ собит шудааст, яъне сарчашмаҳо барои анҷом додани адои васият китоб, суннат ва иҷмоъ аст.
Китоб. Сухани Парвардигор аст “пас аз анҷом додани васияте, ки кардаед ва пас аз пардохти қарзҳоятон” ва сухани Парвардигор аст “Ҳар гоҳ яке аз шуморо марг фаро расад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯи инсоф васият кунад. Ва ин шоиста парҳезгорон аст”.
 
Ва ҳамин ояти охирон, яъне ояти 180 сураи Бақара мансух шуда бошад, ҳам ҳамчуноне, ки ёдовари кардаанд аксари муфассирон ва фақеҳон он насх дар ҳаққи шахси меросбаранда аст, аммо наздиконе, ки мерос намебаранд, васият дар ҳаққи онҳо боқи ва машруъ аст.
 
Суннат. Ҳадисеро Саъд ибни Абий Ваққос ривоят мекунад: Саъд мегуяд баргашт назди ман Паёмбар дар ҳаҷчатул видоъ аз  дарде, ки шифо ёфтам аз он бар мавт бас гуфтам эй пайёмбар расидаат манро он чӣ мебини аз дард ва ман соҳиби мол ҳастам ва мерос намебарад манро магар духтарам оё аз се ду ҳиссаи моламро садақа кунам? Паёмбар гуфт: На Саъд гуфт: Гуфтам оё садақа кунам нисфашро? Паёмбар гуфт: На Саъд гуфт се яки моламро садақа кунам? Паёмбар гуфт: се якашро ва се якаш бисёр аст. Ворисони худро сарватманд гузоштан беҳтар аст аз он ки онҳоро фақир бигузорӣ, ки мардумгадои кунанд. Нафақадиҳанда нести нафақаеро дар ҷустуҷӯи ризои Парвардигор магар подош дода мешавӣ дар ивази он ҳатто луқмаеро, дар даҳони ҳамсарат мегўзорӣ.
 
Абдуллоҳ ибни Умар ҳадисеро аз Паёмбар ривоят мекунад: Паёмбар гуфт: Ҳеҷ чизе нест барои инсони мусулмон дар он чӣ васият кардааст, ду шаберо  гузаронда бошад магар ин, ки васияташ дар назди ў навишта шудааст. 
 
Абў Ҳўрайра ҳадисеро аз Паёмбар ривоят карда мегуяд: Паёмбар гуфт: Парвардигор садақа мекунад бар шумо се яки молатонро баъд аз вафоти шумо илова бар амалҳое, ки шумо анҷом додед.
 
Иҷмоъ.Итифоқ карданд, донишмандони садри аввал ва онҳое, ки баъди садри аввал омаданд бар машруъияти васият. Ва васият аз наздиктарин он чизе аст, ки инсонро баъд аз маргаш манфиат мерасонад.
 
Шартҳои иҷрои васият. Дар умум шартҳое вуҷуд доранд, машруъияти васиятро ҳифз мекунанд ва васият бо вуҷуди онҳо мавриди амал қарор мегирад.
 
Шарти аввал васият бояд ба миқдори се яки аз мол зиёд набошад ва ин шартро ҳадиси Саъд ибни Абий Ваққос ва ҳадиси Абў Ҳурайра собит кардааст, ки дар боло онро ёдовари кардем.
 
Шарти дуюм, васият барои шахси  аҷнаби бошад, яъне васият барои шахси меросбар  набошад, зеро васият барои ворисон ҷоиз нест. Паёмбар дар ҳаҷҷатул видоъ баъд аз нузули оятҳои мерос  гуфт: Бешак Парвардигор барои ҳар соҳиби ҳак ҳаққашро ато фармуд. Пас васияте барои ворисон нест.
 
Шарти сеюм, васият мубоҳ (ҷоиз ) бошад,  яъне машруъият дошта  бошад. Монанди бинои масҷид, табъу нашри китобҳо ва монанди инҳо. 
 
4. Дар навбати чаҳорум,  баъд аз такфину таҷҳизи майит, адои қарзи ў ва иҷрои васияти майит, он чӣ боқӣ мемонад аз моли мерос дар байни ворисони майт тарака карда мешавад.
 
Наботов Маҳмади Асомудинович – сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика