Дар раванди ҷаҳонишавӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ ҷойгоҳи махсусро касб намуда, он ба омили муҳими сиёсӣ табдил ёфтааст. Ба роҳ мондани рушди мунтазами соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ дар ин ё он шакл ба иттилоот пайванд мехўрад. Таъмини амнияти иттилоотӣ барои як давлат дар заминаи таъсиси системаи технологияи иттилоотӣ дастрас гардида, танҳо дар ин сурат манфиати умумимиллиро инъикос менамояд.
Дар зери мафҳуми иттилоот одатан : иттилоот дар бораи олами атроф ва равандҳое, ки дар он мегузарад ва аз тарафи инсон ё асбобҳои техникии махсус қабулшаванда ва ба он расонида мебошанд фаҳмида мешавад»[1.С 44.]
Зеро роҳҳое, ки аз тариқи онҳо таҳдид ва хатар ба амнияти миллӣ ворид мегардад маҳз аз истифодаи воситаҳои иттилоотӣ сарчашма мегиранд. Ин аст, ки таъмини амнияти иттилоотӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ нақши калидӣ дорад.
Нишонаи дигари омили таъмини амнияти иттилоотӣ масъалаи мафкурасозӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аҳмияти умумимиллӣ дорад ва дар айни замон аксарияти мардум ба он дастрасӣ доранд. Чун тавассути воситаҳои иттилоотӣ роҳ ёфтани ба мафкураи ҷомеа ва тағйир додани он ба манфиати ин ё он ҳизбу гурўҳҳои сиёсӣ ба манбаи хатар табдил меёбад. Дар натиҷа мафкураи сузанда на созанда фарогири фазои иттилоотӣ мегардад. Аз ин рӯ, моҳияти аслии таъмини амнияти иттилоотӣ маҳдуд сохтани манбаи интишордиҳандаи андешаҳои низоъангез дар ҷомеа буда, таъсироти манфии ин падидаҳоро маҳдуд кард. Танҳо дар ин сурат мафкураи ҷомеа аз ин таҳдидҳо дар амон монда, дар баробари ин ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ дар фазои иттилоотӣ имконпазир мегардад.
Тамоюлоти манфӣ дар навбати аввал боиси ташаккулёбии фазои иттилоотӣ, баъдан сабаби пайдоиши ҷангҳои иттилоотӣ дар фазои вертуалӣ ва ниҳоятан рӯ овардан ба истифодаи қувваҳои низоъангез оварда мерасонад. Бо дарназардошти дигаргуниҳои технологии солҳои охир масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар муносибат бо дигар соҳаҳои амният дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Чунин зарурат ва афзалият бо он далел асоснок карда мешавад, ки фазои иттилоотӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат таъсири амиқ мерасонад.
Дар шароити муосир иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ дар таъмини рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми хеле калон мегузоранд. Дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба амал омадани хизматрасониҳои электронӣ ва махсусан, ташаккулдиҳии ҳукумати электронӣ ва тиҷорати электронӣ маҳз дар заминаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ имконпазир мегарданд. Инчунин технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии доираи васеи одамон ба иттилоот имкони хубтару беҳтар ташаккул додани ниҳодҳои демократии ҷомеаро фароҳам овардааст.
Аммо бехатарии иттилоотӣ бошад хавфу хатарҳоеро дар назар дорад, ки аз ҷониби субъектҳои мушаххас дар заминаи истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва ба воситаи иттилоот ҳадафмандона ба амал бароварда мешаванд.
Аммо дар баробари ин, дар баъзе аз мавридҳо иттилоотро барои таъсири манфӣ расонидан ва амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсию идеологӣ низ истифода менамоянд, ки дар чунин шароит ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот, баланд бардоштани маданияти иттилоотии шаҳрвандон, ба таври дуруст ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва монанди инҳоро тақозо менамояд.
Адабиёт:
Маҷидзода Ҷ.З., Холиқзода А.Ғ., Одиназода Р.С. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ. Душанбе., 2019.С. 240
Мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ
Қурбоншоев Илҳом Ҷумаъхонович