Андешаи олимон нисбати назарияи фарҳанги Б.Малиновский

Назарияи фарҳанги Б.Малиновскийро антропологҳо ва этнологҳо борҳо танқид кардаанд. Асосгузори антропологияи сохторӣ ва назарияи хешутаборӣ К.Леви-Стросс равиши Малиновскийро «биологизатсияи фарҳанг» номидааст [11, с. 20]. Этнографи шӯравӣ С.А.Токарев назарияи Малиновскийро ҳамчун назарияи «зиддитаърихӣ» танқид кардааст [21, с. 235]. Э.Эванс-Причард, ки низ намояндаи функсионализм аст, назарияи фарҳанги Б. Малиновскийро тавсифӣ ва аз лиҳози таҳлилӣ-мантиқӣ заиф медонист [24, с. 243,244].
 
Бо вуҷуди ин, тавре аз таҳлили мухтасари мазмуни яке аз асарҳои Бронислав Малиновский мушоҳида кардем, андешаҳои ин олми тавоно роҷеъ ба моҳият ва нақшу вазифаҳои фарҳанг, роҷеъ ба зарурати ҳифзи фарҳангҳои мардумӣ дар шароити муосири густариши равандҳои ҷаҳонишавӣ аҳамияти баланди илмию амалӣ доранд.
 
Мушкилии омӯзиши анъанаи миллӣ на танҳо дар бисёрҷанба будани он, балки дар он аст, ки он маҳсули таҷрибаи рӯзгор аст. Мафҳумҳои таърихӣ, образҳои бадеӣ, ҳикмату заковат ва фазилати ахлоқӣ, ки дар зарбулмасалу мақолҳо, пандҳо ифода ёфтаанд, мазмуни томи анъанаро намекушоянд, балки танҳо як қабати болоӣ ва шаффофи инъикоскунандаро ифода мекунанд. Чунон ки намояндагони мактаби сотсиологияи дониш П. Бергер ва Т. Лукман таъкид мекунанд, «таърифи назариявии воқеият, хоҳ илмӣ бошад, хоҳ фалсафӣ ва ҳатто мифологӣ, ҳамаи он чиро, ки барои аъзоёни ҷомеа «воқеӣ» бошад, ба пуррагӣ фаро намегирад ва ошкор намекунад» [5, с. 31].
 
Камбудии ҷиддии таҳқиқотҳои муосир оид ба масъалаи анъанаҳо, ба фикри И.В. Суханов, ин истифода нашудани равиши маҷмуавӣ дар онҳост. Таҳқиқот маъмулан ин ё он ҷузъ, қисми таркибӣ, ё ҷанбаи анъана-сифатҳои рӯҳонии расму оин, одатро фаро мегирад [20, с. 39].
 
Бешак, «анъана» ва «одат» як қатор аломатҳои монанд доранд. Аввалан, ин «ду шабакаи паҳлӯи ҳам» мебошанд, ки тавассути онҳо наслҳои калонсол таҷрибаи рафтори иҷтимоӣ, эътиқод ва эҳсосоти маънавию ахлоқии худ, усулу равишҳои фаъолияти ҷамъиятиро ба ҷавонон меомӯзонанд.
 
Сониян, онҳо шаклҳои ба наслҳои нав додани роҳҳои амалӣ гардондани муносибатҳои идеологии дар ҳаёти ин ё он синф, ҷамъият (сиёсӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, динӣ...) инкишофёфта мебошанд, ки бо нерӯи афкори ҷамъиятӣ дастгирӣ мешаванд, ё, чуноне ки инро таҷрибаи қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим собит намуда истодааст, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мешаванд.
 
Сеюм, анъана ва расму оинҳо ба одат асос ёфтаанд, бинобар ин онҳо падидаҳои устувори иҷтимоӣ мебошанд. Кадом одате, ки набошад, он ҳамчун як амали муқаррарӣ дарк карда мешавад, ки аз сабаби мунтазам ва пайваста такрор шуданаш, барои шубҳа ҷое боқӣ намегузорад. Аммо ба фикри як қатор муаллифоне, ки ин масъаларо таҳқиқ кардаанд, мисли Д. Благий, Е.Н. Борисов, С. Ермаков, А. Карасевич, Е. Маркарян, А. Плахов, Б. Марянов, О.В. Ромах, И.В. Суханов ва дигарон, мазмуни ин мафҳумҳо гуногун аст. Анъана ва урфу одатҳо, пеш аз ҳама, бо вазифаҳои иҷтимоии худ фарқ мекунанд. Вазифаи иҷтимоии анъанаҳо ташаккул додан ва ба наслҳои нав расондани он сифатҳои маънавие мебошад, ки барои фаъолияти муътадили муносибатҳои мураккаби ҷамъиятӣ заруранд. Ҳадафи онҳо инкишоф додани одатҳои мураккаб, яъне самти муайяни рафтор аст. Анъанаҳо маънои амали иҷрошударо дар бар мегиранд. Онҳо ба ин савол ҷавоб медиҳанд: Чаро мо ин тавр рафтор мекунем, на ба таври дигар? Яъне, дар маънои онҳо, дар байни амалҳои иҷрошуда ва сифатҳои маънавие, ки дар натиҷаи ин амалҳо ташаккул ёфтаанд, алоқаи сабабӣ ошкор мегардад. Амалиёт дар анъана ба мақсади бошууронаи тарбия тобеъ карда мешавад. Урфу одатҳо бошанд, намегўянд, ки одам чӣ гуна бошад, нисбат ба сифатҳои маънавии одам талабот ба миён намегузоранд. Инҳо амалҳои оддӣ, «стереотипҳои шаклгирифтаи рафтори меҳнатӣ ва намудҳои дигари фаъолияти ҷамъиятӣ» мебошанд [17, с. 28].
 
Урфу одатҳо тавассути муқаррар кардани рафтори муфассал дар вазъияти мушаххас амалҳоро қатъиян ислоҳ мекунанд, яъне, онҳо дар ин ё он вазъияти муайян чӣ гуна рафтор бояд кард, ё набояд карданро муфассал танзим кунанд, вале дар бораи чи гуна бояд будан дастуре намедиҳанд. Ба гуфтаи Э.С. Маркарян, «урфу одатҳо шаклҳои стереотипии рафтори омма мебошанд, ки дар такрори амалҳои стандартизатсияшуда ифода ёфта, ҳамчун воситаи самараноки танзими иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани зинанизоми муайяни мақоми иҷтимоӣ амал мекунанд» [15, с. 21].
 
Ба ақидаи муҳаққиқ Г.Н. Волков, урфу одат ва расму оин ҷузъҳои анъана мебошанд [6, с. 141]. Урфу одатҳо қодиранд меъёрҳо ва арзишҳоро дарбар гиранд, шиддати эҳсосиро рафъ кунанд, аҳамияти иҷтимоии ҳолатҳои ҳаётро тасдиқ кунанд. Мафҳумҳои «анъана» ва «одат» бо мафҳуми «ойин» алоқаи зич доранд. Оинҳо ва урфу одатҳо баъзе хусусиятҳои умумӣ доранд, зеро дар ҳар ду маврид типизатсияи шакли амали мушаххас вуҷуд дорад, яъне ин рафтори ҳамеша танзимшаванда мебошад; инҳо ду роҳе ҳастанд, ки тавассути онҳо анъанаҳо амал мекунанд. Тавассути ташкили фаъолият дар сатҳи муносибатҳои оддии стереотипи такроршавандаи ҷамъиятӣ урфу одатҳо ва расму оинҳо сифатҳои зарурии маънавиро ташаккул медиҳанд.
 
Ба ақидаи И. Суханов, «шакли маросим танҳо вақте ба вуҷуд меояд, ки ҳамаи қисматҳои дигари одат ва анъана дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ каму беш мустаҳкам ҷой гирифтаанд» [20, с. 39]. Инҳо, пеш аз ҳама, марҳилаҳои гардиши ҳаёти инсон (таваллуд, издивоҷ, марг ва ғайра) мебошанд.
 
Расму оинҳо бо баъзе хусусиятҳои хоси худ аз мафҳуми «одат» фарқ мекунанд. Онҳо ҳамчун рамзҳое амал мекунанд, ки ғояҳои муайяни иҷтимоӣ, идеяҳо, тасвирҳоро дарбар гирифтаанд ва эҳсосоти мувофиқро ба вуҷуд меоранд. Маросимҳо тақвимӣ ё оилавӣ шуда метавонанд. Якумиҳо бо тағйирёбии давраҳои табии алоқаманданд; дуюмиҳо гузариш аз як давраи зиндагӣ ё ҳолати иҷтимоӣ ба давра ё ҳолати дигар, масалан, аз давраи муҷаррадӣ ба оиладориро сабт мекунанд. Ҳангоми амалҳои маросимӣ эҳсосот бо оҳангҳо ва сояҳои рангоранг ифода меёбанд. Дар байни мардуми тоҷик, тибқи ин хусусиятҳои ифодаёбии эҳсосот, чунин маросимҳоро метавон вохӯрд: сабқату зӯрозмоӣ, ҳунарнамоӣ (бозиҳо, рақсандагӣ, сарояндагӣ, ромишгарӣ), хурсандӣ ва тантанавӣ (ҷашнҳо, тӯйҳо), мотаму азодорӣ (ҷаноза, дафн, чил, сол ва маросими дигари марбут ба ёдкарди фавтидаҳо) ва ғ. Маҳз дар шакли образноку эҳсосии расму оин, анъанаҳои наслҳои калонсолро иштирокчиёни ҷавони он ба таври равшан эҳсос мекунанд. Дар марҳилаи ҳозираи тараққиёти ҷамъият аксарияти расму оинҳо маънои пештараи рамзии худро гум кардаанд. Онҳо аксар вақт дар чорабиниҳои идона ба шакли бозӣ, ё ҳамчун хусусияти зарурии он истифода мешаванд.
 
Ба ақидаи Л.Д. Столяренко, урфу одат, расму оинҳо рафтори одамонро танзим мекунанд ва ба онҳо имконият медиҳанд, ки дар атрофи анъанаҳои умумӣ муттаҳид шаванд. Ин барои нигоҳ доштани устувории ҷомеа ва тарзи ҳаёти миллӣ мусоидат намуда, ба фарҳанги умумии миллӣ пайвастани одамонро таъмин мекунад [1, с. 101].
 
Ба маънои умумифалсафӣ, «анъана» ҳамчун унсури мероси иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки аз насл ба насл мегузарад ва дар ҷамъиятҳои муайян муддати дароз ҳифз мешавад, маънидод карда мешавад. Ба сифати анъана ниҳодҳои муайян, меъёрҳои рафтор, арзишҳо, урфу одат, расму оинҳо ва ғайра амал мекунанд [22, с. 692].
 
Дар муқоиса бо мафҳуми васеътари донишҳои ҷамъиятию гуманитарии «мерос», анъана ҳатман лаҳзаи баҳодиҳии мусбат ё манфии меросро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, анъана на тамоми мероси мардум, балки як қисми он - он чизест, ки намояндагони қавм барои худ чизи муҳим арзёбӣ мекунанд. Ва ғайр аз ин, анъана худи раванди чунин баҳодиҳӣ, азхудкунии минбаъда, инчунин механизми интиқоли байни наслҳо мебошад. Бояд дар назар дошт, ки ин раванд тавассути ин ё он механизм ҳамчун объекти дорои арзиши муайян пахш карда мешавад. Танҳо бо дарки анъана ҳамчун арзиш метавон дар бораи он ҳамчун шакли пурмазмуни идомаи фарҳанг сухан гуфт. Намунаи характерноки чунин муносибати арзиширо, ки дар натиҷаи он як унсури мерос ба анъана мубаддал мешавад, мо дар таърихи маданияти Полша мушоҳида карда метавонем. Аз сеяки дуюми асри XVIII сар карда кулоҳи дӯстдоштаи полякҳо ба истилоҳ «конфедератка» буд ва ин далел характери мӯди маъмулиро дошт. Аммо, аз солҳои 60-ум, пас аз он ки бисёре аз иштирокчиёни шӯриши Лаҳистон ба хориҷа ҳиҷрат карданд, конфедератка рамзи ягонагии ҳамаи полякҳо (ҳам онҳое, ки дар ватани худ боқӣ монданд ва онҳое, ки берун аз он буданд) гардид.
 
Аз ин ру, мазмуни асосии анъана худи факти хоста гирифтани он ҳамчун як чизи гаронбаҳо, чизе мебошад, ки бо сабаби аҳамият ва арзиши баланд доштанаш онро аз даст додан мумкин нест. Аз тарафи дигар, бояд байни анъана ҳамчун факт ва анъана ҳамчун арзиш фарқ гузошта шавад. Ба маънои аввал, анъана тартиби он чизеро тавсиф мекунад, ки ҳаст. Ба маънои дуюм, анъана ба тартиби он чизе, ки бояд бошад, ишора мекунад. Танҳо вақте ки аносири мероси гузашта барои мо на танҳо маълумот аз китоби дарсии таърих, балки ҷузъҳои муҳим, мубрам (мусбат ё манфӣ)-и ҳастии мост, метавон аз онҳо ҳамчун анъана сухан гуфт. «Анъана на танҳо як факти иҷтимоиест, ки дар ниҳодҳо ва расму оинҳои иҷтимоӣ объективӣ шудааст..., анъана мавҷудияти гузашта дар худи мост, ки моро ба таъсири ин факти иҷтимоӣ ҳассос мегардонад» – навиштааст Е. Шатский дар шарҳи андешаи ҷомеашинос ва равоншиноси фаронсавӣ М. Дюфрен роҷеъ ба моҳияти анъана [23, с. 312].
 
Ҳамин тариқ, аҳамияти анъанаро он ҷузъҳое таъмин карда метавонанд, ки дар ҳалли мушкилоти ин ё он ҷомеа таъсирбахшанд ва дар ҳама шароити дигаргуниҳои таърихӣ, сохторӣ ва ташкилӣ ҳифз шудаанд. Тасодуфӣ нест, ки В. Плахов анъанаро ҳамчун муносибати таърихан устувори ҷамъиятӣ тафсир мекунад. Чуноне ки ин муҳаққиқ қайд мекунад, таҳлили амиқтари анъана имкон медиҳад, ки он ҳамчун қонуни махсуси умумииҷтимоӣ шарҳ дода шавад [16, с. 10,11]. Аз ин рӯ, анъанаро метавон ҳамчун он ҷузъи мерос баррасӣ кард, ки ба замони муосир ба таври хос ворид карда мешавад. Ин маънои инкори мавҷудияти объективии анъана ва таъкиди вобастагии он аз факти шинохту огоҳиро надорад. Анъана ҳамчун низоми намунаҳо дар худи ҳамон амалияи ҳаёти ҳаррӯза, сарфи назар аз дараҷаи фаҳмидани механизми ташкили ин намунаҳо, вуҷуд дорад. Мақоми онтологии анъана дар асарҳои файласуфи испанӣ X. Субири баррасӣ шудааст [19, с. 546].
 
Ба ақидаи ин олим, анъана роҳи универсалии интиқоли тарзи ҳаёт, моҳияти раванди таърихӣ мебошад. Субъекти аслии анъана насли инсон аст. Тасаввурот дар бораи насли инсон ҳамчун субъекти ҳақиқии таърих се чизро дарбар мегирад, ки барои фаҳмидани анъанаи пайравӣ муҳиманд. Аввалан, таърих на танҳо таърихи иҷтимоӣ, балки таърихи биографиро низ дар бар мегирад. Сониян, таърихи биографӣ аз шарҳи ҳол ё биографияи шахсӣ маҳз бо воситаҳои таъсиррасонии анъана ба шахсият: фарошахсиятӣ ё бешахсият барои таърих, шахсиятӣ – барои биографияи шахсӣ фарқ мекунад. Саввум, биографияи шахсӣ ва таърих ду роҳи «ченкунии ваҳдати анъана», ду лоиҳаи пешбиникунандаи якпорчагии майдони анъанаи давомдор (интиқоли он) мебошанд. Бе ин интиқоли доимии роҳҳои гуногуни мавҷудият дар воқеият, бидуни рӯ ба рӯ шудан ба оянда, инсон воқеияти моддӣ нахоҳад буд. Х. Субири аз воқеияти анъана на интиқоли маънии рафтори инсон дар ҳолатҳои гуногуни зиндагиро, балки худи воқеияти мазмун доштанро дар назар дорад. Дар робита ба шеваҳои дар воқеият будан, ки суннат ба мо мерасонад, инсон метавонад се мавқеъро ишғол кунад. Вай метавонад усули интиқолро қабул кунад, онро тағйир диҳад ё рад кунад. Аз тарафи дигар, анъана ба маънои муайян аз шахсият ҷудо аст, вай ҳамзамон дар мост (чунки мо онро ҳамчун асоси решадавонӣ дар дунё медонем) ва берун аз мо (зеро анъана ҳеҷ гоҳ моли як фард ё шахсият нест, балки ҳамеша моли як гурӯҳ, мардум, тамаддун аст). Аллакай дар ин қабули дастаҷамъонаи анъана ҳамчун арзиш қудрати таъсири он ба аъзои ҳар як гурӯҳи этникӣ мавҷуд аст. Охир, мавҷудияти ҳар як ҷомеаи муттаҳид бидуни эътирофи арзишҳои муайяни умумӣ аз ҷониби аъзои он ғайриимкон аст. Аз рӯи мазмуни анъана ҳамзамон бо тағйири арзишҳо тағйир меёбад.
 
Бисёре аз муҳаққиқон бар ин назаранд, ки анъана ҳатто чизи интиқолшаванда нест, балки худи роҳи интиқоли мероси фарҳангӣ аст. Ба ин маъно, анъана – ин интиқоли «дар сатҳи диахронӣ, аз калонсол ба ҷавон, аз насл ба насл, аз гурӯҳ ба гурӯҳи меъёрҳои муқарраршудаи рафтор, малака, мафҳумҳо, ҳамаи он чизҳост, ки сутунмуҳраи фарҳангро ташкил медиҳанд» [4, с. 160].
Идома дорад...
 
Мушовири директори Марказ                                                                                  А. Мирзозода
 
Яндекс.Метрика