Дар китоби “Осор”-и Абўюсуф чунин омадааст:“Абўюсуф аз Абўҳанифа (р) аз Абўҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) баъд аз намози хуфтан то намози бомдод ҳашт ракаат намоз ва се ракаат витр ва ду ракаат суннати бомдод мегузорид” . Дида мешавад, ки Абўҳанифа (р) ҳадисеро, ки санадаш танҳо ба Абўҷаъфар мерасад, ривоят кардааст, дар ҳоле ки чунин ҳадиси мунқатеъро танҳо аз касоне мепазирад, ки ба он шахс итминони комил дошта бошад. Ривоят намудан аз Абўҷаъфар танҳо ривоят набуда, балки баҳраварии илмӣмебошад”. Дар “Осор” инчунин ривояте аз Ҷаъфари Содиқ дар маносики ҳаҷ омадааст, ки Абўюсуф аз Абўҳанифа (р) аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад аз ибни Умар (р) ривоят карда мефармояд: “ Марде омаду гуфт: “Ман ҳамаи маносики ҳаҷро ба ҷуз тавоф анҷом додам, бо занам ҳамхобагӣнамудам. Ҳоло чӣкунам?” Ба ў гуфт: “Боқимондаро қазо бидор ва хун бирез (яъне моле забҳ кун) ва дар соли оянда боз ҳҷ кун”. Гуфт: “Ман аз роҳи дур омадаам”. Боз он ҷавобро такрор кард.
Аз матолиби зикршуда, маълум мегардад, ки Имом аз назари сиёсӣаз ҷумлаи тарафдорони аҳли байт буд, вале аз ахбор ва маҷрои ҳаёти ў ду амри бориз зоҳир мешавад:
Якум: Имом шахсияте набуд, ки тарафдориаш аз аҳли байт сабаб шавад, то дар фарогирии илм аз ѓайри онҳо рўй гардонад ва нисбат ба дигарон гумони бад кунад. Балки робита ва таваҷҷўҳи ў ба уламои замонааш, чӣаз аҳли суннат ва ҷамоат ва чӣдигарон зиёд буд. Устодони Абўҳанифа (р) бо вуҷуди зиёд буданашон, ба ягон гароишоти сиёсӣмаъруфу машҳур набуда, аксари таасуроти Имом аз онҳо буд.
Дуюм: Абўҳанифа (р) ҳамчун пайрав ба ягон фирқаи муайян аз фирқаҳои шиъа маъруф набуд. Имом бо Имом Зайд ва имомони шиъаи имомия ва баъзе аз кайсонияҳо алоқа дошт, аммо мансубияташ ба ҳеҷ кадом аз фирқаҳои ёдшуда нақл нашудааст. Бинобар ин Абўҳанифа (р) аз ҷумлаи он дўстдорони аҳли байт буд, ки барои худ озодии андозагирӣва баҳсро дар назар дошта, асари мазҳаб ё пойбанди фирқае набуд.
Ҳарчанд, ки мансубияти Имом бо ҳеҷ як аз фирқаҳои шиъа нақл нашудааст, аммо дар маҷмуъ метавон афкори ўро ба афкори зайдия наздиктар ёфт. Лекин ин амр ҳеҷ ҷои тааҷҷуб надорад, зеро орои зайдия бештар аз ҳама ба орои аҳли суннат наздиктар аст. Онҳо ба имоматии Абўбакру Умар эътиқод дошта, муътақиданд, ки дар бораи имоматии ягон шахси муайяне ба таври мушаххас нассе ворид нашудааст.
Ба ин тариқ, сухани худро хулоса карда, мегўем, ки Абўҳанифа (р) дар тамоюл ва андешааш нисбат ба ҳокимони замони худ, мисли шиаён чунин эътиқод дошт, ки Умавиҳо ва Аббосиҳо хилофатро аз аҳли байт, ки ҳаққашон буд ғасб кардаанд.
Мутахассиси пешбари шуъбаи
пажўҳиши маъхазҳои исломӣ Исоев Н.