Андешаҳои Абўҳанифа дар масоили сиёсӣ (қисми 2)

Ҳаммод фарзанди Абўҳанифа (р) аз падараш ривоят кардааст, ки Алӣ назди мо аз Усмон маҳбубтар аст.
Бо вуҷуди муқаддам донистани Алӣ (р) бар Усмон (р) ҳеҷ гоҳ ў дар шаъни эшон бадгўйӣ намекард, балки ҳар гоҳ зикре аз Усмон мегузашт, ба ў раҳмат мефиристод. Дар ин бора касоне, ки дар ҳалқаи дарси Имом ҳозир мешуданд, мегуфтанд, ки дар Куфа ба ғайр аз Абўҳанифа (р) касе ба Усмон (р) раҳмат намефиристод.
Хулоса, Абўҳанифа (р) ба ҳеҷ рўй таҳқиру дашному аҳли салафро (гузаштагонро) иҷозат надода ва касе ҳам аз ў инро нашунидааст. Чуноне, ки пештар зикр гардид, ҳангоме Ато ибни Абўрибоҳ дар Макка бо Имом вохўрӣ дошт, мефаҳмад, ки эшон аз Куфа аст, ба ў чунин мегўяд: «Ту аз диёре ҳастӣ, ки мардумонаш динро пора-пора карда, ба гурўҳҳо тақсим шудаанд!?» Ва дар идома (аз имом) пурсид: «Ту аз кадом гурўҳ ҳастӣ?» Абўҳанифа (р) дар ҷавоб гуфт: «Аз онҳое ҳастам, ки салафро дашном надода, ба тақдир имон доранд ва касеро ба сабаби гуноҳ кофир намеҳисобанд».
Аз ин муколама маълум мешавад, ки Абўҳанифа (р) тамоюл бар он дошт, ки забони тарафдорони аҳли байтро нисбат ба Абўбакр ва Умар (р) пок бубинад. Дар «Маноқиб»-и Маккӣ зикр гардидааст: «Абўҳанифа (р)гуфт: «Ба Мадина омадам ва ба зиёрати Абўҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ рафтам.Ў гуфт: «Эй марди ироқӣ, назди мо манишин», вале ман нишастам ва гуфтам: «Туро Худованд ислоҳ кунад, ту дар бораи Абўбакру Умар (р) чи мегўӣ?» Ў гуфт: «Худованд Абўбакр ва Умарро раҳмат кунад».
Гуфтам: «Инҳо (шиъаҳо) дар Ироқ мегўянд: «Шумо аз Абўбакр ва Умар (р) ибрози безорӣ кардаед!» Ў гуфт: «Худо паноҳ диҳад, қасам ба Парвардигорам , ки онҳо дурўғ мегуянд. Оё ту намедонӣ, ки Алӣ духтараш Умми Кулсум бинти Фотимаро, ба Умар ибни Хаттоб ба занӣ додааст?».
Бибияш Хадиҷа пешвои занони аҳли ҷаннат ва бобояш Расули Худо (с) ва хотами пайғамбарон, модараш Фотима, сайиди занҳои ҷаҳон, бародаронаш Ҳасан ва Ҳусейн, сайидони ҷавонони аҳли ҷаннат ва падараш Алӣ ибни Абўтолиб соҳиби шараф ва авсофи олӣ дар ислом буданд. Агар Умар сазовори Умми Кулсум намебуд, ҳаргиз Алӣ духтарашро ба ў ба занӣ намедод. Ба ў гуфтам: «Хуб мешуд мактубе ба мардуми Ироқ менавиштӣ ва ин овозаеро, ки ба шумо нисбат медиҳанд, аз худ дур месохтӣ?». Гуфт: «Онҳо номаҳои маро итоат намекунанд. Ҳозир худатро гуфтам, ки дар пеши ман манишин, итоат накардӣ, пас чӣтавр онҳо аз як нома итоат мекунанд.
Аз гуфтугӯи Абўҳанифа (р) бо Муҳаммади Боқир, ки яке аз имомони шиъа ба ҳисоб меравад, метавон чунин натиҷа гирифт, ки ў мехостааст, шиъаёни аҳли байтро аз олудагиҳо ва нопокиҳое, ки чеҳраи онро зишту таҳриф намуда буд, пок созад. Аз ҳама бадтарин чизе, ки ташаюъ бо он бадном шуда буд, дашному таҳқири имомайн - Абўбакру ва Умар (р) буд, ки ин бадномӣ Абўҳанифаро бисёр нороҳат мекард.
Ба эътиқоди Абўҳанифа (р) дар он муноқишаю даргириҳое, ки миёни Алӣ (р) ва мухолифонаш вуҷуд дошт, ҳақ ба ҷониби Алӣ (р) буд. Бинобар ин, бо вуҷудион, ки Имом мавқеи мухолифони Алиро ҳимоят намекард, вале онҳоро таън ё дашном низ намедод.
Абўҳанифа (р) мегуфт: Ҳеҷ кас бо Алӣ (р) вориди ҷанг нашуд, магар он ки Алӣ (р) ба ҳақ авлотар аз онҳо буд.
Абўҳанифа (р) дар бораи он чи миёни Алӣ(р) ва Талҳаву Зубайр (р) иттифоқ афтода буд, мегуфт: «Шакке нест, ки Алӣ (р) бо Талҳа ва Зубайр пас аз он ки онҳо ўро байъат карда, сипас мухолифат намуданд, вориди ҷанг шуд». Ҳамчунин Имомро аз ҳодисаи рўзи «Ҷамал» пурсиданд, гуфт: «Он рўз» Алӣ (р) мавқеи адлро пеша карда, дар қитоли боғиёну саркашон донотарин шахс бар суннат буд».
Дар воқеъ, ҷавоби Абўҳанифа (р) нишондиҳандаи ҷасорату шуҷоати ў дар баёни ҳақ аст. Лекин дар айни ҳол ў ҳеҷ гоҳ мухолифони Алиро ба бадӣёд накарда, боби таъвилро барои амалҳои онҳо намекушод.
Агар мавқеъи Абўҳанифа (р) нисбат ба саҳобагоне, ки бо Алӣ(р) мухолифат варзидаанд, чунин бошад, пас маълум аст, ки ҳукумати умавиёни муосири худро таъйид ва хилофаташонро исбот намесохтанд. Аммо дар бораи мавқеъи Имом дар баробари халифаҳои Умавии пешин, агарчи чизе аз эшон ба мо нарасидааст, вале ба назар мерасад, ки мавқеъи ў ҳамоне буд, ки дар муқобили халифаҳои замони худ гирифта буд.
Акнун фикри қазовати худро канор гузошта, мутаваҷҷеҳи қавлу амали Абўҳанифа (р) мешавем, ки шакку шубҳа дар он роҳ намеёбад. Бароямон маълум гардид, ки ў Зайдро, ҳангоме, ки бар зидди Абдулмалик хуруҷ кард, ёрӣ медод. Дар он айём аз Абўҳанифа дар бораи тарафдорӣ намудани Зайд пурсида буданд, чунин посух дода буд:«Хуруҷи Зайд бар зидди Ҳишом »монанди хуруҷи Паёмбар (с) дар рўзи Бадр аст». Имом Абўҳанифа (р) сипоҳи зайдро кўмаки молӣ кард, аммо ба ёрону пайравонаш чандон боварӣнадошта, сабаби иштирок накарданашро чунин байён доштааст: «Агар медонистам, ки мардум ҳамроҳаш содиқона қиём намуда, кўмакаш мекунанд, ман ҳам ҳамроҳияш мекардам, зеро ў Имоми барҳақ аст».
Пас аз он, ки миёни Аббосиён ва авлоди Алӣ(р) ихтилоф ба вуҷуд омад, мавқеъи Абўҳанифа (р) нисбат ба он сулола беҳтар аз Умавиён набуд. Воқеан, замоне, ки Иброҳим бар зидди Мансур қиём кард, Абўҳанифа (р) тарафдори Иброҳим буд ва баъзе фармондеҳоне, ки ўро аз қиём намудан бар зидди Иброҳим савол мекарданд, онҳоро манъ менамуд ва онҳое, ки ба тарафдориаш маслиҳат мепурсиданд, ташвиқашон мекард.
Дар “Маноқиб”- Маккӣ омадааст: “Аз Иброҳим ибни Сувайд ривоят шудааст: “Замоне қиёми Иброҳим ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан(р) аз Абўҳанифа (р), ки назди ман бисёр эҳтиром дошт, пурсидам: “Назди шумо баъди ҳаҷҷи ислом (ҳаҷҷи фарзӣ) дар ин муҳораба ширкат кардан хуб аст ё ҳаҷ кардан?” Имом дар ҷавоб гуфт: “Баъди аз ҳаҷҷи ислом, иштирок дар ин муҳораба беҳтар аз панҷоҳ ҳаҷ аст” Дар он айём зане назди Абўҳанифа (р)омада, гуфт: “Писарам мехоҳад Иброҳимро кӯмак кунад ва ман ўро манъ мекунам”.  Абўҳанифа (р) гуфт: “Уро манъ накун”. Ҳаммод ибни Аъян мефармояд: Абўҳанифа (р) мардумро ба ёрӣ ва пайравии Иброҳим тарғиб ва амр менамуд”. Воқеан, ҳангоме, ки Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасанро дар назди Абўҳанифа (р) ёдоварӣ карданд, аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд”.
Танҳо тамоюли сиёсӣ дар пайванди Абўҳанифа (р) ба аҳли байт намоён набуда, балки миёни онҳо иттисоли илмии возеҳу ошкор мавҷуд буд. Шояд ин иттисол сабаби тамоюли сиёсии Имом бошад. Воқеан, ҳам Абўҳанифа (р) бо Имом Зайд робитаи илмӣ дошт ва ў яке аз устодонаш ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин бо Абдуллоҳ ибни Ҳасан падари ду шаҳид Муҳаммад ва Иброҳим пайвастагии илмӣ дошт, ки ў ҳам аз устодони Имом ба шумор мерафт. Ў аз Муҳаммад Боқир ва Ҷаъфари Содиқ (р) низ ривоят кардааст, ки “Муснад”-и худи Имом шоҳид бар он аст.
 
Насимҷон Исоев - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ  
 
 
 
 
 
 

Яндекс.Метрика