Андешаҳои Абўҳанифа (р) дар масоили сиёсӣ (қисми 1)

Дар ягон китоби маноқиб ва ё китобҳои таърихӣ вонахўрдаем, ки дар бораи афкору андешаҳои Имом Абўҳанифа (р) дар мавриди масоили сиёсӣ андешае таҳрир шуда ва ё маҷмӯаи алоҳидае зикр гардида бошад. Аз ҳамин лиҳоз, барои фаҳмидани орои сиёсии ў, моро лозим меояд, ки зимни баррасии саҳифаҳои ахбору китобҳо онро ҷўстуҷў намоем, то шояд як ҳамоҳангии мунсифона ва як сурати возеҳ аз тафаккури сиёсии эшонро ба даст оварда бошем. Зимнан, ёдовар шудан лозим аст, ки аз ахбор ва шавоҳиде, ки дар баёни ҳаёти Имом нақл шудааст, ду чиз маълум мегардад.
 
Якум: Имом ба фарзандони Алӣ(р) аз Фотима майли зиёд дошт ва ҳамин муҳаббаташ ўро гирифтори озору азият намуда, наздик буд, ки шаҳиди ҳамин роҳшавад;
 
Дуюм: Имом дар ягон қиёми авлоди Алӣ (р) дар замони Умавиён ва Аббосиён амалан иштирок накарда, балки бо кўмаку дастгирии лафзӣ дар дарс гуфтан ва фатво додан иктифо мекард. Агар дар ин мавзўъ пурсида мешуд, мардумро ба он ташвиқ мекард, чуноне ки ба Ҳасан ибни Қаҳтаба фатво дода буд. Мақому мансаби қудрат ва султон дар нуқтаи назару ақида ва фатвои ў ҳеҷтаъсире надошт. Бинобар ин метавон гуфт, ки Имом нисбати аҳли байт ва хонадони Паёмбар (с) эҳтирому алоқаи зиёд дошта ва аз назари мавқеъ хеле ба онҳо наздик буд[1].
 
Тамоюли Абўҳанифа (р) ба аҳли байт сабаб намешуд, ки пайравонаш аз дарки фазилати саҳобагон ва тартиби дараҷаи онҳо бехабар бимонанд. Воқеъан ҳам сабаби тамоюли Имом танҳо муҳаббати аҳли байт буд. Аммо бо вуҷуди чунин тамоюл ба аҳли байт, мақоми Абўбакр ва Умарро аз Алӣ болотар мегузошт. Ў тақвою авсофи Абўбакрро ҳамеша бо қадрдонию эҳтиром зикр мекард. Кӯшиш менамуд, то дар баъзе хислатҳое чун, саховатмандию тиҷорат, аз ў пайравӣ кунад. Кӯшодани дўкони ҷомафурўшӣ дар Куфа низ пайравӣ аз дўкони ҷомафурўшии Абўбакр дар Макка ба ҳисоб мерафт. Абўҳанифа (р) Умари Форуқро аз ҷиҳати мақом баъд аз Абўбакри Сиддиқ қарор дода, Усмонро бар Алӣ муқаддам намедонист. Бар ҳамин асос дар «ал- Интоқо» - Ибни Абдулбар чунин омадааст: «Абўҳанифа (р) мартабаи Абўбакр ва Умарро (р) аз ҳама баланд медонист ва Алию Усмонро дўст медошт».
 

[1]«Маноқиби Маккӣ», ҷузъи 10, саҳ 92.
 
Насимҷон Исоев – шуъбаи маъхазҳои исломӣ
 

Яндекс.Метрика