Андешаҳои ахлоқии Абдуллоҳ Ансорӣ

Абдуллоҳ Ансорӣ дар пешрафти афкори ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёсӣ саҳми боарзише гузоштааст. Ӯ хислатҳои ҳамидаи инсониро ҳамеша ташвиқу таблиғ кардааст. Абдуллоҳ Ансорӣ дар рубоиёташ махсусан ақидаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоии худро бо ҷуръати бештар баён намудааст. Дар рубоиёташ баъзан васфи ишқу муҳаббати одии инсон, баъзан мунозара бо Худо, эътироз ба ӯ, норизоятӣ аз ҳаёти пурмашаққат изҳор гардидаанд. Бештари рубоиёти Абдуллоҳ Ансорӣ дар рӯҳияи тасаввуфӣ навишта шудаанд. Дар баъзе рубоиёташ таблиғи оини ҷавонмардӣ ва футувват ҳувайдост, ки аз алоқаи ӯ бо ин равияи иҷтимоӣ шаҳодат медиҳад.

Абдуллоҳ Ансорӣ дар инкишофи тасаввуф, ақидаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии мардуми тоҷик ва халқҳои ҳамҷавор дар асрҳои миёна хидмати босазое анҷом додааст. Таъсири мероси Абдуллоҳ Ансорӣ ба Абулмаҷди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Абдурраҳмони Ҷомӣ равшан дида мешавад.

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика