Андешаҳои маърифатии Имоми Аъзам дар бораи ваҳдат, амният ва ҳувияти миллӣ

Андешаҳои ахлоқии Имоми Аъзам ба ҳамбастагии мафҳумҳои сегона амният, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ далолат мекунанд. Аз он ҷумла, ӯ фармудааст: “Худои азза ва ҷалла расули худро ба инсоният ҳамчун раҳнамо барои рафъи тафриқа ва афзудани дӯстӣ ва на барои тафриқаю ихтилофи гуфтор ва шӯронидани одамон бар зидди ҳамдигар фиристодааст”.

Дар матлаби фавқ риояти эҳтироми шахсият дақиқан таваҷҷӯҳ ба масъалаи (ҳувият) аст, ва рафъи тафриқаву ихтилоф ба маънои диққати махсус ба масъалаи (ваҳдат) ва фароҳам овардани амну осоиштагӣ (амният) бо ҳам якҷо омадаанд. Чунонки аз мутолиа бармеояд, андешаҳои мутафаккири бузург дар бисёр маврид ба таври ҷамъбастҳои фалсафӣ иброз гаштаанд. Дар асл чунин хулосаҳо аз моҳият ва мазмуни фаъолияти сарвари мактаби маърифатии ӯ маншаъ мегирад. Чунончи, нуқтаи назари Имоми Аъзам оид ба мақоми илм, таълим ва тарбияти шахсият-шогирдони шоиста ба ин гуфтаҳо далел шуда метавонад. Аз ин ҷиҳат, аз баргузидатарин ва тавонотарин мактабҳо дар асрҳои миёна мактаби фиқҳии Имом Абўҳанифа маҳсуб мегардад, ки бо равиши хосаи худ на танҳо дар Шарқи мусулмонӣ, инчунин дар саросари ҷаҳони ислом шуҳрати беназир касб намудааст. Вуҷуди чунин мактабҳо бори дигар собит месозад, ки мактабҳои гузашта бо раванди мушаххас ва тарзи таълими арзишманди худ дар омўзонидани шогирдони кўшо ва хушсалиқа намунаҳои беҳтарини макотибу мадориси машриқзамин буданд.

Пас, бояд гуфт, ки дар майдони таълиму тарбият бунёди илмиву амалии чунин марказҳои тадрису тарбият бо тақозои замон ва ба саҳму эҳтимоми фардҳои сарсупурдаи ислом аз миллати тоҷик устувор гардидааст.

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика