АНДЕШАҲОИ СОБИҚ САРВАЗИРИ ИСРОИЛ ГОЛДА МЕИР ДАР БОРАИ СОХТАНИ ДАВЛАТИ БУЗУРГ

СОБИҚ САРВАЗИРИ ИСРОИЛ ГОЛДА МЕИР дар бораи сохти давлати бузург чунин таклифҳоро ба миён гузоштааст:
«Агар шумо хоҳед, ки як кишвари тавоно бунёд кунед, ки дар он писарону духтарони мо бо шодӣ ба Ватан бармегарданд, дар он ҷо дар рӯзҳои ид ба кишварҳои дигар ба истироҳат мераванд ва дар он ҷо тарс аз оянда набошад, пас се уҳдадориҳоро иҷро намудан лозим меояд:
Порахӯриро хиёнат ба Ватан, мансабдорони фасодкор ва ҳафт насли онҳоро ҳамчун авлодони хиёнаткор бубинед.
Соҳибони се касб: ҳарбиён, омӯзгорон ва табибонро ба шоистатарин ашхоси муътабар табдил диҳед.
Муҳимтар аз ҳама - кор кардан, кор кардан ва боз кор кардан. Чунки ғайр аз ту касе туро ҳифз намекунад, ба ҷуз худат касе туро нигоҳубин намекунад ва кишварат ба ҷуз ту ба дигар кас даркор нест.
Вақте ин суханон ба шиори одӣ табдил нашаванд, балки як тарзи зиндагии шумо гарданд, пас шумо ба ҳадафи худ расидаед”.

Бознашр аз саҳифаи "Китобкада"

Яндекс.Метрика