АНДЕШАҲО ДОИР БА ДУНЯВИЯТ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИИ ДИНӢ ҚИСМАТИ ДУЮМ

Дар фарҳанги миллии тоҷикон таҳаммулпазирӣ ва одоби ҳамзистӣ ба платформаи Наврӯзи хусравонии тоҷикон ва таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

Тавре маълум аст, дар оғози асри ХХI бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни мондагори тоҷикбунёди башарият аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 мақоми байналмилалӣ гирифт [9]. Эътирофи ҷаҳонӣ касб намудани Наврӯз маҳз дар хусусиятҳои башардӯстона, мардумӣ, эҳтироми ҳамдигар ва тараннуми ҳамбастагии миллатҳо доштани он нуҳуфта аст. Консепсияи одоби ҳамзистиро пайгирӣ кардани Наврӯз дар байни қавму миллатҳои гуногун имкон фароҳам сохт, ки ин ҷашни мондагор аз дуриҳои дури умқи таърихи пурталотум то ба имрӯз омада бирасад. Ба назари мо, ин ҷо якчанд омилҳои барозандаи гузаштаи ташаккули Наврӯз нақши меҳварӣ бозидаанд:

Якум, соҳибони Наврӯз дар пояи зиндагии заминии худ баробарии шабу рӯзи баҳорро дуруст муқаррар карда тавонистанд. Ин мушоҳида¬ҳои ахтаршиносӣ барои оқилона тарҳрезӣ кардани фаъолияти кишовар¬зӣ, муносибат ба муҳити зист, таъсири бад нарасонидан ба иқлим, таъмини амнияти иқтисодию озуқаворӣ ва дар ниҳояти кор некӯаҳволии бошандагони олами куҳан мусоидат мекард. Қавму қабила ва халқу миллатҳое, ки сиришти беҳдошти инсонӣ доштани ҷашни Наврӯзро дарк намуданд, баракати эҳтироми фарҳанги ҳамдигар ва барои ҳамзистӣ унс гирифтанро эҳсос намуданд.

Дуюм, ойини Наврӯз ба оби равон, захираҳои обӣ ва барфу пиряхҳои кӯҳӣ сахт марбут аст. Зеро бо мафҳуми об зиндагонии бофароғат, ободонӣ ва обод кардани деҳу шаҳристону шаҳрҳо тавъам аст. Ҳар анҷумани одамоне, ки хоҳони оромию осоиш ва ҳамзистии бофароғат буданд, ба ҳавзаи Наврӯз мепайвастанд. Зеро дуруст донистани рӯзи оғозини Наврӯз барои муайян кардани сатҳи оби дарё, обхезӣ ва берун андохтани лойи ҳосиловар ба заминҳои шолизор ва боғҳои соҳили дарё аҳамият дошт ва ҳосилро зиёд мекард. Дар шароити кӯҳсор бошад, мар¬дум вобаста аз вазъи боқӣ мондан ё об шудани захираҳои барф обу ҳавои деҳаҳои кӯҳӣ, нигоҳубини боғистонҳо ва парвариши ҳайвонотро ба нақша мегирифтанд. Таҷриба нишон медод, ки ҳисобу китоби дақиқ дар афзун гардидани ризқу рӯзии мардум мусоидат мекард ва ба таъбири имрӯза рушди устувори ҷомеаҳои онвақтаро таъмин месохт. Ҳамин ҷиҳати масъала ба қудсият пайдо кардани падидаи Наврӯз ва равандҳои мусолиматомези он заминаҳои пурарзиш фароҳам сохтааст.

Сеюм, бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат баъд аз Наврӯз боз ҷашнҳои Меҳргону Сада ҷойгоҳи сазовори худро дар шароити истиқлолияти давлатӣ пайдо карданд. Ҷанбаҳои инсондӯстӣ, умумибашарӣ ва таҳаммулпазирӣ доштани ин ганҷури мондагори ниёгон акнун манбаи тафохури миллати тоҷик гардидааст [2, 23].

Таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ бошад, дар ҷавҳари усули фиқҳии худ принсипҳои тахаммулпазирӣ ва ҳамзистии адён ва фарҳангу тамаддунҳои гуногунро аз даврони давлати мутамаркази тоҷикон – Сомониён парвариш додааст. Ин ду омили муҳим – платформаи Наврӯзи тоҷиксиришт ва мазҳаби ҳанафӣ ҳамвазнии созгори диниву дунявиро дар фарҳанги миллии мо собитқадамона нигаҳ доштаанд, ки имрӯз гарави тавонои ҳамзистӣ, ҳамкорӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи шаҳрвандии мо гар¬дидааст.

Аз ин мавқеъ, арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муқаддасоти динии мо бо меъёрҳо ва муқаррароти созмонҳои байналмилалӣ низ мутобиқати комил дорад. Тибқи эъломияи ЮНЕСКО соли 1995 принсипҳои таҳаммулпазирӣ ба таври зерин муайян карда шудааст:

«Арзиш ва меъёри иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар ҳуқуқи ҳамаи афроди ҷомеаи шаҳрвандӣ ифода мешавад, то гуногун бошанд, ҳамоҳангии пойдор байни динҳои мухталиф, гурӯҳҳои сиёсӣ, нажодӣ ва иҷтимоӣ таъмин гардад, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳонӣ ва халқҳои мухталиф риоя гардад, омодагӣ ба дарку ҳамкорӣ бо одамони аз ҷиҳати намуди зоҳирӣ, забон, эътиқодот, расму оинҳо ва бовариҳояшон фарқкунанда баён шавад» [4].

Тавсифи мафҳуми таҳаммулпазирӣ дар пешгуфтори Эъломияи Созмони Милали Муттаҳид ба таври зерин сабт шудааст: «Таҳаммулпазирӣ – пурсабрӣ нишон додан ва бо якдигар дар шароити сулҳ ҳамчун ҳамсоягони хуб ҳамзистӣ кардан аст». Дар ин ҷо ифодаи мазмун на танҳо як тобиши муассири иҷтимоӣ касб менамояд, балки он ҳамчунин ба унвони шарти иҷтимоикунонии муваффақ дар ҳамгироии муносибатҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешавад ва шомили тавоноии зиндагӣ карда тавонистан ҳам бо худ ва ҳам бо ҷаҳони одамони дигар – муҳити сағир ва кабир аст.

Дар оғози соҳибистиқлол шудани собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ нодуруст фаҳмидани арзишҳои таҳаммулпазирӣ як навъ кӯшишҳои муаррифӣ ва интишори намудҳои гуногуни ҷунбишҳои мазҳабию тоифавӣ дар байни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравиро ривоҷ дод, ки онҳо асосан ба заиф гардонидани ҷомеа аз дохил равона шуда буданд. Бо сабаби он ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ сиёсати атеистӣ дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ мешуд, дар оғози раванди расидан ба истиқлолият ҳама гуна таблиғоти хусусияти динӣ доштаро бе таҳлилу баррасӣ қабул кардан ва сахт динзада шудани шаҳрвандон дар байни пайравони ҳамаи динҳо хусусияти буҳронӣ касб намуд. Ва Тоҷикистон, мутаассифона, аз ин рӯйхат истисно набуд, ки он асосан ба фаъолияти тахрибкоронаи ТТЭ ҲНИ бастагӣ дошт.

Матлабҳои баёншудаи таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар тӯли асрҳо маҳз набудани низоми ягонаи мабнӣ бар асоси андешаи баробарӣ ва таҳаммулпазирӣ ба маънои пазируфтани андеша, рафтор ва ойину фарҳанги дигарон вуҷуд надошт, ки ин боиси ҷангҳои тӯлонии қавмию мазҳабӣ мегардид. Аз ин рӯ, масъалаи риояи таҳаммулпазирӣ барои таъмини амнияти ҷомеаи муосир ниҳоят муҳим аст. Таҳаммулпазирӣ барои нигаҳдории оромии дохилӣ, пешгирӣ кардани нофаҳмиҳо, хунсо кардани ғаразҳои сиёсии нерӯҳои беруна ва безарар гардонидани таъсири онҳо ба устувории давлату миллат ва фарҳангу диёнат нақши меҳварӣ бозида метавонад. Баръакс, дар ҳолати набудани таҳаммул¬пазирии динӣ гуногунии динҳо, конфессияҳо ва мазҳабҳо метавонад мӯҷиби аз дохил заиф гардидани иқтидори давлатҳо ва хурӯҷи нооромиҳо шавад.

Принсипи таҳаммулпазирӣ дар фаҳмиши муосири он нахуст дар осори маорифпарварони фаронсавӣ Волтер ва Жан-Жак Руссо ҳамчун «механизми таъминкунандаи ҳам¬зистии мусолиматомези намояндагони қавм, мазҳаб ва фарҳангҳои гуногун» [5, 338] пешниҳод мешавад. Маҳз Руссо аввалин бор принсипи таҳаммулпазирӣ ва паймони ҷамъиятиро бар хилофи андешаи «ҷанги ҳама бар зидди ҳама» ва «инсон барои инсон гург аст»-ро пешниҳод мекунад. Баъд аз инқилоби Фаронса (1792) аввалин бор баробарии мардум дар асоси принсипи шаҳрвандӣ новобас¬та аз мансубияти нажодию мазҳабӣ эълом гардид. Баъдан ин принсип дар ИМА ва сипас дар тамоми ҷаҳони мутамаддин татбиқ гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз рӯзҳои аввали истиқлолияти худ дар муқобили даъвоҳои бебунёди исломгароёни наҳзатӣ дастгирии худро аз принсипи дунявият ва таҳаммулпазирӣ эълон намуд. Ва ин асл дар моддаи якуми Конститутсия дарҷ ёфтааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» [7, 4].

Прнсипҳои усулии дар ин модда баёншуда дар тамоми санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ба хусус дар самти сиёсати давлатӣ дар бахши дин пайгирона риоя мегардад. Дар пешгуфтори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баёни возеҳи фар¬ҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистӣ чунин дарҷ гардидааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад» [8].

Дар ин ҷо бозгӯ намудани чаҳор принсипҳои асосии ин пешгуфтор барои дарки моҳияти дунявият ва таҳаммулпазирӣ доштани давлати муосири Тоҷикистон бисёр муҳим аст:

Якум, «ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин». Бояд гуфт, ки ин принсип метавонад танҳо дар муҳити солими дунявият ва таҳаммулпазирӣ татбиқи амалӣ пайдо кунад. Ва ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳое, ки худро ҷумҳурии исломӣ эълон намудаанд ва ҳизбҳое, ки ба худ сифати исломӣ, мисли ТТЭ ҲНИ гирифтаанд, далели гӯёи дурустии интихоби ҳамин роҳ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дуюм, «баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод». Танҳо дар шароити дунявият мумкин аст, ки баробарии пайравони дину мазҳабҳои гуногун дар назди қонун ва таъмини адолати иҷтимоиву судӣ имконпазир гардад. Дар давлатҳои теократӣ хоҳ масеҳӣ, хоҳ мусулмонӣ ва хоҳ динҳои дигар меъёрҳои воқеии таъмини адолат барои ҳамагон вуҷуд надорад. Масалан, ҳам дар шариат ва ҳам дар ҳуқуқи муқаддаси масеҳиён пайравони динҳои дигар субйекти комили муносибатҳои ҳуқуқӣ нестанд. Мусулмон ғайримусулмонро «наҷас» ва масеҳӣ ғайримасеҳиро «поганный» (палид) мегуфтанд. Наҳзатиён касонеро, ки бо онҳо ҳамақида набошанд, ғайримусулмон ва кишвари Тоҷикистонро бидуни роҳбарияти худ «дору-л-куфр» меномиданд [10, 127].

Сеюм, «муносибати эҳтиромона ва таҳаммулпазирона доштани давлати Тоҷикистон ба тамоми дину мазҳабҳо». Бояд гуфт, ки фақат принсипи дунявият доштани кишвари мо иҷозат медиҳад, ки намоянда¬гони дину мазҳабҳои гуногун озодона ва бе мамониат ҳаёти диниву фарҳангии худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намоянд ва ҳамзистии комили онҳо андаруни ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад.

Чаҳорум, «эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон». Қобили таваҷҷуҳ аст, ки баробари се асли дар боло зикршуда принсипи дунявият барои миллати тоҷик имкон фароҳам меоварад, ки мероси маъ¬навӣ ва динии ниёгони худро эҳтиром ва арҷгузорӣ кунад. Аз ин рӯ, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон махсус таъкид гардидааст. Сиғаи ифодаи ин матлаб ҳамчунин далолат мекунад, ки таълимоти равияҳои дигари дини ислом, ба хусус исмоилия низ дар таърих ва ҳаёти маънавии тоҷикон ҷойгоҳи вижа дорад. Мероси адабӣ ва илмии намояндагони ин равия дар ганҷури адабии форсии тоҷикӣ нақши мондагор дошт ва ҳанӯз ҳам дорад.

Аз ин ҷост, ки дар тамоми суханронӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба аҳамияти таърихии интихоби роҳи дунявият барои ояндаи дурахшони миллати тоҷик бо исрор таъкид мешавад.

Агар Пешвои муаззами миллат ҳангоми таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир ба ҷойгоҳи иҷлосияи таърихӣ дар таърихи Тоҷикистони навин сухан ронда, оғози «роҳи тақдирсозу таърихии халқи тоҷикро бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» [5, 38] муайян карда бошанд, пас дар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи тайшудаи ин шоҳроҳи бузургро чунин баҳогузорӣ намуданд: «Таҳлили вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи моро бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад» [11, 18]. Пас, моро зарур аст, ки ба хотири сулҳу субот ва оромии ҷомеа паҳлӯҳои гуногуни суннатҳои волои фарҳанги миллӣ ва диниамонро мутобиқ ба талаботи замони муосир эҳё карда, кишвари азизамонро ба таври писандида ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

 

АДАБИЁТ:

1. Алексеев А.А. Септуагинта и её литературное окружение / Богословские труды. М. 2007, Вып. 41. – С. 212-259.

2. Баротзода Ф. Наврӯзи хусравонии тоҷикон / Мақом ва нақши ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе: «ЭР-граф», 2017. – С. 6-26.

3. Борисов О.С. Религиозная толерантность / серия “Symposium”, Религия и нравственность в секулярном мире. Санкт-Петербург, 2001. – С. 22-24.

4. Декларация принципов терпимости / Резолюция 5.61 Генеральной конференции ЮНЕСКО от 16 ноября 1995 года, статья 1.

5. Занин С.В. общественный идеал Жан-Жака Руссо и французское Просвещение XVIII века. СПб.: Мiръ, 2007. – 535 с.

6. Ибн Джубайр. Путешествие / Пер. с араб. Л.А. Семеновой. – М.: «Наука», ГРВЛ, 1984. – 296 с.

7. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, «Ганҷ», 2016. – 135 с.

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 28.06.2011, № 739 / Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ, соли 2009, № 3.

9. Международный день Навруз 21 марта / сомонаи www.un.org.

10. Нурӣ Саид Абдулло. Дар он сӯйи сиёсат. Теҳрон, 2007. – 182 c.

11. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Душанбе, “Шарқи озод”, 2017. – 36 с.

12. Терехов В.В. Герменевтическая триада / Альманах «Метафизические иследования», выпуск 1: Издательство СПбГТУ, 1997. – 216 с.

13. Цепкова И. Влияние толерантности в религиозной сфере на политическую стабильность (на примере Казахстана и России) / «Центральная Азия и Кавказ», том 13, выпуск 1, 2010. – С. 180-203.

Яндекс.Метрика