Андешаҳо перомуни ҳисоботи Котиботи давлатии ИМА доир ба ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон

Воқеан ҳам падидаи хуб аст,  ки Котиботи давлатии ИМА ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар тамоми гӯшаю канори ҷомеаи башарӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хостори ҳар чӣ бештар таъмин гардидани  он ҳуқуқу озодиҳо дар дилхоҳ кишвари ҷаҳон мебошад. Бисёр хуб мебуд, ки зимни баҳогузорӣ ба вазъи динӣ дар ин ё он кишвар воқеъбинии бештар зоҳир карда мешуд. Дар ин самт маълум мегардад, ки  баҳо додан ба вазъи динӣ дар кишварҳои ҷаҳон, алалхусус Тоҷикистон на воқеъбинона, балки дар асоси маълумотҳои ѓайрисаҳеҳ ва муѓризона сурат мегиранд. Дар бисёр ҳолатҳо дар асоси маълумот ё ҳодисаҳои ҷузъӣ умуман дар бораи вазъи динии кишвар хулоса бароварда мешавад, ки чунин усул ҳеҷ гоҳ бозгӯи воқеият буда наметавонад. Бо чунин усул дар дилхоҳ кишвар, аз ҷумла дар ИМА низ нақз гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсонро  метавон дарёфт кард.

Котиботи давлатӣ дар ҳисоботаш дар хусуси «Ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои соли 2021»  мавҷуд будани «маҳдудиятҳои шадидро ба озодии дин» қайд намудааст. Ман ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз вазъи дину диндорӣ ба таври ҳирфавӣ огоҳ ҳастам, бо чунин хулоса розӣ буда наметавонам ва чунин баҳогузориро танҳо таҳрифи воқеият арзёбӣ намуда, мутмаинам, ки он муѓризона сурат гирифтааст. Худи ман дар масҷидҳои гуногуни шаҳр борҳо зимни ибодати динӣ ширкат намудаам, ва дар он масоҷид то ҳол хурдтарин маҳдудияти диниро пайхас накардаам. Дар даврони истиқлолият миқдори масоҷид дар Тоҷикистон зиёд шуданду кам не. Дар соли 1990 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид фаъолият менамуд. Имрӯз шумораи масҷидҳо  аз 4 000 ҳам зиёдтар аст. Дар ҳисобот дар хусуси бастани масоҷид сухан рондаанд. Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ягон масҷид баста нашудааст. Танҳо он биноҳое, ки бояд барои дигар ҳадаф, аз ҷумла, китобхона, хонаи фарҳанг, боѓчаи кӯдакона ва ӣайра хидмат мекарданду солҳои 90-уми қарни гузашта худсарона аз тарафи аҳолӣ ба масҷид мубаддал  шуда буданд, баста шудаанд. 

Дар хусуси қарори Вазорати маориф доир ба меъёри муайяни либоспӯшӣ ва манъи ҳиҷоб дар мактабҳо ва муассисаҳои давлатӣ ҳаминро бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон, ки тибқи Конститутсия  давлати дунявӣ маҳсуб меёбад, мазмуну мундариҷаи таълим низ дунявист. Ин маънои онро дорад, ки хонанда дар хона чӣ тавре хоҳад либос мепӯшад, аммо дар мактаб, ки таълими дунявии хонандаро ба зимма дорад, бояд либосаш орӣ аз дингароӣ бошад, то байни амал ва назария таноқуз набошад. Аз нигоҳи мо дар сиёсати мазкур  ягон навъи қонуншиканӣ набуда, баръакс он барои ояндаи дурахшони насли ҷавон нигаронида шудааст. Ин ҷо мо метавонем давлати пешқадами Фаронсаро низ ёдовар шавем, ки дар он ҷо низ ба сару либос таваҷҷуҳи ҷиддӣ  зоҳир менамоянд.

Аз нигоҳи ин ҷониб Котибоди давлатӣ бояд чунин сиёсатро дастгирӣ ва ҳатто маблаѓгузорӣ намояд, зеро дар рӯҳияи арзишҳои дунявӣ тарбия намудани насли ҷавон орзую омоли ҳазорсолаи қишри бофарҳанги ҷомеаи башарӣ буд, ҳаст ва мемонад.   

Дар хусуси манъ карда шудани иштироки афроди то 18-сола дар фаъолиятҳои ҷамъиятии динӣ ҳаминро бояд гуфт, ки амали мазкур ба хотири манфиатҳои худи фарди мазкур, манфиатҳои кишвари Тоҷикистон ва умуман ҷомеаи башарӣ роҳандозӣ карда мешавад. Синну соли зикршуда синну соли ташаккулёбии шахсият аст. Дар рӯхияи арзишҳои пешқадами муосир тарбия намудани насли ҷавон маънои онро дорад, ки пеши роҳи ифротишавии ҷавонону мутаассибгардии ҷомеа гирифта шаваду имконияти сар задани даргирию куштор дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар заминаи андешаи динӣ кам карда шавад. Аз лиҳози мантиқ ИМА, ки аз ҷумлаи ҷомеаҳои мутамаддини имрӯза маҳсуб меёбад, бояд сиёсати мазкурро дастгирӣ намуда, ҳатто маблаѓгузорӣ намояд. Мутаассифона,  моҳияти ин иқдомҳои ИМА, ки бо ҳадафҳои дурнамои ин кишвар барои ҷомеаи башарӣ дар таноқуз аст, барои мо то ҳол норавшан боқӣ мемонад. 

 

Абдухалилзода К.А.   

Яндекс.Метрика