Арзишу падидаҳои дунявӣ аз куҷо маншаъ мегиранд?

Дар раванди суҳбатҳо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа ва ҳатто  зимни мубоҳисаҳо бо баъзе аз аҳли зиё эҳсос мегардад, ки то ба имрӯз моҳияти падидаҳои  дунявӣ, махсусан сарчашмаи онҳо барои аҳли ҷомеа пурра равшан нест. Маҳз ба сабаби норавшании масъалаҳои номбурда дар мафкураи баъзе аз аҳли ҷомеа  чунин таассуроте ташаккул ёфтааст, ки гӯё падидаҳои дунявӣ падидаҳои гузаро, муваққат ва бебунёд бошанд, маҳдуд намудан ва ҳатто пешгирии интишори онҳо амри ҳатмӣ ва манфиатбахш барои ҷомеа маҳсуб меёбад. Тоифаи зикршуда рушду интишор ва тақвият ёфтани падидаҳои  дунявиро, ки ахиран  ба заиф гардидани мақом ва нақши дин сабабгор шуда истодаанд, ҳамчун бесарусомонӣ дар ҷомеа арзёбӣ менамоянд. Қишри мазкур ба сабаби ноогоҳӣ аз моҳият ва сарчашмаҳои падидаҳои дунявӣ онҳоро муқобили хоставу ормонҳои динии худ дарёфта, эҳсоси нороҳатии худро аз интишору тақвият ёфтани онҳо дар ҷомеа  изҳор медоранд. 

Бинобар ин, масъалаи мавриди таҳқиқ  аз он иборат аст, ки чӣ гуна падидаҳоро падидаҳои дунявӣ меноманд, онҳо аз куҷо маншаъ мегиранд, нисбат ба падидаҳои динӣ дар кадом таносуб қарор доранд  ва манфиати онҳо барои аҳли ҷомеа дар чӣ ифода меёбад.

Дар зери мафҳуми падидаҳои дунявӣ падидаҳое фаҳмида мешаванд, ки онҳо барои бароварда сохтани манфиатҳои моддии воқеии одамон дар ҷомеа, чун хушу гуворо сохтани муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани вазъи  саломатӣ ва амсоли  инҳо нигаронида шудаанд. Падидаҳои динӣ бошад, маҷмӯи гуфтору рафторҳоеро дарбар мегиранд, ки барои дарёфти ризоияти Худо ва  тавассути он ба ноил гардидан ба биҳишти ҷовидон дар он дунё нигаронида шудаанд. Ба таври мисол ҳамду сано хондан ба худо, намоз гузоридан, барои худо рӯза доштан, барои ризоияти ӯ қурбонӣ кардан ва ғайра аз ҷумлаи падидаҳои динӣ маҳсуб меёбанд.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки маншаи аз  ҳама муҳим, асосӣ ва қавии падидаҳои дунявӣ бешак талаботҳои моддию маънавии инсон маҳсуб меёбанд. Барои инсон новобаста аз макон ва марҳилаи рушдаш хоҳишу талаботи хӯроки хуб хӯрдан, либоси нағз пӯшидан ва дар макони гуворо зистан хос мебошад. Ҳамин хоҳишу талаботи табиии зикршударо ба инобат гирифта, дин ба инсони эътиқодманд биҳиштро бо тамоми неъматҳои фаровони моддӣ ваъда намудааст. Ҳамин хоҳишу талаботи табиии инсон вайро дар тамоми тӯли ҳаёти моддияш пайваста водор намудааст, ки барои ҳар чӣ бештар хушу гуворо зистан саъю талош намояд. Ҳамин хоҳишу талаботи пайвастаи қонеъ кардани талаботҳои моддию маънавӣ, ки онро дар оғоз ҳисси ба инсон хоси кунҷковӣ ва баъдан пайдоишу рушди илм пайваста ҳамроҳӣ намудааст, барои тавлиди арзишу падидаҳои дунявӣ роҳу имкониятҳои васеъро боз намудааст.

Албатта, интишору тақвият  ёфтани арзишу падидаҳои дунявӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат ва қонунгузории он сахт вобастагӣ дорад. Аммо ду сарчашмаи баёнгардида ҳамчун  қутбнамо дар навбати худ тобеи қонуниятҳои куллии дигаре  ҳастанд. 

Яке аз  аввалин қонунияти куллие, ки тамоми соҳаҳои ҷомеаро фаро мегираду аз он ҳама гуна падидаи дунявӣ маншаъ мегирад, ин ҳатмӣ ва ногузирии инкишофи ҷомеа аст. Таърихи башарӣ собит менамояд, ки пешрафти  ҷомеаи инсонӣ аз зинаи паст ба зинаи баланд, аз  сатҳи поён ба боло, аз ҳолати содда ба мураккаб раванди пайваста ва ногузир будааст.  Яъне, равандҳои зикршуда объективӣ буда,  аз хоҳишу иродаи ҳеҷ як ҳукмфармои мушаххас вобастагӣ надоранд. Албатта, сиёсатмадорон бо сиёсати пешгирифтаи худ метавонанд ба равандҳои таърихӣ таъсири мусбӣ ё манфӣ расонанд. Аммо ҳолати мазкур ба ҳеҷ ваҷҳ ногузирии инкишофи ҷомеаро истисно наменамояд. Пас, рушду пешрафти ҷомеаи инсонӣ ҳодисаи қонунӣ буда, ҳеҷ як роҳу усули пешгирӣ намудани инкишофи ҷомеа вуҷуд надорад. Пас, падидаҳои дунявӣ бояд ҳамчун натиҷа ва ё маҳсули объективии инкишофи ҷомеа ҳамчун падидаҳои ногузир ва ҳатмӣ қабул ва арзёбӣ гарданд.

Дар робитаи зич бо қонунияти баёнгардида таносуби мақом ва нақши дин ва илм (ҳамчун ниҳоди бозкунандаи асрори ҳастӣ) дар ҷомеа  қарор дорад. Яъне, ҳар чӣ бештар  агар мо ба умқи таърихи ҷомеа назар андозем, ба ҳамон андоза мақом ва нақши қавӣ доштани дину ҳамзамон заифу ноайён будани илмро мушоҳида менамоем. Ва ҳар чӣ қадаре агар ба таърихи навини ҷомеа назар андозем, ба ҳамон андоза пурқувват гардидани мақом ва нақши илму заиф гардидани мақом  ва нақши динро мушоҳида менамоем. Дурустии қонунияти мазкурро сухани зерини  Цицерон низ собит менамояд: мисрии қадим ба худо будани ҳайвон бештар боварӣ дорад нисбат  ба шахси масеҳӣ ба худо будани Исо ҳатто зимни ба калисо ворид  шуданаш.  Пас, бо пешрафти ҷомеа ва ҳар чӣ пурқувват гардидани мақом ва нақши илм дар ҷомеа мутаносибан мақом ва нақши дин коста гардида, дари падидаҳои дунявӣ барои аҳли ҷомеа боз мегарданд. Яъне, илм ҳамеша чун олати кашфи асрори ҳастӣ ва бад-ин васила омили асосии тавлид ва таҳрикдиҳандаи падидаҳои дунявӣ мақом ва нақши динро маҳдуд мекунад. Аз ин нуқтаи назар, заифу коста гардидани мақом ва нақши дин дар ҷомеа дар муқобили рушду интишори падидаҳои дунявӣ амре зарурӣ ва қонунӣ арзёбӣ мегарданд. Вобаста ба тағйиротҳои суратгирифта метавон нуқтаи назари сотсиологи амрикоӣ Л.Зайнерро ёдовар шуд. Ба ақидаи ӯ аввалин тағйирот дар сатҳи шуури динӣ рух медиҳад, яъне қабати зоҳирии дин ва шуури динӣ имкон доранд боқӣ монанд, аммо мундариҷаи он дигаргунӣ хоҳанд пазируфт. Хулоса, рушди босуръати илм ҳамчун сарчашма ва маҳсули пешрафти ҷомеа маншаи дигари таъмину интишори падидаҳои дунявӣ маҳсуб меёбад.

Хулоса, хоҳишу талаботҳои табиии моддии инсон, ногузирии  инкишофи ҷомеа ва рушди босуръати илму технология  маншаи асосӣ ва омили қавии тавлиди арзишу падидаҳои дунявӣ маҳсуб меёбанд. Қудрати авомили мазкур дар он ифода меёбад,  ки аз он ҳатто худи дингароён дар канор монда наметавонанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз дингароёни ҷомеаро на масъалаҳои динии расидан ба инояти худовандӣ ё роҳу усули мушарраф шудан ба биҳишти ҷовидонӣ, балки  бештар масъалаҳои заминии ҳар чӣ бештару хубтар соҳиби манзили истиқоматии хуб шудан, чунин шароитро барои фарзандон таъмин намудан, соҳиби нақлиёт ва дигар воситаҳои техникии зиндагиро сабуку  гуворосозанда ҷалб менамоянд. Воқеан ҳам хеле тааҷҷубовар аст, ки имрӯз мухолифони падидаҳои дунявӣ худи дунявиятро ҳамчун асли қутбнамо қабул надоранд, лекин ҳамзамон худ чормехзадаи арзишҳои дунявӣ ҳастанд. Далоили овардашуда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки падидаҳои дунявӣ дар сиришти ҳар як инсон дар шакли хоҳишу талаботҳои пӯшидаи моддию маънавӣ нуҳуфтаанд ва бар зиддӣ онҳо садо додан маънои мунофиқона пайгирӣ намудани дигар ғаразҳои дунявиро ифода менамояд.

Абдухалилзода К.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика