Арзишҳои маънавӣ ва таҳаммулгароии мероси тасаввуфу ирфон

Имрӯз дар ҷаҳони Ислом як қатор ҳаракатҳои ифротгароии дар заминаи эътиқоди динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади пиёда сохтани манофеи геосиёсӣ ва геоиқтисодиашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, интиқол ёфтаанд. Яке аз чунин ҷараёнҳои сиёсӣ-динӣ ҳаракати салафияи ифротӣ мебошад, ки дар зери шиори «исломи ноб» баромад карда, мехоҳад мувозинати динию мазҳабӣ, идеологӣ, вазъи сиёсӣ ва суботу амнияти ҷомеаро ба манфиати қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ вайрон созад. Салафияи ифротӣ худро «исломи ноб» ва «исломи бемазҳаб» эълон намуда, ҳама гуна равияю мазҳабҳои суннатӣ, бавижа мазҳаби ҳанафӣ ва ҷараёни тасаввуфу ирфонро, ки яке аз шохаҳои исломи аҳли суннату ҷамоат ва ҷузъи ҳувийяти динии мардуми тоҷику форс мебошад, ба бидъату куфр бадном карда, ба ин васила мехоҳад низоъи мазҳабиро дар Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон қисмати он аст, барангезад ва ба ҳамин усул ба дахолати қудратҳои номбурда ба кишвари азизи мо роҳ кушояд.

Хушбахтона, чанде пеш рисолаи илмии яке аз донишмандони соҳаи илмҳои фалсафӣ, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Кароматулло Олимов ба унвони «Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асри Х-ХII» (Душанбе, 2019) нашр гардид, ки хусусиятҳои инсонпарваронаи тасаввуфу ирфонро ошкор месозад. Мо тасмим гирифтем, ки баъзе аз порчаҳои ин китобро ба толибилмону ватандӯстон, умуман шаҳрвандони кишвар барои мутолиа ва хулосабарорӣ кардан пешниҳод намоем. Бигзор шаҳрвандон аз мутолиаи ин порчаҳои рисола худ қазоват намоянд, ки тасаввуфу ирфон дар фарҳанги исломӣ чӣ арзише дорад. Аз мазмуни китоб бармеояд, ки бадбинии салафияи ифротӣ нисбати фарҳанги тасаввуф аз он ҷо сарчашма мегирад, ки тасаввуф ҳамчун як фарҳанги инсонгаро ба ҳама гуна шакли экстремизму терроризм ихтилоф дорад ва ба салафияи ифротӣ барои тарғиби ақидаҳои зиддибашарӣ монеаҳо эҷод месозад. 

Карл Эрнест, ховаршиноси америкоӣ, муҳаққиқи шинохтаи ислом ва тасаввуф дар муқаддимаи китобаш «Тасаввуф: муқаддима ба анъанаи ирфонӣ дар ислом», ки ба русӣ тарҷума шуда аст, навишта аст: «дар ҷараёни мубоҳиса, ки бар зидди тасаввуф нигаронида шуда буд, бунёдгароён (фундаменталистон) мақсад гузоштанд, ки онро ҳамчун созмони ҷудо аз ислом ва ҳатто зидди ислом нишон диҳанд. Ҳамин стратегияро ба раҳнамоӣ гирифта, бунёдгароён ҷойҳои интихобшударо дар Китоби Муқаддас ба ҳайси далел оварда, таърифи худашонро доир ба ислом медиҳанд», ки ба он «исломи ноб»-е, ки мегӯянд, аз чанд ҷиҳат ихтилоф дорад.

Лекин, сарфи назар аз бадгӯии салафиёни ифротӣ нисбати тасаввуф, дар айни замон, эътибори мутафаккирони суфӣ ва нашри мероси онҳо дар дунё бамаротиб афзуд. Хосатан, баъд аз тарҷумаи «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддин Балхӣ ва асарҳои Идрис Шоҳ бо забони аврупоӣ, пеш аз ҳама англисӣ, асарҳои таҳқиқотӣ бештар шуданд.

Ҳамин тариқ, мо дар зер порчаҳои гуногунро доир ба афкори намояндагони ҷараёни тасаввуф аз китоби мазкур ба тариқи намуна барои шумо ҳавола менамоем.

Дар шароити соҳибистиқлолии давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба мероси илмӣ, адабӣ, динӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ва саҳми ӯ дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ бо осори ирфонӣ низ аҳамият дода, онро ҳамчун ҷузъи муҳими мафкураи миллӣ ва худшиносию худогоҳӣ ва ташаккули ҳисси ифтихори миллӣ ҳисоб кардаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти ин масъаларо хеле хуб баён кардаанд, ки «…пас аз анҷоми ҷанги таҳмилии дохилӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ғании аҷдодӣ, таҷлили солгарду зодрӯзи шахсиятҳои таърихии бузургони илму ирфону адаб ва дар ҳамин замина бедор намудани рӯҳи худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди шаҳрвандии сокинони кишварро ҷузъи муҳими барномаи сиёсати фарҳангии давлату Ҳукумати кишвар қарор додаем».

Мактаби тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр нақши намоёне дар афкори ҷамъиятии асрҳои миёна дошт ва намояндагони бузурги он дар таҳияи масоили назария ва амалияи тасаввуф ва афкори иҷтимоию ахлоқӣ ва фалсафӣ саҳми зиёде доштанд. Намояндагони бузурги он, аз ҷумла Калободӣ, Мустамлӣ, Ансорӣ, Абӯсаиди Абулхайр, Абулмаҷди Саноӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Ардашери Аббодӣ, Наҷмуддини Кубро, Фариддудини Аттор, Аҳмади Ҷом, Ҷалолуддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон нақши равшан дар таърихи афкори динию фалсафӣ, адабиён ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказӣ гузоштаанд. Дар таърихи афкори динӣ-ирфонӣ ва динӣ-фалсафии халқҳои форсизабон тасаввуфи асрҳои Х-XIII ҷойгоҳи махсус дорад. Дар байни аҳли тасаввуфи ин давра сӯфиёни инсондӯст буданд, ки ақидаҳои озодфикрона ахлоқии воло ва адолатро таблиғ намуда, бар зидди зӯроварӣ, ҷангҳо ва таассуб мубориза мебурданд. Зарурати таҳқиқи мактаби ирфони Хуросон ҳанӯз Е.Бертелс аз ҷумлаи вазифаи аввалиндараҷаи муҳаққиқон дониста буд.

Наҷмуддини Кубро

Шайх Наҷмуддини Кубро, асосгузори тариқаи кубравия, то охирин лаҳза бо муғулон ҷанги тан ба тан дошт ва қаҳрамонона шаҳид шуда буд. Абдураҳмони Ҷомӣ ин фоҷиаи ғамангезро чунин ба қалам додааст: «Чун куффори тотор ба Хоразм расиданд, шайх асҳоби худро ҷамъ кард ва зиёдат бар шаст буданд. Ва султон Муҳаммади Хоразмшоҳ гурехта буд ва куффори тотор пиндоштанд, ки вай дар Хоразм аст ва ба Хоразм даромаданд. Шайх баъзе асҳобро, чун Садруддин Ҳамавӣ ва Шайх Разиуддини Алӣ Лоло ва ғайри эшон талаб дошт ва гуфт: «Зуд бархезед ва ба билоди худ равед, ки оташе аз ҷониби Машриқ барафрӯхт то наздик ба Мағриб хоҳад сӯхт. Ин фитнаест азим, ки дар ин уммат мисли ин воқеъ нашудааст»».

 

Давом дорад

 

Нуруҳақ Қамар

Яндекс.Метрика