Арзишҳои маънавӣ ва таҳаммулгароии мероси тасаввуфу ирфон

Қисми II

Ҳаким Тирмизӣ

Муҳаммад ибни Алӣ Ҳаким Тирмизӣ асосгузори силсилаи «ҳакимия»-и тасаввуф мебошад, ки дар тасаввуфи хуросонӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст, ки Ҳаким Тирмизӣ аз зумраи кибори машоих ва суфиёне мебошад, ки бо арбобони бузурги тасаввуф, ба мисли Абу Тӯроби Нахшабӣ, Аҳмад Хизрия, Ибн Ҷило сӯҳбат намудааст.

Ҳаким Тирмизӣ қоидаи мантиқии ягонагии ирфонӣ-диалектикаи «зоҳир ва ботин»-ро таҳия намуд. Ӯ таълим медод, ки ба қоидаи зоҳирии ибодат беэътино будан ва танҳо бо қоидаи ботинӣ машғул будан ҷаҳолат аст. Ҳаким Тирмизӣ аз ҷумлаи мутасаввифони эътидолӣ аст, ки дину ирфон, яъне шариати исломӣ ва тасаввуфро кӯшида аст, ки вифқ диҳад. Ӯ бар ин бовар аст, ки «ҳар ки ба илми шариат ва авсофи бандагӣ кардан ҷоҳил бувад, ба авсофи Худованди таъоло ҷоҳилтар бувад. Ва ҳар ки бар маърифати нафс, ки махлуқ аст роҳ набарад ба маърифати Ҳақ таъоло роҳ набарад. Ва ҳар ки офоти сифати башарият набинад, латоифи сифоти рубубият чи донад, ки зоҳир ба ботин тааллуқ кунад. Ҳар ки ба зоҳир тааллуқ кунад, бе ботин муҳол бувад ва ҳар кӣ ба ботин тааллуқ кунад бе зоҳир муҳол». Чунонки аз ин суханон пай бурда мешавад, Ҳаким Тирмизӣ дар доираи ирфон масъалаи муҳимро баён кардааст, ки зоҳиру ботин бе дарки робитаи якҷояи онҳо номумкин аст. Агар  ин андешаи ӯро аз қолаби ирфонӣ бароварда, дар мантиқии айнии ашё татбиқ намоем, маълум мешавад, ки дар ҳамон давра, дар қолаби мистисизм робитаи диалектики иолами зоҳир ва ботинро дарк карда аст.

Пайравони Ҳаким Тирмизӣ, ҳакимиён, ба покии ахлоқ диққти махсус медоданд. Онҳо пеш аз ҳама бар зидди сӯфиёни риёкор, ки ба «сӯфиёни ҳақиқӣ» ва таълимоти тасаввуф зарар мерасониданд, эътироз баён мекарданд. Ҳуҷвирӣ гуфтааст, ки шогирди Ҳаким Тирмизӣ Абӯалӣ ал-Ҳасан ибни Алӣ ал-Ҷузҷонӣ одамонро аз ҷиҳати равоншиносӣ таҳқиқ карда, ба хулоса омада аст, ки бисёре аз онҳо бо сабаби надоштани савод дар шубҳа қарор гирифтаанд ва худро пешвоёни ҳақиқат вонамуд мекунанд. Аз ин маълум мешавад, ки чаро биёре аз муҳаққиқони суфӣ ба масъалаи такомули маънавии мардум, пеш аз ҳама шогирдон ва муридони худ, диққати махсус медоданд, онҳо дарк кардаанд, ки бо панду насиҳатҳои оддӣ инсонро тарбият кардан номумкин аст.

Ҳуҷварӣ дар яке аз қисматҳои китоби худ, ки ба одоби сӯфиён бахшида шудааст, дар миёни асарҳои муҳими аҳли тасаввуф китоби Муҳаммад ибни Алии Тирмизӣ «Одоб-ул-муридин»-ро номбар намудааст. Ҳаким Тирмизӣ дар ин китоб қоидаҳои асосии рафтори сӯфиён, роҳҳои расидани онҳоро ба камолоти маънавӣ муайян намудааст.

Абунасри Сарроҷ

Абунасри Сарроҷ аз ҷумлаи мутафаккирони машҳур мебошад, ки дар қарни даҳуми мелодӣ зиндагӣ ва эҷод кардааст (вафоташ 988 мелодӣ).

Абунасри Сарроҷ, ба ақидаи муҳаққиқи машҳури Эрон Алиасғари Ҳалабӣ, агарчи кор бо ҳадис ва қонунгузории ислом (фиқҳ) дошт, аммо зиёдтар ба тасаввуф таваҷҷӯҳ менамуд. Китоби ӯ «Ал-лумаъ», аз рӯи гуфтаи Ҳалабӣ «яке аз китобҳои асосӣ ва аз рӯи мазмун олитарин китоби сӯфиён мебошад».

Вале, дар тасаввуф, таъкид мекунад ӯ, ба корҳои мамнӯъ машғул шудан, таъвил, ҷамъоварии молу мулк ва дигар аъмоли хилофи дастури пирони тариқат ҷонибдорӣ карда намешавад, чунки онҳо динро заиф мегардонанд. Ӯ тасаввуфро мазҳаб ном бурдааст, вале манзураш на яке аз мазҳабҳои фиқҳӣ ё чун шиаву суннӣ, балки ҳамчун як равия ва тариқаи фикрии махсус дар ислом мебошад. Сарроҷ гуфтааст, ки дар мазҳаби тасаввуф анҷоми макрӯҳот ва таъвилот ва тамоил ба сарватандӯзӣ ва иқдом ба шубаҳот писандида нест, танҳо овезиш ба муҳкамот ва заруриёти дин аст.

Нурулҳақ ҚАМАР

Яндекс.Метрика