Арзишҳои маънавӣ ва таҳаммулгароии мероси тасаввуфу ирфон

ҚИСМИ III

Абдураҳмони Суламӣ 

Абдураҳмон Муҳаммад ибн-ал-Ҳусайн ибн Муҳаммад ибн Мӯсо ас-Суламӣ ал-Аздӣ ан-Нишопурӣ 4 апрели соли 936 м. ба дунё омада, 12 ноябри соли 1021 вафот кардааст.

Суламӣ дар назди худ ҳадафи пайвастани шариатро бо тасаввуф гузошта буд, аз ин рӯ вазифаи муҳимтарин дар ин ҷо асосноксозии мақарароти асосии тасаввуф, қабл аз ҳама мутобиқи Қуръон маҳсуб меёфт. Асарҳои «Амсол-ул-Қуръон» ва «Ҳақоиқ-ут-тафсир»-ро ӯ ба ин мавзӯъ бахшидааст.

«Ҳақоиқ-ут-тафсир» ба силсилаи тафсири аввалин маҳсуб дониста мешавад. Он соли 399 ҳ. (1008-1009 м.) таҳия гардидааст ва дар бораи аз кадом роҳ ба «қонун» даровардани тасаввуф маълумоти муайян медиҳад ва дуюм он ки вай чигунагии хусусияти тафсири оятҳои Қуръон ва оқибатҳои чунин тафсирҳоро барои худи сӯфиён ва тасаввуф дар маҷмӯъ инъикос менамояд.

Абулҳасани Харақонӣ 

Харақонӣ яке аз симоҳои ғайримуқарарии тасаввуфи Хуросон ба шумор меравад.

Барои Харақонӣ Ҳақ ҳастии мутлақ буда, инсон ва олам дар ин ҳастӣ қарор гирифта, асли худро дарк ё худро аз он дур месозад. Дар назарияи пантеисти Харақонӣ-мавҷудияти абадии онтологии ваҳдат-ул-вуҷуд муҳим мебошад. Ин ваҳдатулвуҷуд аз рӯи моҳияти худ ягона, аз рӯи моҳияту сиришт, шабеҳи моҳияти ном ва мавҷудияти худ мебошад. Ҳамаи дигар «ашёи ягонаю алоҳида» дар ин ваҳдатулвуҷуд боқӣ мемонанд. Ин ягонагӣ ва таносуб байни ваҳдатулвуҷуд ва қисмҳои таркибии алоҳидаи он тақсими рақамӣ ба қисмҳо ва воҳид набуда, сиришти моҳиятӣ мебошад, ки ваҳдатулвуҷуди тақсимнопазир боқӣ мемонад.

Хоҷа Абдулоҳи Ансорӣ

 Абдулоҳи Ансорӣ аз зумраи намояндагони барҷастаи тасаввуф ва инчунин афкори ҷамъиятию адабии халқҳои тоҷик ва эронӣ мебошад.

Масалан, аз баъзе маълумотҳои Ансорӣ ба мо маълум мегардад, ки бо амалияи тасаввуф принсипҳои ҷавонмардӣ таъсир расонидаанд. Чунон ки пештар зикр шуд, талаботи муҳими ҷавонмардӣ чун мурувват яке аз принсипҳои асосии консепсияи сӯфии ибтидоӣ, устоди Мансури Халлоҷ – Усмон ибни Карруб будааст. Мафҳуми «ҷавонмардӣ» дар консепсияи Усмон бо мафҳуми нисбатан фарқкунанда нисбат ба ҷавонмардӣ тағйири шакл намудааст. Ҷавонмардӣ аз нигоҳи ӯ, то андозае мазмуни мутлақ дошта, аз мафҳуми бевоситаи худ-дастгирии моддию маънавӣ, ки дар ҷавонмардон дида мешуд, дур гаштааст.

Ансорӣ ба нақши илм дар ноилшавӣ ба мақсад аз ҷониби ориф баҳои баланд медиҳад, аммо фаҳмиши илм, аз тарафи вай бо пардаи динию мистикӣ  фаро гирифта шудааст. Вай нақши мубоҳиса ва омӯзиши боҷидду ҷаҳдро инкор менамояд. Роҳи ҳақиқии ноил шудан ба ҳақиқати илмӣ, ба назари Ансорӣ, дар ҳушёриҳои шабонгоҳӣ мебошад.

Ғояҳои ахлоқӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ дар осори Ансорӣ барои мо арзиши махсусро доро мебошанд. Ансорӣ ба адолат, накӯкорӣ ва фурӯтанӣ аҳамияти бештар медиҳад. Вай истибдод ва ноадолатии ҳокимонро сахт танқид менамояд. Аз ғояҳои сӯфиёна ҳимоя намуда, нисбати сиёсати сулолаи ҳукмрон, ки ба ҷангҳои тахрибкорона ва ғорати мардуми заҳматкаш равона гардида буданд, ба таври қатъӣ изҳори норозигӣ менамояд. Чунин асарҳои Ансорӣ, ба монанди «Насиҳат-ул-мулук» (Насиҳати вазир), «Манозил-ус-соирин», рубоиёт, «Муноҷот» ва ғайра, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ансорӣ дар мавқеи ҳимояи мардуми ҷабру ситамдида, вале бо тарафдории тартиботи феодалӣ ва ахлоқи динӣ қарор дошт.

Яндекс.Метрика