Арзишҳои маънавӣ ва таҳаммулгароии мероси тасаввуфу ирфон

ҚИСМИ IV

Абусаид Абулхайри Меҳнаӣ

Абусаид Абулхайр дар Меҳна, деҳаи бузурге дар атрофи Марв 7 декабри соли 967 таваллуд шуда,12 январи соли 1049 дар ҳамон ҷо вафот кардааст.

Аз ривояти набераи Абӯсаид ибни Мунаввар маълум мешавад, ки ӯ аз орифони машҳури Хуросон , аз ҷумла шайх Абулҳасани Қарахонӣ дарси ирфонӣ гирифтааст. Монандии таълимоти Абулҳасани Қарахонӣ ва Абулсаиди Абулхайр дар он зоҳир мегардад, ки ҳардуфшон ҳам пайрави таълимоти ваҳдати вуҷуд ва муътакид ба назарияи сукр, яъне мастии маънавии Боязиди Бистомӣ мебошанд. Аз ин ҷиҳат, асари Харақонӣ «Нур-ул-улум» ва суханони Абӯсаид дар «Асрор-ут-тавҳид» аз ҷиҳати мазмун ва баёни андеша шабоҳатҳое доранд.

Нуқтаи муҳим ва қобили арзиши сӯфиёни хуросонӣ, аз ҷумла Абӯсаиди Абулхайр ин аст, ки онҳо дар заминаи ваҳдати вуҷуди ирфонӣ кӯшидаанд аз худхоҳии (эгоцентризми) замона қадам берун ниҳода, ваҳдати «Ман»-и фардӣ ва «Ман»-и кайҳониро ба воситаи баёни ишқи «Ман»-и фардӣ бо «Ман»-и умумиинсониро, ки моҳияти илоҳиро дорад, бо ҳам пайваста ба ғуруру ҷоҳталабӣ ва бузургманишӣ андешаи парастиши умумибашарӣ (космополитизм) ва ваҳдати навъи башарро муқобил мегузоранд ва ваҳдати Худо ва инсони покниҳодро амре воқеӣ медонанд.

Таълимоти ваҳдати вуҷуди тасаввуф, ки Ҳаллоҷ, Боязид, Харақонӣ, Абӯсаид, Айнулқузоти Ҳамадонӣ ва баъдан Ибн Арабӣ, Аттор, Мавлоно дар тарҳрезӣ ва инкишофи он саҳми бузург доштанд, ҳарчанд робитаи бевоситаи инсон ва офаридгорро дар мадди аввал мегузошт, вале моҳиятан барои баланд бардоштани мақоми инсон хидмат мекард. Бинобар ин таълимот мазмуни инсонпарварона ва демократӣ дошт.

Дар тасаввуфи асрҳои Х-ХII-и хуросонӣ (яъне тоҷикӣ-эронӣ ё эронӣ-тоҷикӣ), ки бештар андешаҳои ирфонӣ бо забони содда ва ҳатто шеваҳои маҳаллӣ(масалан «Табақат-ус-сӯфия»-и Ансорӣ, рубоиёти Бобо Тоҳир) ифода мешуд, ба дарки қишрҳои мухталиф, масалан табақаи ранҷбар ва ранҷдидаи ҷомеа расонидани ақидаҳои ирфонӣ аҳамияти бештар дода мешуд. Гоҳо дар зери пардаи гуфторҳои зоҳиран аз баҳсҳои иҷтимоӣ берун буда, мазмунҳои ҷолиби озодфикрона ва инсонпарварона, ҳимояи манфиатҳои мардуми эҳтиёҷманд ғунҷонида мешуданд. Аз назари ин сӯфиён эътибори муршид чунон баланд аст, ки зиёрати қабри ӯ аз зиёрати Каъба муқаддамтар мебошад. Чунончи ба ривояти Ибни Мунаввар Абӯсаид Абдулхайр баъд аз вафоти муршидаш шайх Абулфазл «ҳар муридеро, ки андешаи ҳаҷ будӣ, ӯро шайх ба сари турбати пир Абулфазл фиристодӣ. Гуфтӣ: Он хок зиёрат кун, то мақсад ҳосил ояд».

Вале қатъи назар аз ин дастурҳо Шайх Абӯсаид тасаввуф ва шариатро ба ҳам муқобил намегузорад ва зоҳиран роҳи касби камолро дар мутобиат ба шариат ва суннат мебинад. Ӯ дар ин бора таъкид мекнад: «… бидонанд, ки тариқат мухолифи шариат нест ва ҳар ки дараҷа ва манзалате тавонад ёфт, ҷуз ба мутобиати шариат ва суннат натавонад ёфт». Ин суханҳо ишора бар он аст, ки барои эҳтиёт ва иттиҳоми фақеҳон ва муфтиёни мутаасиб ихтилоф надоштани тасаввуфро ба шариат таъкид месозад.

Дар тасаввуфи Хуросон, аз ҷумла дар таълимоти Абӯсаиди Абдулхайр, тобеъ кардани назарияи ирфонии ҳастшиносӣ ба масъалаи ахлоқ равшан ба назар мерасад. Дар «Асрор-ут-тавҳид» ба фикрҳое дучор мешавем, ки Шайх инсонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳад ва камоли ахлоқию покии маънавии ӯ ҳадафи аслӣ дониста мешавад. Ин покӣ ва софӣ ба дил марбут мешавад. Дил аз узви физиологии инсон ба маркази таҷаллии нури илоҳӣ ва ҷавҳари шарифи ҳақиқати азалӣ табдил меёбад. Он маркази ишқ ва ҷаҳонест, ки дар он инъикоси ҷаҳони маънавию улвӣ сурат мегирад.

Тарбияи инсони комил мақсади асоситарини тасаввуф аст ва оғози амалро дар ин роҳ мутафаккирони тариқатҳо ба ҳар навъе муайян кардаанд. вале аксари мутафаккирони мактаби хуросонӣ, аз ҷумла Абӯсаид Абдулхайр, роҳи расидан ба касби илм донистаанд. Ва ҳам ба маънои аслӣ ва ҳам ба маънои маҷозӣ илм дар назари аҳли тасаввуф заруртарин василаи огоҳӣ аз ҳақиқат ва расидан ба саодат аст.

Аҳмади Ҷом Жандапил

Аҳмади Ҷомӣ яке аз намояндагони адабиёти тоҷику форс ва тасаввуфи асри ХI-XII мебошад, ки бо озодфикри ва мубориза бар зидди беадолатии замони худ машҳур буд.

Аз рӯи асарҳои ӯ гуфта метавон, ки Аҳмади Ҷом шахси қавиирода, нотарс, ҳақгӯй ва ҳақҷӯй буда, ҳамеша фақирон ва озурдадилонро пуштибонӣ менамуда ва аз ҳокимон тарс надошта аст. Ҳангоми дидани беадолатӣ ҳокимонро беибо сахт танқид менамудааст. Мақсади ҳаётии Аҳмади Ҷом ин муборизаи ошкоро бар зидди се гурӯҳи одамон будааст, ки ҳам ба дин ва ҳам ба ҷамъият зарар мерасондаанд. Шайх Ҷом дар ин бора навиштааст: «Се қавм дар миёни мусалмонон, ҳам аз мусалмонон роҳи дин бар уммати Муҳаммад мушаваш карданд: аввал, қавме аз ин уламои авонтабъи дунёсози динсӯз! Дигар, қавме аз миёни дарвешон берун омаданд ва ба дарвешию шайхӣ даст берун карданд ва қавме нодону камақл сар дар пайи эшон додан два эшон машоихро бар дом бастанд ва ибоҳат ва роҳи он дар миёни халқ фиганданд; Ё Раб! Ту шарри эшон аз сари муъминон ва халқаи дарвешон кифоят кун ба ҳаққи Муҳаммад ва олиҳи аҷмаъин. Седигар он қурроёни намозфурӯши дунёдӯст. Дини ислом дар сари ин қавм шуд. Эй мусалмонон, аз ин се қавм ҳазар кунед».

Аз ҷуръат ва ҳақиқатгӯии Шайхи Ҷом ин гуфтаҳои ӯ шаҳодат медиҳанд, ки дар бузургони дигари аҳли тасаввуф камтар чунин ҷуръатро мебинем. Ӯ ҳазар кардан аз ин се қавмро ибодат ҳисоб мекунад. Бинобар ин гуфтааст: «Медонам, ки ағлаби мардумон ба-дин се қавм мардум тавалло доранд. Ва ҳама маро ба душманӣ гиранд. Валекин мо «Валоюхофуна лавматан лоимун» бар худ хондем ва ҳақ мегӯем ва аз халқ бок нест».

Бисёр асарҳои шоири мутасаввиф ва мутафаккир ба танқиди ходимони расмии дин, сӯфиён шайхон, ки худро соҳибкаромат нишон медоданд ва ба фиреби мардум машғул будаанд, бахшида шудааст. Аз Аҳмади Ҷом барои ҷасорат ва далериаш, баён намудани ҳақиқати талх, ва танқиди шадиди ашрофон ва подшоҳон тоифаи ҳукмрон метарсидаанд. Ҳатто Султон Санҷар маҷбур буд зоҳиран ӯро эҳтиром намояд. Маълум мешавад, ки Аҳмади Ҷом амалан пайрави фаъоли ҳаракати ҷавонмардии тоҷикони он давра будааст.

Аҳмади Ҷом бар зидди муфтиёни замонаш, ки фатфо бар куфри мусалмонони озодфикр медоданд ва бо ин амали худ боиси бадбахтии дигарон мешуданд, сахт мубориза бурда аст. Барои ӯ ислом ин адолат, покӣ ва амали хайрро анҷом додан аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад касеро ба куфр фатво диҳад. Ин суханони ӯ хеле ба ҷурат гуфта шудаанд: «Намедонӣ, ки чӣ маънӣ ҳам ба худ ва ҳам ба мусалмонӣ? Эй мафтиёни бе илм, ва бехирад ва бетақво! Агар шуморо илм ва хирад ва тақво ёр будӣ, ҳаргиз дар боби ҳеҷ мусалмоне ба кофирӣ фатво накардӣ. Ҳар кӣ аз аҳли илм буд донад, ким о кофирӣ ва мусалмонӣ ба қавли шаҳодат боз донем. Ҳеҷ кас аз дили ҳеҷ кас надонад ва хабар надорад, то ӯ дар дил чӣ дорад. Макунед, эй нопокон! Даст аз чунин фатво бардоред, ки Худой ва расул ва анбиё ва ҷумлаи мусалмонон хасми шумоанд. Ва ҳеҷ коре дар дунё бар як қарор бинамонад ва ин ҳамаро рӯзе хоҳад буд ва аз уҳдаи корҳо берун хоҳад омад!»

Аз осори Аҳмади Ҷом маълум мешавад, ки ин муфтиён ӯро ва бисёр шахсони озодандешро низ ба куфр муттаҳам карда будаанд. Бинобар ин орифи ҷасур бар зидди ин муфтиён матаассибони дин бо ҳарфҳои сахту нишонрас мубориза мебарад ва ба худ бовар дорад, ки онҳо ба ин гуна фатвояшон ба ӯ коре карда наметавонанд. Ман, навиштааст Аҳмад Ҷом, аз инҳо, ки шумол кофар мегӯед, якеам ва монанди ман бисёр аст. Ва ман аз сари таҳқиқ ва тақво фатво мекунам, ки муфтие, ки ин мусалмононро ба куфр фатво мекунанд, ҳаргиз эшон аз уҳдаи он берун натавонад омад. Ҳақ таъоло эшонро тавбаи насӯҳ каромат кунад ба ҳаққи Муҳаммад ва олиҳи аҷмаъин.

Аҳмади Ҷом бо як шуҷоат ва далерии хоса бар уламои тамаъкор ва муфтиёни беадолатҳуҷум мекунад ва суханони басо тун два таҳқиромез дар ҳақи онҳо мегӯяд, ки аз нотарсӣ ва ҳақиқатпарастӣ собитқадам будани ӯро нишон медиҳад. Масалан, дар боби бистуми «Кунуз-ул-ҳикмат» Шайхи Ҷом навишта аст: «Иблиси малъун чизе дарп миёни халқ афканд, чунон ки ҳама уламо ва зиракон фурӯ шаванд ва ағлаби халқ онро «сидқ» ном кунанд ва онро мутобиат кунанд, ки ҳоли чизе намояд. Аммо дар миён заҳри қотил бошад, ки ҳар кӣ аз он бихӯрад лобудд ҷон дар сари он канд».

Аз суханҳои мазкури Аҳмади Ҷом маълум мешавад, ки ӯ масъалаи муҳими иҷтимо-озодии истиқлоли фикрии халқро ба миён гузошта аст, ки ба туфайли уламо ва ҳокимони тамаъҷӯ дар ҳолати ғуломӣ ё ба ибораи Аҳмади Ҷом «хомӯшӣ» қарор гирифта аст.

Яндекс.Метрика