Артиши миллӣ омили асосии сулҳу оромии кишвар

Ҳамасола 23 - уми феврал дар кишвар ҳамчун рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад.
Барои дилхоҳ кишвар доштани артиш, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, амри ҳатмӣ ва зарурӣ маҳсуб мегардад, чунки мавҷудияти Артиш рамзи асосии суботу оромиш, такягоҳи муътамади ҳимояи давлат ва миллат мебошад. Мутаассифона баъди суқути Давлати Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, давлати тозабунёди тоҷиконро имтиҳони басо сангин, ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ омад. Бо ҳамин асос таъсиси Артиши миллӣ ба таъхир афтод ва он меросеро, ки аз давлати Шуравӣ ба тоҷикон боқӣ монда буд, аз даст рафт. Бо ҳамин далел баъди каме ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар 23 – уми феврали соли 1993 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҷойи хушку холӣ таъсис дода шуд, ки соли равон 31- солагии таъсиси он таҷлил мегардад. Боиси ёдоварист, ки Артиши миллӣ дар воқеъ зодаи даврони истиқлол буда, ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлоли он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт.
 
Ҳадафи асосии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон ташаккули нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қодир бошад ва озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин намояд. Феълан Артиши миллии Тоҷикистон аз Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буда, дар минтақа яке аз артишҳои озмёфта ва муташаккил маҳсуб мегардад.
 
Ҳизмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ аз он иборат аст, ки дар давраҳои мушкил стратегияи мушаххаси мубориза ва созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро дар ҳайёт татбиқ намуд.
 
Роҳбари кишвар Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлол тавсиф намуда, қайд карданд, ки «Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷойи холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд».
 
Артиши миллии Тоҷикистон дар давраи ташаккули худ се марҳиларо паси сар намудааст, ки марҳилаи аввал бо ташкил намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, сафарбар намудани кадрҳои тахассусӣ, марҳилаи дуюм бо бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷобаҷогузории онҳо ва марҳилаи сеюм бо таҳкиму тақвияти он вобаста мебошад.
 
Ба Артиши миллии Тоҷикистон имрӯзҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ масъулияти ниҳоят муҳим таъмини субот ва амнияти кишвар вогузошта шудааст, ки тақдири миллат ва дастовардҳои замони истиқлол аз ҳалли онҳо вобаста аст, бо сарбаландӣ баромада истодааст.
 
Давлату Ҳукумати кишвар хизматҳои шоён, фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро, ки дар роҳи ҳимояи марзу буми кишвар ҷоннисорӣ кардаанд ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.
 
Айни замон Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бо шарофати ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтори воқеии муқтадири ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Хизмат ба Ватан барои ҳар ҷавони бонангу номуси кишвар маънои ба ҷой овардани хизмати падару модар ва ҳимоя намудани марзу буми Ватани аҷдодӣ ва тамомияти арзии Ватанро дорад ва бе ҷавонон артишро тасаввур кардан мумкин нест.
 
Барои ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷалб намудани ҷавонон, масъулони соҳа дар ҳамкорӣ бо кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарон нақши муҳим доранд. Аз ин ҷиҳат, онҳо вазифадоранд  дар самти омодагирии ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бештар корбарӣ намоянд ва дар қалби онҳо ҳисси баланди масъулиятро бедор ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намоянд. Ҳамаи моро зарур аст, зери дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корбарӣ намоем ва баҳри ҳифзи марзу буми Ватани азизамон, таъмини амнияти давлат ва оромию суботи ҷомеа, камари ҳиммат баста, пайи амалигардонии он ҳидоятҳо бошем.
 
Мушовири директори Марказ                                                                                     А. Мирзозода
Яндекс.Метрика