Артиши миллӣ – кафили амнияти Тоҷикистон

“Ҳарчанд, ки артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҷузъу томҳои он дар як муддати начандон тулонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти мамлакатамон омода гардиданд”. 

Эмомалӣ Раҳмон

Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон 30 сол сипарӣ мешавад. Агар ба таърихи таъсис ва бунёдгузории Қувваҳои Мусаллаҳ назар намоем шоҳиди он мегардем, ки ин ниҳоди муқтадири давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо ташаббуси махсус ва ғамхориҳои ҳамарӯзаи Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳастӣ намуда, то кунун барои ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар равона шудааст. 

Ташаккули ниҳодҳои ҳарбии кишвар, муҷаҳҳазгардонӣ, низому тартибот, таъминоти моддию техникӣ ва тақвияти пайвастаи он бо назорати пайваста ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи муҷаҳҳазгардонии имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ намуда, марҳила ба марҳила устувору қавитар мегардад. 

Агар ба таърихи таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои воқеӣ диҳем, барои ҳар як инсони комил маълум мешавад, ки артиш душвортарин лаҳзаҳоро пушти сар намудааст. Новобаста аз лаҳзаҳои ҳассосу норасоиҳои моддию техникӣ артиши навтаъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, бар замми муборизаҳои шадиди ҳарбӣ, ки баҳри таъмини сулҳу субот равона шуда буд, 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбиро дар майдони Дӯстии пойтахт баргузор намуд. 

Таъсиси артиши миллӣ дар шароите, ки ҳам барои миллат ва ҳам барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон мушкилтарин лаҳзаҳо маҳсуб мешуд, пайки саодат ва умедворӣ барои расидан ба рӯзҳои неку осоишта мебошад. Зеро, ҳар лаҳзаву замон афроди хиёнатпешаву фирефташуда бо истифода аз нерӯҳои радикалию экстремистии хориҷӣ болои миллат ҳуҷумҳои мусаллаҳонаву идеологӣ бурда, хостори маҳви давлати ҷавон буданд. Вале, Артиши миллии Тоҷикистон таҳти Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки  ба мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу озодиро бирасонад. 

Имрӯз артиши миллиамон натанҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хосса касб намудааст. 

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳайати шахсии сохторҳои низомии мамлакат, барои муҳофизати ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси ин сарзамин, арзишҳои милливу давлатӣ, музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки он ҳама таҳти роҳнамоии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш, Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми бошарафи Тоҷикистон ба даст омадааст омода буда, савганди садоқатмандӣ ба халқу Ватан ва сарвари ғамхори худро ҳамеша ҳифз менамоянд. 

 

Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ 

Яндекс.Метрика