Артиш - сипари боэтимоди давлату миллат

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол эълон гардидани Тоҷикистон, дар рӯзҳои сахту сангине, ки оташи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар кишвар аланга мезаду бародар ба муқобили бародар дар сангарҳо меистоданд, вазъияти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле  нигаронкунанда гардида буд. Дар ин марҳилаи тақдирсоз давлат ба як артиши миллӣ хеле ниёз дошт, ба артише, ки тавонад оташи афрухтаро хомӯш созад ва тинҷиву оромиро кафил гардад. Танҳо баъди баргузории Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдом ва саъю кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бунёди Артиши миллӣ ба таври расмӣ амалан сурат гирифт. Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Артиши навтаъсиси миллии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд ва расо баъди ду моҳ – 23 - юми феврали соли 1993, дар шаҳри Душанбе нахустин намоиши низомӣ баргузор гардид ва онрӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.
 
Аз аввалин рӯзҳои таъсисёбии хеш, дар он замони барои миллату Ватан хело душвор, артиши навташкилшудаи Тоҷикистон, новобаста ба камбуди яроқу аслиҳа, техникаву лавозимот ва кадрҳои баландихтисоси низомӣ, артиши миллии навтаъсис дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти низомӣ, барои барқарорсозии сулҳу суботи кишвар муборизаи беамонро бо гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпеша оғоз  намуд. Бо мурури замон  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нерӯи қудратманди ҳарбӣ ва обутобёфтаи ҷангдидаву ватандӯст табдил ёфта, ҳифозат аз марзу буми кишварро содиқона ба ҷо меорад ва дар ҳама ҳолат қудрати кофӣ дорад, ки Тоҷикистони азизамонро аз хавфу хатар ва таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳимоят намояд.
 
Қобили тазаккур аст, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Қӯшунҳои хушкигард, ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида, аз қабили  Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ низ ворид мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои муҳимоти соҳавии хеш корҳои зиёдеро дар самти ҳифзи бару буми кишварамон ба сомон расонидаанду онро идома медиҳанд.
 
Инак, ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад ва ҳамасола 23 - юми феврал ҳамчун рӯзи таъсисиёбии ин ниҳод  дар кишвари азизамон бо як шукуҳи хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашнгирӣ  рамзи идома додани кори пуршарафи падарону бобоёни мо, масъулиятшиносӣ дар адо намудани  қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бо ору номус дар назди Модар-Ватан ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки баҳри адои қарзи фарзандӣ дар назди Модар-Ватан таваҷҷуҳи ҳамасолаи ҷавонони бономус ба хизмати ҳарбӣ зиёд гардида истодааст. Ин амали бошараф нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлату халқи бошарафамон мебошад. Беҳуда нест, ки дар моддаи 43-юми Конститутсия зикр гардидааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрвандии мо ба ҳисоб меравад».
 
Натиҷаи ғамхориҳою саъю кӯшишҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллатамон мебошад, ки Артиши Тоҷикистон ба як нерӯи муқтадир табдил ёфта, сафи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва таҷхизоти замонавии он ҳамасола зиёдтар гардида истодааст. Аз ин лиҳоз, халқи шарафмандамон низ дарк менамояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ба як сипари боэътимоди давлат табдил ёфта, дар ҳама ҳолат қудрату имкониёт дорад, то марзу буми диёри азизамонро аз хавфу хатар ва таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ муҳофизат намояд, баҳри якпорчагии давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсии он ва ҳамчун омили ҳалли баҳсҳои минтақавӣ, доим омода бошад.
 
Наҷмиддин Салимов - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир
 
 
 
 
  
Яндекс.Метрика