АРТИШ СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ АСТ

Соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 31 сол сипарӣ мешавад, ки дар ҳифзи оромиву тинҷии кишварамон бомаром фаъолият мекунад. Ҳар сол рӯзи 23 - уми феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи Артиши миллӣ ё Қувваҳои мусаллаҳ ҷашн гирифта мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин мо бояд шукронаи Истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар обод гаштани Ватани азизамон сахми хешро гузорем. Дар ин муддати нисбатан кутоҳи таърихӣ, ҷузъу томҳои он ба як неруи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Тавре ки Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ қайд намуданд: “Ҳамин буд, ки мо дар як муддати басо кӯтоҳ Қувваҳои Мусаллаҳи таълимгирифта ва дорои интизоми қавии давлати соҳибистиқлоли худро таъсис дода, ҳифзи сарҳад, нигоҳ доштани ягонагии марзу буми мамлакат, таъмини амнияти давлат, пуштибонии қонун ва ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳимояит муқаддасоти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, амнияту оромии ҷомеаро таъмин карда тавонистем”.
 
Агар ба таърихи таъсиси артиши миллӣ нигарем, Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карданд аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низоми, муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собиткадамона рушду такамул меёбанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ 23 - уми феврали соли 2021 иброз доштанд: “Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем.
 
Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда, дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд тамрини низомӣ гузаронида ва марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну амнияти мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад. Дар ин росто Президенти кишвар таъкид менамоянд, ки “Саҳми ҷавонон, дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд”.
 
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои ҳар як ҷавони кишвар мояи ифтихор буда, ҷавонмардона ба ватан хизмат намуданро ҷавонон қарзи фарзандии худ ҳисоб намоянд. 
 
Дар баробари ба таҳсилоти касбӣ дар дохили кишвар ва хориҷ аз он машғул шудан, мунтазам илму донишро омухтану корҳои илмиву таҳқиқотиро анҷом додан, хушбахтона махсусан насли ҷавони кишвар дар раванди ободонии Ватан саҳми назаррас мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки бо дарки масъулияти баланди ватандустӣ ҷавонони далеру баномус ва шарафманди Тоҷикистони азиз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамонро бояд дар мадди аввал гузоранд. 
 
ШУЪБАИ ПАЖӮҲИШИ ИСЛОМИ МУОСИР
Яндекс.Метрика