Афкори Абӯҳанифа аз дидгоҳи ислоҳи шуури динӣ

Ин рӯйдоди таърихӣ, яъне эълони соли 2009 – Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (рҳ), аз аввалин ва нодиртарин падидаи фарҳангӣ дар таърихи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат аст, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад ва аҳамияти натанҳо минтақавӣ, балки умумиисломӣ ва байналмилалӣ дорад.
Аввалин ва нодиртарин падида барои он ки мо дар таърихи ин кишвар ва кишварҳои дигари исломӣ, пеш аз ин вуҷуди чунин ҳодисаро намедонем, медонем, ки бародарони аҳли ташаюъ ҳар сол зодрӯзи 12 имоми маъсумаи худро шодбошӣ ва рӯзҳои реҳлати онҳоро тасаллӣ мегӯянд ва қайд мекунанд, санаҳои муҳими вобаста бо ҳаёти онҳоро ҷашн мегиранд. Аммо аҳли суннат ва ҷамоат, ки танҳо чаҳор имом ва пешвои мазҳабии маъруф доранд, аз чунин анъанаи нек бархурдор нестанд. Аз ин рӯ, умедворем ин иқдоми аввалин ба ҳукми расмият дарояд. Ҳеҷ боке ва зараре надорад, агар мо низ зодрӯзи имому пешвоёни мазҳабии худро қайд кунем. Дар тақвимҳо он маълуму мушаххас карда шавад, ки мардум бидонад ва якдигарро дар ин рӯзҳо табрик бигӯяд. Мо ҳар сол хонишҳои  Айнӣ, Сино ва ғайраро дорем, чаро хонишҳои Имоми Аъзам (рҳ) набошад?
Ин иқдом аҳамияти умумиисломӣ дорад, барои он ки ба ҳамин восита дар тамоми олами ислом, алалхусус дар қаламрави мазҳаби ҳанафия, таваҷҷӯҳи бештаре ба осор ва шахсияти ин марди бузурги таърих, ҷалб ва андешаву ҳикматҳои ӯ омӯхта мешавад.
Аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, зеро ки мутаассифона, даҳаи аввали асри XXI баръакси чашмдошт давраи шиддат гирифтани  ихтилофоти  динию мазҳабӣ, мафкуравию сиёсӣ,  афзудани хушунатҳо ва  ҷангҳои минтақавию  фароминтақавии абарқудратҳо гардида. Ҷабҳаи асосии ин ҳодисаҳо олами ислом мебошад. Ба истилоҳ ҷанги тамаддунҳое, ки пешгӯӣ мекарданд, дар ин даҳа оғоз гардидааст.   Дар ин гиру дор баъзе расонаҳои ғарбӣ тезии ҳарбаи худро ба сӯи ислом равона кардаанд.
Дар чунин шароите  дифоъ аз ислом  бо  нишон додани  асли таҳаммулгароёна ва равиши гуфтугӯи ҳасанаи байни тамаддунҳо доштан, орӣ аз таассуб будани мазҳаби ҳанафия  мубрамтарин мавзӯи   рӯз аст.
Дар таърихнигорӣ, алалхусус дар китобҳои дарсии таърих, беадолатӣ роҳ ёфтааст. Ба ҷавонони мо аз шоҳону императорон, қаҳрамонони ин ё он ҷанг ё шӯриш, аз Искандару Доро, Темуру Чингизу Ҳитлер  хабар медиҳанд, ки муддате як кишвар ё империяро ба наҳве дар зери фармони худ доштаанд. Вале шахсе, ки натанҳо дар таърих нақш гузоштааст, балки имрӯз ҳам ба воситаи маънавият ва ҳикмат зиндаву ҷаҳонгир аст, миллионҳо инсон ҳар рӯз аз ӯ ёд меоранд ва дар мазҳаби ӯ ҳастанд, дар саҳифаҳои ин китобҳо роҳ наёфтааст.
Имоми Аъзам (рҳ) воқеан шахсияти бузурги таърих аст.  Шинохти воқеии нақшу мақоми Имоми Аъзам (рҳ) дар таърихи улум ва афкори исломӣ бе шинохти вазъияти динию фарҳангӣ ва сиёсии давраи зиндагии ӯ имконнопазир аст. Бузургии ин шахсияти бузурги таърихӣ, агар дар қиёс бо вазъияти динию фарҳангӣ ва сиёсии он рӯзгор баррасӣ шавад, даҳчандон хоҳад буд.
Шинохти воқеии нақшу мақоми фарҳангӣ ва динии Имоми Аъзам (рҳ) дар таърихи улум ва афкори исломӣ он вақт равшантар ҷилвагар мешавад, ки  мо онро дар партави ҳаводиси фарҳангию динӣ-мазҳабии  он рӯзгор назора кунем:
- пурҷӯшу хурӯштарин давраи ташаккулёбии тамаддуни исломӣ: оғози коркарди илмҳои исломӣ- тафсиру таъвили Қуръони маҷид, илми ҳадис, илми калом ва илми фиқҳ; оғози баҳсҳои илоҳиётиву каломӣ атрофи масъалаҳои тавҳид,  адл ва сифоти Илоҳӣ, ҷабру ихтиёр, қазову қадар, куфру имон ва ғайра;
- ташаккулёбии мазҳабҳо, равияҳо ва ҷараёну фирқаҳои исломӣ: ҷабарияву қадария, мурҷиа ва мӯътазила ва баҳсу муҷодила ва мунозираҳо ва бархурдҳои доимию тунду тез  байни онҳо, ки Имоми Аъзам (рҳ) низ дар давраи ҷавонӣ яке аз фаъолони он буда ва мувофиқи  ахбор 27 маротиба аз Кӯфа ба Басра барои ширкат дар ин гуна маҳфилҳо сафар карда будааст.
Абӯҳанифа (рҳ) дар асари ҳамин ошноӣ бо илми калом ва баҳсу мунозира бо намояндагони гуногуни ин мактаб дар фанни ҷадал ва муҷодила маҳорати комил ёфта буд. ӯ ин маҳоратро дар илми фиқҳ ба кор андохт ва бар хилофи асҳоби ҳадис андеша ва истидлолоти ақлиро дар фиқҳ ва ҳадис ба кор бурд ва иҷтиҳодро дар асоси раъй ва қиёс ва истеҳсонро вориди фиқҳ кард, то он ҷо ки мактаби фиқҳии Абӯҳанифа (рҳ) ба мактаби раъй ва қиёс машҳур гардид.
 Мазҳаби Абӯҳанифа (рҳ) демократитарин мазҳаби ислом аст, аз он лиҳоз, ки ӯ илова ба қиёс, истеҳсон ва раъй ба урф низ такя кардааст.  Урф истифода дар ҳукм аз анъана ва суннатҳои маҳаллӣ мебошад. Бо сабаби истифода аз раъй, қиёс ва истеҳсону урф ҳанафия аз дигар мактабҳои аҳли суннат ғанитар гардид.
  Аз нигоҳи таҷдид ва ислоҳи шуури динӣ аҳамияти афкору рафтори Имоми Аъзам (рҳ) дар он аст, ки ислоҳу таҷдиди шуури динӣ ба усули ақлӣ ва истидлолӣ эҳтиёҷ дорад. Воқеият он аст, ки дар таърихи фарҳанги исломӣ ақлгароиро дар ҳадди эътидол аввалин бор Абӯҳанифа (рҳ) ба кор гирифтааст. Яъне пеш аз он ки усули ақлӣ ба фалсафаи исломӣ роҳ ёбад, дар фиқҳ ҳамчун манбаъ шинохта шудааст, ки дар он нақши Абӯҳанифа (рҳ) бузург аст.
Дар таърихи ислом ақлгароёни ифротӣ мӯътазилиён мебошанд. Асосгузори мӯътазила Восил ибн Ато  (699-748) дар таваллуд ҳамсоли Имоми Аъзам (рҳ) аст. Устоди Восил ибни Ато Ҳасани Басрӣ (642-728) низ аз ҳамасрони ӯ мебошад. Дар ин маврид метавон гуфт, ки агар Имоми Аъзам (рҳ) дар он шароит тавонистааст нотарсона бо шаҳомат ин усули пешрафти маърифатро, ки хелеҳо  аз аҳли ҳадис мухолиф буданд, вориди фарҳанги исломӣ созад, пас имрӯз мо низ ба ин усули маърифат, усули ақлӣ, ки  яке аз  манбаъҳои асосии ислоҳи шуури динӣ аст, дар умури мазҳабӣ бояд такя кунем.
Ҳамчунин хизмати бузурги Имоми Аъзам (рҳ) он  буд, ки бо таълимоти худ ҷилави таассуб ва ифротравӣ дар ҳукмро гирифтааст. Таълимоти ӯ дар бораи  асли имон ва ҳукм кардан ба куфр имрӯз низ дар ислоҳи шуури динӣ дорои аҳамият мебошад. Дар замони Абӯҳанифа (рҳ) баъзе равияву фирқаҳо такфири якдигар мекарданд. Дар ин маврид  мӯҳтарам Президенти кишвар дар мақолаашон «Имоми Аъзам (рҳ) ва  гуфтугӯи тамаддунҳо» таъкид карда аз ҷумла овардаанд, ки «Мутаассифона, чунин амали зишт ба баъзе фирқаҳову ҳизбҳои исломии муосир низ хос мебошад, ки барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ хатари калон дорад.»
Баръакси ақидаву амали инчунин гурӯҳҳо Имоми Аъзам (рҳ) дар «Фиқҳи акбар» мефармояд: «(Мо) мусалмонеро ба сабаби иртикоби гуноҳе аз гуноҳон ба куфр нисбат намедиҳем, агарчи он гуноҳи бузург (кабира) бошад, ба шарте ки онро ҳалол (яъне он амали худро дуруст) нашуморад ва аз ӯ исми имонро соқит намекунем ва ӯро мӯъмини ҳақиқӣ медонем, мумкин аст, ӯ мӯъмини фосиқ,  (вале) ғайри кофир бошад».
Мувофиқи ақидаи Имоми Аъзам (рҳ)  асли имон иқрор ба забон ва тасдиқ ба қавл аст. Дар ин маврид низ ҳукм кардани шахсе дар мавриди иҷро накардани амал ба куфр ҷоиз нест. Ин амр хости Худованд аст. Агар хост, ӯро азоб медиҳад ва агар бихоҳад,  ӯро афв мекунад.
Дар таърихи каломи исломӣ масъалаи ҷабру ихтиёр яке аз баҳсҳои доманадор байни ҷабариву  қадария ва мӯътазилаву ашъария мебошад. Хато намекунам, агар бигӯям, ки  дар бисёр маврид афкору қазовати мардуми мо низ имрӯз ҷабарист. Аммо дар ин маврид низ роҳи авсатро Имоми Аъзам (рҳ) пеш гирифтааст ва аз мутолиаи «Фиқҳи акбар» бармеояд, ки масъалаи касбро хеле вақт пеш аз асосгузори мазҳаби ашъарӣ Абу-л –Ҳасан Алӣ ал-Ашъарӣ (873-935) Имоми Аъзам (рҳ) ба миён гузоштааст. Дар ин бора дар «Фиқҳи акбар» омадааст: «Худованд касеро аз халқаш бар куфру имон маҷбур насохтааст, онҳоро мӯъмин ва кофир наофаридааст, валекин онҳоро ашхоси қобили куфру имон офаридааст... Ҳамаи афъоли бандагон аз ҳаракату сукун касби (ҷӯдо кардан аз мост Ш. А.) онҳост, аз руи ҳақиқат ва Худованди таоло офарандаи афъоли бандагон аст».
Имрӯз боварӣ ба ҷабрӣ  будани сарнавишт ва чигунагии вазъи зиндагӣ зиёновартарин андешаву тасаввур дар ҷомеаи мост, ки садди роҳи талошу кӯшиши мардум ва ҷаҳду ҷадали онҳо дар касбу кор ва  шароити зиндагии беҳтар мебошад. Аз ин рӯ, бо такя ба афкори  Имоми Аъзам (рҳ) ин пешвои бузурги мазҳабии мо, бо баргашт ба асли таълимоти ӯ, ки бар шинохти воқеъбинонаи Қуръони маҷид ва Суннати Паёмбари  акрам Муҳаммад (с) устувор аст, мо метавонем дар ислоҳи шуури динию мазҳабии миллатамон муваффақ гардем.
Шерзод АБДУЛЛОЗОДА,
мудири шӯъбаи таъриху
фалсафаи дини Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Академияи
илмҳои ҷумҳурӣ

 

Бознашр аз рӯзномаи " Ҷумҳурият "

Яндекс.Метрика