Афсарон

А-фсарони Тоҷикистонро паём,
Ф-отеҳони давру давронро паём.

С-арвати тоҷик бувад - созандагӣ,
А-вҷу мавҷи рӯзгоронро паём.

Р-озгӯи ҳар гулу хори ватан,
О-лами андешадоронро паём.

Н-ангу номуси ватандори асил,
И-нқилоби ақли инсонро паём.

М-одари гаҳвораҷунбони ватан,
А-ллаи афсонадоронро паём.

Р-одмардону далеронро суҷуд,
З-анги он зангӯладоронро паём.

И-ттиҳоди Сулҳ , Ваҳдат- ҳамдилист,
Т-олибони фатҳи кайҳонро паём.

О-лам андар қабзаи тоҷикнасаб,
Ҷ-ӯи кавсардору ёронро паём.

И-н қадар зебост паҳнои ватан,
К-афтари субҳи сафиронро паём.

Р-устаму Темурмалик Фарҳодро,
О-ташафрӯз - шаҳриёронро паём.

П-арчамафрӯзони ин марзи кӯҳан,
А-нҷуманоро - азизонро паём.

Ё-дгор аз ҳафсаду ҳафтод пушт,
М-еҳрубоншоҳ - ибни Раҳмонро паём...

Яндекс.Метрика