Ахлоқи тиббӣ дар “ал-Қонун фи-т-тиб”-и Абӯалӣ Ибни Сино

Ибни Сино яке аз энсиклопедистони машриқзамин ва нобиѓаи нотакроре дар илмҳои фалсафа, тиб ва дигар илмҳо буда, “ал-Қонун фи-т-тиб”-и ӯ то ҳол мавриди омӯзиши донишмандони фалсафа, ахлоқ, тиб ва дигар соҳаҳо қарор гирифтааст. Ҳарчанд донишмандони зиёде, аз қабили Диноршоев М. Муҳаммад Осимӣ, Саидраҳмон Сулаймонов доир ба кору пайкори Абӯалӣ ибни Сино тадқиқотҳои амиқу густурда анҷом додаанд ва шояд баррасии мо такрори гуфтаҳои эшон аст, аммо дар ин замоне, ки инсоният ба табиб эҳтиёҷи зиёд дорад, зарур шуморидем, дар мақолаи зер доир ба этикаи табобати инсон аз нигоҳи Ибни Сино дар асоси “ал-Қонун фи-т-тиб”-и ӯ маълумот дода бошем. Аслан ӯ ахлоқи тиббиро аз ду нигоҳ: пажӯҳишҳои тиббӣ ва фалсафӣ-динӣ баррасӣ намудааст. Ӯ касби духтуриро муқаддас ва инсонро махлуқи баргузида меҳисобад. Аз ин рӯ, зарур мешуморад, ки бояд табиб бо бемор олитарин муносибати инсониро кунад, то хотири орзудаи беморро болида ва шод гардонад.

Калидвожаҳо: Ибни Сино, ахлоқ, тиб, табобат, бемор, табиб, “ал-Қонун фи-т-тиб”, нобига, энсиклопедист, фалсафа.

Ибни Сино дар “ал-Қонун фи-т-тиб” ахлоқи табобатро аз нигоҳи тадқиқотҳои тиббӣ ва донишҳои фалсафӣ-динӣ баррасӣ намудааст. Дар қисми тадқиқотҳои тиббӣ Ибни Сино огоҳӣ ва пайвастагии табиб ба илми тиб, эҳтиром ба ҳуқуқи беморон, ба кор бурдани беҳтарин равиш, тасмимгирии табиб барои бемор, нигоҳи ҳаматарафа ба донишҳои тиббӣ, ташхиси бемор, дармон, пешгирӣ ва тавонбахширо пешниҳод намудааст. Ибни Сино дар китоби “ал-Қонун фи-т-тиб” ба ин амр бо нигоҳи жарф нигариста, дар ҷилдҳои мухталифи китоб ба ин мавзӯъ, ҳамчун пойдевори асосии илми тиб пардохтааст, зеро риояи тамоми нуктаҳои усули ахлоқӣ, аз ҷумла гирифтани розигии бемор барои анҷоми коре (махсусан ҷарроҳӣ), ба хотири дар иҷрои он ба иллати расонидани осеб ва афзудани дарди дигаре бар дардҳои бемор роҳ дода нашавад, сухан карда мефармояд, ки дар сурати нагирифтани розигии бемор барои татбиқи амалиёт, коре бас ғайриахлоқӣ анҷом дода шуда аст.

Аз нигоҳи Ибни Сино шарти аввали табобат хуб огоҳ шудан аз вазъияти бемор ва шинохти беморӣ аст, зеро дар ғайри ин сурат бемории аслӣ пӯшида боқӣ мемонад ва бо дармони номуносиб вазъияти бемор бадтар мешавад ва ба навъе, ба бемор зарар мерасад, барои мисол Ибни Сино дар ҷилди аввали фасли 26-уми китоби “ал-Қонун” дар бораи шикофтан бар ин андеша аст: “Касе ки андомро шикоф медиҳад, бояд, ки оид ба дар куҷо ҷойгир будани шараёнҳои хунгард маълумоти кофӣ дошта бошад, то хато накунад ва бахшеро набуррад, ки беморро ба марг рӯбарӯ созад” [2, ҷ 1, 216]. 

Ибни Сино доманаи илми тибро бисёр густурда медонад ва гӯшзад менамояд, ки “табиб бояд дар бораи аносир, мизоҷҳо, андомҳои соддаву мураккаб, рӯҳу равон, қувваи табиӣ, ҳайвонӣ ва нафсонӣ, кунишҳо, ҳолатҳои тандурустӣ ва беморӣ, омилҳои муҳитӣ, маводи хӯрокаву ошомиданӣ ва дармон иттилооти комил ва тасаллути илмиву амалӣ дошта бошад ва бо таваҷҷӯҳ ба иқтизои касбаш ба манзури ҳифзи беҳбудӣ ва муолиҷаи хуб, бояд бархе аз ин умурро ба танҳоӣ ба тасаввури илмии хуб дарк кунад ва ба мушоҳидаи худ чунин боварӣ пайдо кунад, ки натиҷагирии вай аз тарафи яке аз донишмандони илми тиб пазируфта шудааст ва дар бораи бархе дигар аз ин умур бояд ба василаи касби худ далеле бар вуҷуди он ҳолат дошта бошад” [2,  ҷ 1, 237].

Ибни Сино тасмимгирии духтурро бар пояи донишҳои кофӣ ва баҳрагирӣ аз таҷрибаҳо ва донишҳои дигарон медонад, ӯ комилан бар ин андеша аст, ки ба кор бурдани равиши дурусти табобат амри зарурӣ аст, бояд бемор азоб дода нашавад ва дармонҳо, ки камхатаранд, тарҷеҳ дода шавад. Эшон ба табибон тавсия карда аст, ки фақат дар мавориди ногузир аз равишҳои малоловар истифода кунанд. Дар ҳамин иртибот дар китоби “ал-Қонун фи-т-тиб” ҷилди сеюм, фанни сеюм дар мавриди дармони санги масона (пешобдон), ки боиси қатъи пешоб шудааст, чунин овардааст: “Агар доруҳо сангро нарезонданд ва зарурати даридан ва буридан ба миён омада бошад, бояд касе ин корро анҷом диҳад, ки ба хубӣ ҳолату чигунагии масонаро бишносад. Ин амал дар бадан боиси ранҷи зиёди бемор мешавад, аммо чора чист. Бо ин ҳама ман ин амалро (яъне, гирифтани санги пешобдон аз тариқи ҷарроҳӣ)-ро хатари бузург медонам” [2, ҷ 3, 84]. 

Ибни Сино дар ҷилди аввали китоби мазкур дар мавриди табобати саривақтӣ ва роҳ додан ба саҳлангорӣ дар мавриди саломатӣ чунин овардааст: “Дар бемориҳое, ки хатарнок аст, таъхир дар табобат, ё сабук шуморидани он омили нобудии нерӯ хоҳад буд, дар чунин вазъе набояд ором нишаст, балки бояд аз ҳамон аввал ба муолиҷаҳои қавӣ пардохт. Дар бемориҳое, ки дар онҳо бими хатар намеравад, метавон батадриҷ аз доруҳои сабук ба доруи қавӣ расид. Агар доруи сабук баҳрае надошт, набояд аз роҳи рост хориҷ шуд, зеро таъсир доруро ба хатар меандозад ва набояд ба роҳи нодурусте табобат карда шавад, ки зиёнаш ҷуброннопазир хоҳад буд.

Дарбаробари ин мутафаккир ба ахлоқу одоби умум назар карда дар мавриди эҷоди ахлоқи некӯ дар кӯдакон дар ҷилди аввали фасли чаҳоруми асари мазкур чунин меоварад: “Бояд бисёр ҳушёр буд, ки дар мавриди интиқоли кӯдак ба хурдсолӣ, ахлоқу рафтори вай писандидаву муътадил гардад, барои ин набояд коре кард, ки кӯдак ба хашми зиёд, тарси зиёд, андӯҳ ва шаббедории зиёд дучор шавад, то кӯдак аз ҳамон замони туфулият ба ахлоқу рафтори некӯ хӯй бигирад” [2, ҷ 1, 43]. Ин маворид дар тибби имрӯза дар тибб ва тарбияи кӯдакон аз усули инкорнопазири ахлоқӣ ба шумор меравад, ки афроди хонавода ва табибро зарур аст, то дар муомила бо кӯдак ин ҳолатҳоро дар ӯ ба вуҷуд наоранд.

Ибни Сино дар мавриди бордорӣ махсусан аз хатарҳои он ба навҷавонон таъкид карда дар фасли ҳафтуми ҷилди саввум, чунин овардааст: “Дар баъзе ҳолатҳо духтур худро ногузир мебинад, ки нагузорад зан бордор шавад ва дастури манъи бордорӣ медиҳад, масалан дар мавриди духтари камсинну сол, ки издивоҷ кардааст, агар бордор шавад, мумкин аст сари фарзанд равад” [2, ҷ 3 95]. Дар ин ҷо Ибни Сино пешгирӣ аз бордориро вазифаи ахлоқии табиб медонад. Дар мавриди вазифаи табиб бар болини бемор аз Ибни Сино нақл кардаанд, ки эшон бар он андеша буд, ки ҳолати рӯҳии табиб дар дармони бемор бисёр муассир аст, ба ин маънӣ, ки агар табиб хушҳолу хандон бошад, дар дармони бемор таъсири зиёде хоҳад гузошт [3, 9].

Нуқтаи ахлоқии дигаре, ки дар саросари китоби “ал-Қонун” мушоҳида мешавад, ин истифода аз манбаҳои илмиву иттилооти мувассақи мухталиф бо зикри манбаъ ё номи соҳиби асар аст. Ибни Сино аз тибби Юнон, доруи Чин, Ҳинд, Миср ба Эрони бостон ба тарзи муносибе баҳра бурдааст ва дар ҳар ҷое, ки лозим аст, аз онҳо ишора кардааст. Ба ҳамин тартиб ӯ ганҷинаи илмии муносиберо барои баҳрабардории табибон фароҳам овардааст ва “ал-Қонун”-и ӯ марҷаи илмии тиббӣ дар муассисаҳои табобатӣ қарор гирифтааст. 

Нуқтаи ахлоқии боризи дигар дар китоби “ал-Қонун” ин зарурияти анҷоми таҳқиқотҳои гуногун бо таваҷҷӯҳ ба натиҷаҳои онҳо дар ба вуҷуд овардани дармонҳои нави беморӣ мебошад. Дар муаррифии гиёҳони доруӣ дар ҷилди дуввуми “ал-Қонун” Ибни Сино бар таҳқиқотҳои гуногун исрор варзида ва усулҳои зиёдеро барои бакоргирии гиёҳони доруӣ муаррифӣ кардааст.

Шайхурраис ду роҳро барои шинохти таъсирбахшии дору муаррифӣ мекунад: роҳи аввал муқоиса ва равиши дуввум озмоиш. Ҳамин нигариши илмии Ибни Сино ба корозмоии доруҳо ва  анҷоми бархе таҷрибаҳо сабаб шуда, ки Низомии Самарқандӣ гуфтааст: “Агар Ҷолинус зинда мебуд, дар баробари азамати илмии Ибни Сино таъзим мекард” [4, 156].

Нигориши фалсафӣ. Дар ҳамаи фарҳангҳо ва дар ҳамаи замонҳо ахлоқ дар ботини тиб вуҷуд доштаву аз ин тариқ усуле барои роҳнамоии табибон бо манзури иртибот бо бемор, ҳамкорон ва ҷомеа фароҳам шудааст [5, 68]. Агар миллатҳо дар аксарияти чизҳо аз ҳамдигар фарқ намоянд, аммо ахлоқи тиббии эшон ба андозае ҳамчун ё наздик аст. Ҳангоми мутолеаи осори Ибни Сино ин мавзӯъ комилан равшан аст, ки эшон ба бақо ва зистани нафс пас аз марг ва охират эътиқоди росих дошт ва ҳастиро хайр ва камоли маҳз медонист, ки Воҷибалвуҷуд ба он огоҳӣ дорад ва ҳеҷ чиз аз нигоҳу огоҳии ӯ пинҳон нест [1, 17]. Аз ин рӯ дар қиболи Ҳакими мутлақ ва бандагони он аз ҷумлаи беморон эҳсоси тааҳҳуд ва масъулият мекардааст. Дар дини мубини Ислом ва Қуръони карим, ки худ тарсимкунандаи навъе равиши зиндагӣ аст, усули ахлоқии фаровоне зикр шудааст, ки Ибни Сино бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки аз донишмандони аввали тиб ва фалсафаи исломӣ ба шумор меравад, ба он илтизом дошта ва дар анҷоми корҳои табобатӣ, онҳоро ба кор мебурдааст. [5, 97] Вай нисбат ба иртибот байни қувваи рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ боварии комил дошта рӯҳро падидаи ғайримоддӣ медонист, ки ҳамзамон бо ҷисм омезиш меёбад, аммо пас аз марг аз ҷисм ҷудо мешавад ва ба ҳаёти худ дар ҷаҳони абадӣ идома медиҳад. [1, 21] Бо ин авсоф дар баррасии дидгоҳи Ибни Сино нисбат ба ахлоқи тиббӣ, илова бар усули зикршуда дар “ал-Қонун” бояд бар усули ахлоқии ислом низ таваҷҷӯҳи вижа дошт. Аз ин рӯ, Ибни Сино, ки худ аз пешгомони фалсафаи исломӣ дар равияи машшоияи шарқӣ буда, ахлоқ низ ҷузъе аз он ба ҳисоб меравад, мебоист дар тиб ва табобат ба усули ахлоқии ислом ва шариат пойбанд бошад. Аз сӯи дигар, тиб аз касбҳои муқаддас ва мавриди эҳтиром буда, афроде уҳдадори он мешуданд, ки ба фалсафа, ҳикмат ва илмҳои диниву адабӣ тасаллут дошта бошанд. 

Ибни Сино дар заминаҳои мухталифи фалсафаи исломӣ, ахлоқ, ҳикмат ва риёзӣ низ мутабаҳҳир будааст. Ӯ мабоҳиси мухталиферо дар боби инсоният, ҷомеа, дониш ва ахлоқ матраҳ кардааст. Аз назари вай мутобиқ бо фиқҳи исломӣ табиб дар баробари аъмоле, ки анҷом медиҳад, масъулияти шаръӣ ва ахлоқӣ дорад ва соҳибихтиёр нест, ки ҳар тавре, ки хоҳад, бо бемор рафтор кунад.

Метавон чунин бардошт кард, ки бо иноят ва эътиқодоти эшон ба мавозин ва мабонии ахлоқӣ ва муқаддас донистани касби духтурӣ риояти мавозини ахлоқиро дар рӯёрӯй бо бемор аз шурути лозим барои табобат ҳисобидааст. Ба таври умум “ал-Қонун фи-т-тибби” Ибни Сино аз осоре аст, ки намунаҳои фаровоне аз мавзӯъҳои инсондӯстона дар он ба чашм мехурад.

Аз мабоҳиси гуногун дар “ал-Қонун фи-т-тиб” метавон чунин бардошт кард, ки Ибни Сино дар бархурд бо беморон аслро бар доноӣ, огоҳӣ ва табаҳҳури табиб бар шинохту дармони беморӣ, ҳифзи каромати инсон ва бакоргирии равиши шинохташуда ва озмуда, ки камтарин осебро ба бемор бирасонад, қарор додааст. Бо вуҷуди ин ки Ибни Сино дар китоби мазкур бахшеро мустақиман ба паёмҳои ахлоқӣ ихтисос надодааст, аммо эътиқоди эшон ба боварҳои ақлонӣ асос меёбад, ки пизишкӣ фазилат аст ва табиб бояд маҳорату иттилооти кофӣ дар табобат дошта бошад. Бадин сон муҳтавои шоҳкори нобиғаи Шарқ дар тиб саршор аз тавсияҳои ахлоқӣ ва матолибест, ки инсонро меҳвари аслии фаъолиятҳои тиббӣ қарор медиҳад ва нукоти ахлоқии фаровоне ба табибон дар боби рафтор бо беморро тавсия мекунад.

 

Адабиёт:

1. Абӯали Ибни Сино. Донишномаи алоӣ. Теҳрон, 1383 ҳ.

2. Абӯалӣ ибни Сино. Қонун дар тиб. Тарҷумаи Шарафкандӣ, Теҳрон 1370ҳ, аз ҷилди 1, то 5.

3. Наҷмободӣ М. Таърихи тиб дар Эрон пас аз Ислом. Теҳрон, 1353ҳ.

4. Низомӣ Арӯзии Самарқандӣ. Чаҳор мақола. Теҳрон, 1372 ҳ.

5. Султонов У. Ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии Абӯалӣ ибни Сино. –Душанбе., 1975. 

6. Содлиқов Ақидаҳои ахлоқии мутафаккирони Шарқ. – Душанбе., 1989. 

7. Williams J R. Medical ethics in contemporary. London, 2005.

Рамазониён Аҳтам Бобосафар

Бознашр аз китоби “Саҳми Абӯалӣ ибни Сино дар рушди фалсафа, илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ”

Яндекс.Метрика