АХЛОҚ ВА РАМАЗОН

Воқеан,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониаш, ки бо номи «Имоми Аъзам ва ахлоқи умумиинсони» таъкид кардааст: ҷомеаи инсонӣ ба ҷуз қонун ва сохторҳои марбутаи идоракунии худ боз дорои маҷмуи меъёрҳо ва принсипҳои ахлоқӣ мебошад, ки рафтору муносибати аъзоёни онро ба низом медарорад».

Худованд ба корҳои неке, ки башар дар зиндагии худ дар ин дунё анҷом додааст, табиист, ки дар дунёи пас аз марг подош медиҳад. Аз ин ру, ахлоқ бо вуҷуди Худо пайванди устувор дорад.

Аз ҷумла риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар Рамазон бевосита таъкид шудаанд, яъне рўза доштан дар моҳи Рамазон қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба сўи худсозиву, худшиносӣ, отифаи нек ва эҳсоси дардҳои ҷомеа ҳидоят менамояд. Гуруснагиву ташнаги сарватмандони ҷомеаро дар навбати аввал нерўи сабру пойдори дар хештан ва дар навбати дуюм ёди ранҷҳои нодорону дармондагон меоварад. Ва ҳамин ёдовари оғози ҳамкориву ҳамдастӣ буда, муҳабати якдигариро дар миёни қишри ҷомеа ба вуҷуд меорад.

Ба ибораи дигар шахси рўзадор бори дигар тавоноиҳои рўҳӣ, неруи ирода ва зарфияти инсонии худро дар зарфи як моҳ таҷдид менамояд ва бо рўҳиёти тоза ва неруи нав ба эъмори зиндагӣ мепардозад.

Худдорӣ аз беҳудагӣ, бадзабонӣ ва бадрафторӣ аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки мактаби рўзадорӣ ин шеваро асоси тарбияи ахлоқи маънидод кардааст. Зеро худдорӣ аз хостаҳои нафс камтарин ва ё маҷмуаи зоҳирии рўзаро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки ҳадафи асосии рўза доштан худсозии шахси рўзадор аст ва ин маҷмуа вақте барои рўзадор ҳосил мешавад, ки қадамҳои барҷастае дар раванди худсозӣ ва такомули ҷанбаҳои инсонии худ бипардозад.

Касе (дар моҳи Рамазон) суханони дурўғ, амал кардан ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Худо ҳеҷ ниёзе ба тарки хўрдан ва нўшидани рўзаи вай надорад. ( Саҳеҳи Бухорӣ, 1903, 6057).

Мавлоно дар яке аз ашъораш менигорад:

Андар Рамазон хоки ту зар мегардад,

Чун санг, ки сурмай басар мегардад,

Он луқма, ки хурдай, қазар мегардад,

В-он сабр, ки кардай, назар мегардад.

Воқеан, Рамазон мактаб ва озмоишгоҳи амалӣ барои тарбияи каромати инсонӣ ва ҳисси хештаншиносӣ дар инсон мебошад.

Мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.

Яндекс.Метрика