АШК ЯК ЛАҲЗА БА МИЖГОН БОР АСТ

❗Ашк як лаҳза ба мижгон бор аст,
Фурсати умр ҳамин миқдор аст.
Зиндагӣ олами осоиш нест,
Нафас оинаи ин асрор аст.
Баски гарм аст ҳавои гулшан,
Ғунча ин ҷо сари бедастор аст.
Шишасози нами ашке нашавӣ,
Олам аз сангдилон, кӯҳсор аст.
Хишти доғест иморатгари дил,
Хонаи ойина як девор аст.
Майкашӣ сурмаи ирфон нашавад,
Биниш аз чашми қадаҳ душвор аст.
Ҳамчу ойина, агар соф шавӣ,
Ҳама ҷо анҷумани дидор аст.
Гўш, гӯ, то шавад ойинаи роз,
Нолаи мо нафаси бемор аст.
Дарди гул гард зи куфру дин шуд,
Сабҳа ашки мижаи зуннор аст.
Нест гирдобсифат оромам,
Сарнавиштам ба хати паргор аст.
Аз назокат суханам нест баланд,
Аз садо соғари гулро ор аст.
Ғофил аз аҷзи нигаҳ натвон буд,
Осмонҳо гираҳи ин тор аст.
Накашад шуъла сар аз хокистар,
Нафаси сӯхтагон ҳамвор аст.
Бедил, аз захм бувад равнақи дил,
Хандаи гул намаки гулзор аст.
✍️Абдуқодири Бедил.

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика