Ашъори Рўдакӣ дар « Таърихи Байҳақӣ»

Зи шоир зинда  мемонад ба гетӣ ном шоҳонро,
Фуруғ аз Рўдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон.
Ибни Ямин. 
Агар ба авомили муҳаббати беандозаи тоҷикону форсизабонон нисбат ба дудмони сомонӣ ишора намоем, бешак яке аз ин ангезаҳо шоирпарварӣ ва аз ҷумла гиромидошти Рўдакӣ дар замони истиқрори ҳукумати эшон бар Хуросон мебошад. Амирони бокарами сомонӣ хуб дарк карда буданд, ки:
Ҷовидон монад карим, аз мадҳи шоир зинданом,
З-ин бувад шоирнавозӣ одату расми киром.
Дар баробари ин ҳама қадрдонӣ Рўдакӣ ҳам, умарои ин хонаводаро ситоиш ва вузарову аъёни даргоҳи сомониро мадҳи зиёд гуфтааст ва номи эшон бар лавҳи рўзгор нигоштааст ва дар сафи некномони таърих гунҷонидааст. Шоире инсофан ин воқеъиятро баён дошта, мефармояд:
                          Аз он чандон наими ҷовидонӣ, 
                          Ки монд аз Оли Сомон в- Оли Сосон ,
                          Санои Рўдакӣ мондаасту мидҳат,
                          Навои Борбад мондаасту дастон.
Рўдакӣ аз машҳуртарин шуарои адабиёти форсӣ буда, барҳаққ «султони шоирон» ва «одамушшуарро» унвон гирифтааст. Шахсияти Рўдакӣ ниёз ба тавзеҳ надорад ва бештари шоирони форсигўй ашъори ўро тазмин ё мазмунҳои ўро такрор намудаанд. Муаррихони гузашта низ ҳар кадоме мақоми воло ва ҷойгоҳи рафеъи варо тазаккур додаанд. Муаллифи асари «Роҳатус-судур ва ояту-сурур» Ровандӣ, ки ба салтанати Салҷуқиён бахшида шудааст, менависад, ки шоири ҷавоне хидмати Сайид Ҳасани Ғазнавӣ шоири маъруф расид. Сайид Ҳасан ўро дар ҷодаи шоирӣ роҳнамоӣ карда, аз ҷумла ҷунин насиҳат мекунад: «аз шеъри Саноӣ ва Унсурӣ ва Муиззиву Рўдакӣ иҷтиноб кун, ҳаргиз нашнавӣ ва нахонӣ ки он табъҳои баланд аст, табьи ту бибандад ва аз мақсуд боз дорад». Ин гуфтори шоир ҳарчанд аҷиб аст, аммо ҳикоят аз  баландмақомии Рўдакӣ дорад.
Ба навиштаи Саид Нафисӣ   Рўдакӣ роҳбаре тавоно буд, ки роҳро бар Дақиқӣ ва Касоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидони Унсурӣ, Фаррухӣ, Асҷадӣ, Мунҷик ва Носири Хусравро пояи устувор ниҳод.
Аммо ин шўҳрат, зиндагӣ ва осори гаронбаҳои шоирро зери  шуъо қарор дода, рўзгор ҳам ба мероси ў тараҳҳум накардааст. Агар  як қарн пас аз гузаштани Рўдакӣ шеъри ўро «баршумурда», як миллиону сесад ҳазор гуфта бошанд ( Рашидии Самарқандӣ)  пас аз чанд аср аз ин ҳама танҳо ҳазору анд байте барҷой мондааст. Осори боқимондаи Рўдакиро асосан тазкираҳо ва фарҳангҳо ёдовар гашта, баъзе абёти онро шоирони баъдӣ тазмин кардаанд ва манбаи саввуми ашъори парокандаи одамушшуаро таърихҳои бо забони форсӣ нигошта шуда мебошанд. Аз ҷумла дар «Таърихи Масъудӣ»  «Таърихи Сиистон» «Таърихи Гузида», «Ҳабиб-ус-сияр» «Таърихи нигористон», ба муносибатҳое аз ашъори Рўдакӣ порчаҳои шеърӣ оварда шуда аз баракати ин китобҳо абёти шоир то ба рўзҳои мо расидааст. Аз ҷумла машҳуртарин қасидаи Рўдакӣ «Модари май»-ро муаллифи гумноми «Таърихи Сиистон» дар асри хеш ҷой дода ва ин қасида тавассути ин таърих дастраси мо гардидааст.
«Таърихи Масъудӣ » -и ки бештар бо исми  муаллифи бузургвораш – Байҳақӣ ба «Таърихи Байҳақӣ» шўҳрат дорад, муҳимтарин китоби таърихӣ ва аз осори беназири барҷоймондаи насри форсӣ маҳсуб мешавад. Ин ганҷи бебаҳо, ки яке аз нахустини осори таърихии пас аз давраи исломии мо мебошад, аз ду ҷиҳат ҷойгоҳи воло дорад, яке насри шевои форсӣ ва дигаре сабки воқеънигории таърихӣ. Байҳақӣ умри азизи хешро дар хидмати дарбори Ғазнавиён сипарӣ карда, шоҳиди яке аз ошуфтатарин давраҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Ў дар яке аз муҳимтарин мақомоти давлатии Ғазнавиён- девони рисолат ба сифати дабир адои вазифа мекард. Шуғли дабирӣ дар ин аҳд аз аҳамияти бузурге бархурдор буда, ашхосе ба ин мартаба баргузида мешудаанд, ки « адаби нафс»ва «адаби дарс» дошта, « арабидон ва некўхат» бошанд. Байҳақӣ шоҳиди футуҳоти Маҳмуд, ва нозири дасисаҳои дарбори Масъуд гардида, пас аз истеъфо додан аз ин вазифа бо нигоштани таърихи «хонаводаи бузурги» ғазнавӣ мепардозад. Ин таълифот дар манобеъи гуногун бо номҳои мухталиф ёдварӣ гашта, ба таври кулӣ «Таърихи Оли Сабуктегин» номида шудааст. Аммо дареғо, ки ин навиштаҳои равон, насри дилчасп ва он ҳама маънии баланд аз газанди рўзгор эмин намонда, танҳо қисмҳои ба салтанати Масъуд бахшидаи асари Байҳақӣ(ҷилдҳои 5-10) барҷой мондааст. Перомуни мазоёи фаровони ин таърихнома метавон зиёд гуфт, аммо чанд вижагии он мухтасар иборат аст аз: 
1. Забони мутадовили асри Ғазнавиён аз баракати ҳамин асар дастраси ворисон гардидааст.
2. Байҳақӣ фанни таърихнигории илмии тоҷикро поягузорӣ карда, беш аз ҳар муаррихи дигар диққати назар дошта асолати услуби илмиро риоят фармудааст.
3. Байҳақӣ таърихашро бо оёти қуръонӣ, аҳодиси набавӣ, амсолу ҳикмат ва ашъори фаровони тозиву форсӣ ороста, ки асарро арзиши баланди адабӣ ҳам додаст.  
«Яке аз хусусияти бориз ва қобили таваҷҷуҳи шоҳкори Абулфазли Байҳақӣ ҳамроҳ сохтани таърих бо шавоҳид ва амсоли шеърӣ ва ҳикоёту қасаси берун аз ҳодисаи таърихӣ барои ширин сохтани таърих мебошад, ки хонандаро масҳур мекунанд». Байҳақӣ ки худ марде фозил ва адибе донишманд буда, шеъри нағз низ сурудааст, дар ҷое аз асар зимни нақли ашъоре чунин мегуяд: 
«Акнун қасидае бибояд гуфт ва он гузаштаро ба шеър тоза кард,то таърих бад-он ороста гардад». Дар осори таърихии замони Байҳақӣ ва қабл аз он (чун «Зайн-ул-ахбор») овардани шеър чун шоҳиди маъно чандон роиҷ нест, вале Байҳақӣ баҳри исботи муддаои хеш ва бештар панду ибрат додан ба хонандааш ба ҳар муносибате таърихашро бо абёти пурмазмун зевар мебахшад. Байҳақӣ ҷамъан дар таърихи худ сесаду бисту як шеър оварда, ки асосан дар мавориди панду андарз ва беэтибории дунё суруда шудаанд. Байтҳое аз шоирони арабизабон ҳам, ки маънии баланд дошта, бо фасоҳати хеш фарқ мекунанд,  дар асри мазкур зикр шудаанд. Ашори Рўдакӣ, Лабибӣ, Дақиқӣ, Маъруфи Балхӣ, Унсурӣ, Абутаййиби Мусъабӣ, Абуҳанифаи Аскофиро Байҳақии дабир дар-таърихи хеш истифода бурдааст ва ҳатто шоиреро фармоиш дода, ки барои мавзўи муаяне қасида созад ва каломи ўро тақвият бахшад.
Аз баракати ин аср чанд байти одамушшуаро то ба рўзгори мо расида, дар ҳеҷ манбаи дигар такрор намешаванд. Яке  аз далелҳои бештар аз Рўдакӣ овардани байтҳои пурмазмун, бешак забонзади  хосу ом будани мероси адабии  ў ва дар рўзгори Байҳақӣ буда ва зиёд мазмуни панду насиҳат доштани ашъори  вай мебошад. Носири Хусрав, ки ба замони Рўдакӣ хеле наздик аст, ин воқеъиятро дар шеъраш чунин тавсиф мекунад :
Ашъори зуҳду панд басе гуфтаст,
Он тирачашм шоири рўшанбин.
Он хондаӣ, бихон, сухани ҳуҷҷат,
            Рангин ба ранг маънии пандогин. 
Нахустин зикре аз Рўдакӣ ва осори ўро Байҳақӣ дар ҷилди             панҷуми таърихаш овардааст, пас аз баёни ҳикояти амир Алии Қариб-яке аз акобири дарбори Ғазнин, ки пас аз даргузашти Маҳмуд писари хурдии ў Муҳаммадро аз Гузгонон ба Ғазнин даъват карда, ба ҷои падар бар тахти салтанат нишонд. Байҳақӣ сарнавишти накбатбори ўро тасвир карда, ки бо фиреб ва хиёнати наздиконаш ва ишораи султон Масъуд, гирифтор, сипас мусодира, ба дунболи он зиндонӣ ва саранҷом ба қатл расонида мешавад. Баъд аз нақли достони ҳузнангези ин мард Байҳақӣ достони ўро чунин ҷамъбаст мекунад: «ин аст Алӣ ва рўзгораш ва қавмаш, ки ба поён омад ва аҳмақ касе бошад, ки дил дар ин гетии ғаддори фирефтакор бандад ва неъмату ҷоҳу вилояти ўро ба ҳеч чиз шумурад.  Ва устод Рўдакӣ гуфтааст ва замонаро нек шинохтааст ва мардумонро бад-ў  шиносо карда:
Ин ҷаҳон пок хоб кирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ў ба ҷойгоҳи бад аст, 
Шодии ў ба ҷои   тимор аст.
Чӣ нишинӣ бад- ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ў на ҳамвор аст.
Дониши ў на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст».  
Байҳақии дабир мисли муарихони дигар, ки саҳифаҳои таърихро барои хушомади подшоҳони аср оростаанд, воқеъанигорӣ накарда, ҳамчун муаллими андарзгўй дарсҳои ибратбахши таърихро бо зикри сабаб ва натиҷаҳои он баён медорад ва умедвор аст, ки хонанда аз навиштаҳояш панд мегирад. 
Яке аз достонҳои фоҷеаомези «Таърихи Байҳақӣ» зикри бар дор кардани амир Ҳасанаки вазир аст, ки муаллиф дар он доди сухан дода, бо насри фасеҳ фарҷоми кори вазири мабуби Маҳмудро ба қалам додаст. Бо дасисаи Бўсаҳли Зўзанӣ, ки ба қавли Байҳақӣ марде адибу шоир ва дар айни замон шароратпешаву иғвогар буд, Ҳасанак ба марг маҳкум мешавад. Зўзанӣ дар вақти вазир будани Ҳасанак, дар мадҳи ў қасида сурурда, вале пас аз «баргаштани варақ» ва дигаргун шудани аҳволи рўзгор, худ ба амир Масъуд наздик мешавад ва ба хотири кудурате ки дар дил дошт амирро водор месозад, ки Ҳасанакро ба дор кашанд ва ҷурми ўро «қарматӣ будан» медонанд. Байҳақӣ пас аз баёни достони риққатовари ин арбоби давлатӣ хонандаашро боз ҳам ба ибратпазирӣ даъват мекунад ва бо абёте аз Рўдакӣ онро чунин ҷамъбаст менамояд: «ин аст Ҳасанак ва рўзгораш ва гуфтораш, раҳматуллоҳ алайҳ ва агар замину оби мусалмонон ба ғасб бистуд на замин монду на об ва чандон ғулому зиёъ ва асбобу зару сим ва неъмат ҳеч су д надошт.Ў рафт ва ин қавм, ки макр сохта буданд, низ бирафтанд, раҳматуллоҳ алайҳим ва ин афсонаест бо бисёр ибрат ва ин ҳама асбоби мунозиат ва муковиҳат аз баҳри ҳитоми дунё ба як сўй ниҳоданд. Аҳмақ мардо, ки дил дар ин ҷаҳон бандад, ки неъмате бидиҳад ва зишт бозситонад». Рўдакӣ гўяд:
Ба сарои сипанҷ меҳмонро,
Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост.
Зери хок андарун-т бояд хуфт,
Гар чӣ акнун-т хоб бар дебост.
Бо касон буданат чӣ суд кунад,
Ки ба гўр андарун шудан танҳост.
Ёри ту зери хок мўру магас,
Бадали он ки гесуват пирост.
Он ки зулфайну гесўват пирост,
Гар чӣ динор дирам-ш баҳост.
Чун туро дид зардгуна шуда,
Сард гардад дилаш нобиност.
Байҳақӣ дар ҷараёни «рондани » таърих пас аз марги Маҳмуд аз зидияти ду гурўҳи дарбори Ғазнавиён «падариён» ва «писариён» сўҳбат карда, аз тавтиъа ва ихтилофоти фаровон, ки  муҷиби суқути ашхос мегашт, гузориш медиҳад. Яке аз чунин афрод сипаҳсолор Асиғтегин (Асафтегин)-и ғозӣ буд, ки гирифтор ва  зиндонӣ мегардад. Пас аз баёни кори ин чеҳраи намоёни дарбори Ғазнин Байҳақӣ хонандаро аз нопайдориву бевафогии дунё огоҳ сохта мегўяд: «хирадманд он аст, ки ба неъмате ва ишвае, ки замона диҳад, фирефта нашавад ва бар ҳазар мебошад аз боз ситудан, ки сахт зишт ситонаду бемуҳобо ва дар он бояд кўшид, ки озодмардонро истиноъ кунад ва тухми некӣ бипароканад ҳам ин ҷаҳонӣ ва ҳам он ҷаҳонӣ, то аз вай номи некў ёдгор монад… Ва Рўдакӣ низ некў гуфтааст: 
Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд,
Маргро сар ҳама фурў кардаанд.
Зери хок андарун шудаанд онон,
Ки ҳама кўшкҳо баровардаанд.
Аз ҳазорон – ҳазор неъмату ноз,
На ба охир ба ҷуз кафан бурдаанд, 
Буд аз неъмат он чӣ пўшиданд,
В-он чӣ додаанд в-он кўҷо хўрданд.
Абулфазли Байҳақӣ таърихи худро дар поёнӣ умр нигошта аз ағлаби ашхоси дарбор, ки ҳамроҳи онҳо дар хидмат қарор дошт ва ҳангоми навиштани асар аз дунё рафта буданд, ба некӣ ёдовар мешавад. Аммо нисбат ба устоди худ Абунасри Мушкон ва вазир Ҳасани Маймандӣ эҳтироми бештар дорад. Бо шунидани хабари даргузашти ин вазир Байҳақӣ менависад, ки «ба марги ин мўҳташам шаҳомату диёнат ва кифояту бузургӣ бимурд». Сипас муаррих забон ба насиҳат кушода, дар поён бо мисраҳои Рўдакӣ каломашро ҷамъбаст месозад: «ин ҷаҳони гузарандаро хулуд нест ва ҳама бар корвонгоҳем ва паси ядигар меравем ва ҳеч касро ин ҷо мақом нахоҳад буд, чунон бояд зист, ки пас аз марг дуои нек кунанд. Ва ба аҷаб бимондам аз ҳирсу муноқишат бо якдигар ва чандин визру вубол ва ҳисобу табъат ки дарвеши гурусна дар меҳнату заҳир ва тавонгар бо ҳама неъмат, чун марг фароз ояд аз якдигар бозашон натавон шинохт, мард он аст, ки пас аз марг номаш зинда бимонад, Рўдакӣ гуфта:
Зиндагонӣ чӣ кўтаҳу чӣ дароз,
          На ба охир бимурд бояд боз.
Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд,
Ин расанро агар чӣ ҳаст дароз.
Хоҳӣ андар инову шиддат зӣ,
Хоҳӣ андар амон, ба неъмату ноз.
Хоҳӣ андактар аз ҷаҳон бипазир
Хоҳи аз Рай бигир то ба Тироз.
Ин ҳама боди дев бар ҷон аст,
Хобро ҳукм не, магар ки маҷоз.
Ин ҳама рўзи марг яксонанд,
Нашиносӣ зи якдигарашон боз.
Охирин мавриде, ки ашъори нағзи Рўдакӣ дар «Таърихи Байҳақӣ» оварда шуда, ба муносибати фавти устоди Байҳақӣ, соҳибдевони рисолати Ғазнавиён Бунасри Мушкон мебошад. Нақши Бунаср дар парваришу болоравии Абулфазл хеле бузург буда,  ўро азизтар аз фарзандон дошта, нўздаҳ сол таҳти ҳимояти худ ба хидмати дарбор гумоштааст. Байҳақӣ « қаламро лахте бар вай гирёнда», аз фазоили ин марди некном мукаррар ёд менамояд ва бо зикри абёте аз Рўдакӣ худро ба марги устодаш тассало медиҳад. Ин аст он ашъор:
Эй он ки ғамгину сазоворӣ,
В-андар ниҳон сиришк ҳамеборӣ.
Аз баҳри он куҷо бибарам номаш,
Тарсам зи сахт андуҳ дўшворӣ.
Рафт он ки рафт, омад он к-омад,
Буд он-чӣ буд, хира чӣ ғам дорӣ.
Ҳамвор кард хоҳӣ гетиро,
Гетист кай пазирад ҳамворӣ.
Мустӣ макун ки нашнавад ў мустӣ,
Зорӣ макун ки нашнавад ў зорӣ.
Шав то қиёмат ояд зорӣ кун ,
Кай рафтаро ба зорӣ боз орӣ.
Озор беш бинӣ з-ин гардун,
Гар ту ба ҳар баҳона биёзорӣ.
Гўӣ гумоштаст балои ў,
Бар ҳар ки ту бар ў дил бигморӣ.
Абре падид неву кусуфу не,
Бигрифт моҳу гашт ҷаҳон торӣ.
Фармон кунӣ ва ё накунӣ тарсам,
Бар хештан зафар надиҳӣ борӣ.
То бишканӣ сипоҳи ғамон бар дил,
Он беҳ ки май биёриву бигсорӣ.
Андар балои сахт падид ояд,
Фазлу бузургвориву солорӣ.
Ҳамин тавр Байҳақии муаррих асари нотакрори хешро бо ашъори арабиву форсӣ ороста, аз баракати ин асар абёти гумшудаи Рўдакӣ, Дақиқӣ, Аскофӣ ва чанд шоири дигар маҳфуз мондааст. Аз ҳазору анд байте, ки имрўз дар девони Рўдакӣ ҷамъ омада, дар мансуб будани баъзе аз он ба шоир тардид аст, вале бо иддао метавон ашъори аз одамушшуаро овардан Байҳақиро танҳо ба худи шоир нисбат дод. Зеро Байҳақӣ дар авохири замони Сомониён ба дунё омада, парвардаи он муҳит аст ва дигар ин ки дар нигоштани таърих ниҳоят дақиқназар ва пойбанд ба асолати руйдодҳову омилони он буд.    
 
 
Сайфуллоҳи Муллоҷон
Яндекс.Метрика