Аёдати кудакони ятим дар арафаи Иди Қурбон

Имрӯзҳо дастгири намудани табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба хусус ятимону бепарасторон, ин нишони дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад.

Ғамхори дар хотири ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат ин табақаи зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдомҳои ташаббуси хайрхоҳона инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд мегарданд.

Санаи 17 июли соли равон дар доираи таҷлили иди Қурбон кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Хонаи Кӯдакони 1 барои кӯдакони ятиму бепарастор"-и ш.Душанбе ташриф оварда тарбиятгирандагони онро аёдат намуданд.

Яндекс.Метрика