АҲАМИЯТИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ АҚИДАҲОИ ҲУҚУҚИИ МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Дар ҷаҳони муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор монда истодааст. Дар ин раванд бо бархурди манфиатҳои геополитикии қудратҳо, таҳмили ақидаҳои экстремистии гурӯҳҳои фундаменталӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Дар ҳамин давра тадқиқоти асарҳои мутафаккирони барҷастаи ватанӣ, таҳлили ақидаву консепсияҳои онҳо, ки таҷрибаи таърихии ҳифзи арзишҳои миллии халқи тоҷикро дар бар мегиранд, мубрамияти махсус пайдо кардаанд. Дар ин замина омӯзишу тадқиқи осори илмии Муҳаммади Ғазолӣ (450-505 ҳ. / 1058-1112 м.) – яке аз мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик хеле муҳим аст.

Ақидаҳои Муҳаммади Ғазолӣ, хусусан усулҳои ҳалли масоили давлатӣ-ҳуқуқиаш дар таҳкими низоми давлатдорӣ, мукаммалгардонии андешаҳои ахлоқию тарбиявии ин мутафаккири шуҳрати ҷаҳонидошта, таваҷҷуҳи олимони соҳаҳои гуногун ва фарҳангҳои гуногунро ба худ ҷалб намудааст [2, с. 175-187].

Ақидаҳои мутафаккир дар бораи ҳуқуқ ва адолат, дар бораи ҳимояи манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ, дар бораи зарурати ба ҳамаи субъектҳои ҳуқуқ додани имкониятҳои баробар, дар бораи бомаърифатии арбобони давлатӣ, дар бораи бартарии адолат ва хирадмандӣ дар байни дигар арзишҳои ахлоқӣ то кунун дар ҷамъият арзиши худро аз даст надодаанд. Масалан, дар бораи ҳуқуқ ва адолат дар «Насиҳат-ул-мулук»-и Муҳаммади Ғазолӣ, аз ҷумла чунин омадааст: «Ва хабар аст, аз расул (алайҳи-с-салом), ки як рӯза адли султон аз шаст сола ибодат беҳтар аст» [1, с. 58]. Мутафаккир дар ин маврид таъмини адлро принсипи меҳварӣ қарор дода, бартарии онро нисбат ба аҳкоми ибодат баён кардааст.

Асарҳои Муҳаммади Ғазолӣ то имрӯз на танҳо дар рушди тамаддуни исломӣ, балки берун аз он низ ҳамчун назарияҳои илмӣ-амалӣ мубрамияти худро нигоҳ доштаанд. Аҳамияти назариявӣ ва амалии мероси ӯ дар он аст, ки дар онҳо масоили ҳуқуқие баррасӣ ва ҳал гардидаанд, ки дар ташаккули давлатдорӣ ва мустаҳкамкунии асосҳои он аҳамияти ниҳоят муҳим доранд. Масалан, Муҳаммади Ғазолӣ дар «Насиҳат-ул-мулук» чунин овардааст: «Султон сояи ҳайбати худост бар рӯи замин, яъне бузург ва гумоштаи худояст бар халқи хеш. Пас бибояд донистан, ки касеро, ки Ӯ подшоҳӣ ва фарри эзидӣ (шукуҳ, шавкат) дод, дӯст бояд дошт ва подшоҳонро мутобеъ (пайрав) бояд будан ва бо мулук мунозаат (ситеза, хусумат) нашояд кардан ва душман набояд доштан» [1, с. 39]. Маҳз ҳамин таълимоти Муҳаммади Ғазолӣ дар роҳнамоии мардум ба итоат намудан ва гироми доштани низоми давлатдорӣ, ки подшоҳ ба он роҳбарӣ менамояд, аз нигоҳи назариявӣ ва амалӣ мубрамияти ба худ хос дорад. Бо арҷгузорӣ ба низоми давлатдорӣ ва таъмини адолат ӯро метавон ҳамчун мутафаккири ҳуқуқшиноси барҷастаи асримиёнагии Шарқ дар роҳи ташаккули давлатдорӣ шинохт. Имрӯзҳо низ таълимоти Муҳаммади Ғазолӣ оид ба давлат ва ҳуқуқ метавонад дар ташаккули баъзе институтҳои давлатдорӣ ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ хизмат намояд.

Имрӯзҳо ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ ислом ва эътиқоди мусулмононро бисёр вақт ба мақсадҳои ғаразнок истифода мебаранд. Аз ин нуқтаи назар омӯзиши мероси илмии Муҳаммади Ғазолӣ боз ҳам муҳимтару аҳамиятнок гашта, таваҷҷуҳи олимонро ба худ ҷалб намуда истодааст. Таълимоти мутафаккир метавонад, дар мубориза бар зидди идеяҳо ва ақидаҳои гурӯҳҳои экстремистӣ ва ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳамчун манбаи идеологӣ хизмат намояд [3, с. 3].

Ҳамин тариқ, ақидаҳои Муҳаммади Ғазолӣ оид ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарӣ дар замони муосир аҳамияти назариявӣ ва амалии худро аз даст надодаанд. Инчунин омӯзишу тадқиқоти ақидаҳои ҳуқуқии Муҳаммади Ғазолӣ дар замони муосир онтологияи ақидаҳои Шарқи асримиёнагиро оид ба ҳуқуқ ва давлат боз ҳам пурратар менамояд.

 

Адабиёт:

1. Имом Абӯҳомид Муҳаммад Ғазолӣ. «Насиҳат-ул-мулук» – Душанбе: «Ирфон», 1993. – 144 с.

2. Шоев Ф.М. Аҳамияти омӯзиши ақидаҳои давлатӣ-ҳуқуқии Муҳаммади Ғазолӣ дар замони муосир // Масъалаҳои назариявии амалисозии ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ (7-уми декабри соли 2020) / Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳмон Д.С. – Душанбе: Матбааи ДМТ, 2020. – С. 175-187.

3. Шоев Ф.М. Государственно-правовые взгляды Мухаммада Газали: автореф. дис. … канд. юрид. наук: 12.00.01 / Шоев Фируз Махмадаминович. – Душанбе: «ЭР-граф», 2018. – 58 с.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.

Яндекс.Метрика