АҲАМИЯТИ СЕССИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 -уми ноябри соли 1994 дар толори Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дод.

Маҳз дар ҳамин иҷлосия аксарияти кулли вакилон ба роҳбарияти нави Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии шахси ҷасуру ватанпараст Эмомалӣ Раҳмон раъйи мусбат дода, сарнавишти ояндаи мамлакатро ба мақсади таъмини сулҳу салоҳ, ободии кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум муайян намуданд.

Роҳбарияти нави Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар ин иҷлосия аз ворид кардани муҳимтарин ва заруртарин тағйирот ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» ва «Дар бораи гурезаҳо» шурўъ намуд, ки дар он замон масъалаҳои доғи рўз буданд. Дар ин иҷлосия гурўҳҳои мухталифи даргир савганд ёд карданд, ки ба даргириҳо хотима медиҳанд, сулҳу суботро дар Ватан таъмин менамоянд ва бо ҳам оштии абадӣ мекунанд.

Яъне ин иҷлосияи таърихӣ дар раванди таъмини сулҳу субот, ризоияти саросари ҷомеа, ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ, ватандустию меҳанпарастӣ ва ба муттаҳидӣ даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дошт.

Ҳамчунин дар ҳамин замина минбаъд ташаккули андешаи созанда ва муосири миллии мо тадриҷан шурўъ гардид.

Роҳбарияти нави Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси ҷавону қавиирода баъд аз ҷамъбасти иҷлосия ба пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе омад, ки дар он ҷо, ҳатто нони хўрданӣ пайдо кардан мушкил буд.

Лекин ба ин мушкилоти рўзгор нигоҳ накарда, роҳбарияти нави ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама бо барномаи муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба халқи шарифи кишвар муроҷиат намуданд.

Вазифаи аввалиндараҷа ҳамин буд, ки бояд ҳарчи зудтар дар тамоми гушаву канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ барқарор гардад, гурезаҳо ба шаҳру деҳот ва маҳалли доимии худ баргардонида шуда, бо сару либос, хўрокворӣ таъмин шаванд. Фаъолияти мунтазами корхонаву муассисаҳо ва хоҷагиҳо ба роҳ монда шуда, Артиши миллӣ таъсис дода шавад ва амнияти давлатӣ таъмин гардад.

Раиси навинтихобшудаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва оғози музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд. Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дошта, дар бобати ҳалли маҷмўи пробемаҳои ҷомеаи пароканда ва ҷангзада ва роҳҳою усулҳои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат зиёда аз 74 санади ҳуқуқӣ, қабул намуд, ки аз як тараф, салоҳияту ваколати онро собит менамуданд, аз тарафи дигар он санадҳо барои солҳои баъдии мардуми кишвар дорои собиқаи бузурги таърихӣ чун як барномаи мукаммал ҳисоб меёфт. Зеро дар партави қарорҳои иҷлосияи мазкур ва такя ба соҳибистиқлолии давлатӣ рушди имрўзу фардои кишвар ба чунин дастури ҷиддан таҳиягардида эҳтиёҷ дошт.

Баъд аз анҷоми иҷлосияи XVI- ум Раиси нави Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ватан ва шурўи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд.

Бегонагоне, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карда буданд, маҳз таназзулу нобудии давалатдории тоҷиконро мехостанд. Аммо ҷонбозиҳои Сарвари бонангу номуси ватан, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тири онҳоро ба хок зад.

Бояд халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромўш накунад, ки он замон баъзе аз кишварҳои дуру наздик намехостанд дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ бошад ва бо ҳар роҳ ба раванди сулҳу субот халал мерасонданд.

Пас бидуни шак, хизмати бузурги Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон барои Тоҷикистон, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ӯ тавонист, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти Конститутсионии хешро ба сифати Раиси Шурои Оли ва минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намояд ва чун кафили амнияти давлат амал намояд.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехуранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби онҳо шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.

 

ШУЪБАИ ПАЖӮҲИШИ ИСЛОМИ МУОСИР

Яндекс.Метрика