АҲМАДҶОН САЪДУЛЛОЕВ ДАВРАИ МАГИСТРАТУРАИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РО БО МУВАФФАҚИЯТ ХАТМ НАМУД!

Санаи 7- уми феврали соли равон Садуллоев Аҳмадҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ курси яксолаи шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Мактаби Давлатдории Эмомалӣ Раҳмон - ро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси сиёсати берунӣ ва дипломатия хатм намуд.

Номбурда 1 - уми феврали соли 2023 ба шуъбаи тайёркунии касбии хизматчиёни давлатии Мактаби Давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси сиёсати берунӣ ва дипломатия дохил шуда буд.

Роҳбарият ва кулли кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ хатм намудани давраи магистратураи Мактаби Давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро ба Аҳмадҷон Саъдуллоев табрику таҳният арз мекунад.

Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика