Аҳмад ибни Амр ибни Муҳайири Хассоф аз ҷумлаи шогирдони Абӯҳанифа

Аз ҷумлаи онҳо Аҳмад ибни Амр ибни Муҳайири Хассоф аст, ки соли 261-и ҳиҷрӣ вафот ёфтааст. Ӯ фиқҳи Абӯҳанифаро (р) аз падараш, аз Ҳасан ибни Зиёд фаро гирифтааст. Аҳмад фақиҳест, ки дар илми фароиз ва ҳисоб мумтоз буда, ориф ба мазҳаби Абӯҳанифа (р) мебошад. Шамс ал-аимма Ҳалвонӣ мефармояд: “Хассоф дар илм марди бузургест. Ӯ аз нафаронест, ки пайрави ба ӯ саҳиҳ аст. Ӯ соҳиби китоби “ал- Авқоф” аст, ки ин китоб масдари дуюм дар аҳкоми авқоф ва фуруъоти он дар мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад. Манбаъи аввал, чуноне, ки дониста шуд, китоби Ҳилол аст. Китобҳои дигари Аҳмад иборатанд, аз “Китоб ал- ҳиял”, “Китоб ал- васоё”, “Китоб аш- шурут ал-кабир”, “Китоб аш- шурут ас- сағир”, “Китоб ар- разоъ”, “Китоб ал- маҳозир ва ас- сиҷиллот”, “Китоб адаб ал- қозӣ”, “Китоб ал- Харроҷ”, “Китоб иқрор ал- варасати баъзиҳим ли- баъз”, “Китоб ал- каср ва аҳкомиҳи” ва “Китоб ас- самир ва ал-қабр”.

 

Ҳамчунин аз ҷумлаи онҳо Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Салома Абӯҷаъфари Таҳовӣ аст, ки соли 231-и вафот кардааст. Ҳаёти илмии ӯ бо таълими фиқҳи Шофиъӣ аз тағояш Исмоил ибни Яҳёи Музанӣ шогирди Имом Шофиъӣ оғоз гардидааст. Аммо бештар ба фиқҳи Ироқ таваҷҷӯҳ дошт, ки он сабаби таркнамудани мазҳаби шофиъӣ ва пазируфтани мазҳаби ҳанафӣ аз сӯи ӯ шуд. Ӯ аз зодгоҳ ва макони нашъунамои худ ба Шом рафта, фиқҳи ироқиҳоро аз Абӯҳозим Абдулҳамид қозиюл-қузоти он диёр, ки шогирди Исо ибни Абон буд, фаро гтртфт. Аз ин рӯ маълум мешавад, ки Таҳовӣ дар омӯзиши худ фиқҳи шофиъӣ ва фиқҳи Ироқро ҷамъ карда, ин амр ӯро нисбат ба дигарон бештар озодии нақд бахшидааст. Аз ҳамин ҷиҳат Таҳовиро фақиҳи муҷтаҳид шуморидаанд. Деҳлавӣ дар ҳаққи ӯ мегӯяд: “ Ҳамоно мухтасари Таҳовӣ далолат мекунад, ки ӯ муҷтаҳид буд, на муқаллиди маҳз. Зеро ӯ баъзе чизҳое, ки мазҳаби Абӯҳанифаро (р) мухолафат мекунад, ба далелҳои қавӣ ихтиёр кардааст”. Ин манҳаҷро олим буданаш ба аҳодис ва ахбор тақвият бахшидааст. Дар ҳақиқат ӯ ҳадисро аз бисёре аз муҳаддисони Миср ва ғайра гирифта буд.

 

Бинобар ин, ӯ фақиҳе буд, ки илми раъю қиёс ва ахбору осорро ҷамъ карда буд. Китобҳои Таҳовӣ дар мазҳаби ҳанафӣ дар ҳалқаи миёна қарор мегирад. Китобҳои ӯ дониши мутақаддиминро ҷамъ карда, ба мутааххирин тозаву беолоиш пешкаш кардааст.

 

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                            Исоев Н.

Яндекс.Метрика