БАДГӮИЮ БАДХОҲӢ АЗ ИСЛОМ НЕСТ!

Мувофиқи мазҳаби Имом Абӯҳанифа шахс агар калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳ»-ро ба забон орад, новобаста аз рафтору гуфтораш вай мусулмон ҳисобида мешавад ва баъд аз маргаш барои вай хондани ҷаноза, қироати Қуръон то маргаш ва баъди маргаш комилан дуруст аст.  Хондани Қуръон барои майит аз анъанаҳои қадимаи динии мо буда, мувофиқи ҳадисҳо савобаш ба майит хоҳад расид. Ривоятҳо ҳатто хондани оятҳои мушаххасро низ зикр менамоянд. Одатан дар ин ҳангом сураи «Фотиҳа», «Мулк», «Ёсин», «Ихлос» ва қисмате аз «Бақара»-ро мехонанд. Ҳамзамон ислом таълим медиҳад, ки агар шуморо мусибате расид, бояд гӯед: «Ҳар оина мо аз они Худоем ва ба сӯи ӯ бармегардем». Ин фармудаи Худованд ҳикмати бузург дорад. Ҳикматаш дар он ифода меёбад, ки ҳар кас миранда аст. Аз ин рӯ, набояд ман-манӣ кунад. Набояд ба шахси фавтида ба чашми бад назар андозад ва ё дар ҳаққи ӯ сухани номатлуб гӯяд. Чун қудрати Худованд беинтиҳо буда, имкон дорад, ки шахси иҳонатпешаро бо сахттарин шакл аз ҳаёт маҳрум созад.  Сониян, фармудаи фавқуззикри Қуръон хусусияти тасаллобахшӣ дорад. Яъне, чун шахсро мусибате ба мисли марг фаро расид, бояд ҳар шахс, махсусан наздикони фавтида пеши назар маргро чун амри ҳатмӣ пеши назар оранду наздикони фавтида, алалхусус худро тасалло диҳанд, ки рӯзе марги нобаҳангом метавонад онҳоро низ фаро гирад. Ин фармуда ва ҳикмати ояти фавқуззикр хусусияти ҳам таълимию ҳам тарбиявӣ дошта, ба ҳама баробар – ҳам дӯстони майит ва ҳам душманони майит нигаронида шудаанд.

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо мусулмонони мутакаббир хеле зиёд шудаанд. Онҳо бидуни андешаю тааммул баъзан ба худ қудрати илоҳӣ насб карда, фавтидаҳоро дар он дунё ҷой таъин менамоянд, гӯё онҳо аз наздикони Худованд бошанду зимни тақсими раҳматаш ба бандагон Худованд бо ин тоифа маслиҳат мекарда бошад, ё зимни муқаррар намудани сазою ҷазо аз «мушовирон»-и индунёии худ мунтазири ишорате бошад. Ҳол он ки мувофиқи таълимоти ислом баъд аз марг нафс ба сӯи парвардигори худ бармегардад, аммо касе ғайр аз Худо намедонад, ки вай дар куҷо қарор гирифтааст. Инчунин, аз оғози дунё то ба имрӯз аз фавтидагон касе барнагаштааст то нақл кунад, ки  дар он дунё бо ӯ чӣ рух додааст. 

Ин ҷо саволи матраҳ аз он иборат аст, ки чаро дар ҷомеаи мо баъзе ашхос дар ҳаққи фавтидаҳо гуфтору рафтори номатлубро сазовор медонанд ва чуноне ки аллакай зикр гардид, онҳоро аз пеши худ ба ҷаннат ё ҷаҳаннам ҷой муқаррар мекунанд. Ин одати бад аз хислатҳои носазои аҳди Бостон ва асрҳои миёна буда, имрӯз ҳеҷ як миллати соҳибфарҳанг ин амали зиштро содир намекунад. Мутаассифона, миёни мардуми мо чунин хислати бад пайдо шудааст.

 Албатта, аз як нигоҳ чунин амали онҳо гуноҳи азим аст, зеро Худованд то ҳол чунин вазифаро ба ҳеҷ кас аз бандагонаш надодааст. Сониян, маълум мегардад, ки тоифаи бадҳоҳ бехабар мондаанд, ки раҳмати Худо беинтиҳост  вай ҳамаро метавонад бидуни истисно фаро гирад ва дар ин амал ниёз ба машварате надорад.  Агар ин ё он фавтида дар ин дунёи пурмоҷарою пургуноҳ як амали нодуруст анҷом дода бошад, эҳтимол вай сад амали савобу дуруст низ анҷом дода бошад, ё дасти садҳо ниёзманду фақир ва муҳтоҷонро гирифта бошад, ё дар ободии кишвар чунон саҳм гузошта бошад, ки ҳар раҳгузар аз даргоҳи Худованд хоҳони раҳмат барои ӯ шуда бошад ва бад-ин васила шахси фавтида шомили раҳмати Худо гардида бошад.

 Бинобар ин, шахсе дар хусуси фавтида ҳарфи бад мегӯяд, сухани носазо мезанад, ин аз сиришти бад, тинати нопок, табиати бадбӯю нияти муғризонаи ӯ дарак медиҳад. Бадахлоқу бадният бо чунин аъмоли худ худро тасалло медиҳад ва аз ҷиҳати равонӣ худро ором мекунад. Аммо ӯ ҳеҷ гоҳ фикр намекунад, ки чунин амали ӯ зидди таълимоти ислом аст. Чунин шахс дар ҳар масъала барои таълимоти ислом маҳз диду аҳдофи худро меъёр қарор медиҳад. Ҳол он ки таълимоти воқеии ислом дар ҳама гуна масъала хусусияти башардӯстона ва оқилона дорад. Барои мисол  ояти 109 аз сураи «Бақара» дар нисбати иддае аз аҳли китоб, ки мехостаанд муъминонро кофир гардонанд, фармудааст, ки бибахшед ва даргузаред. Вақте Худованд дар нисбати шахси муъминро кофиргардонанда бахшиданро амр медиҳад, тоифаи бадхоҳро чӣ шуда бошад, ки баракси таълимоти ислом нисбат ба як мусулмони эҳтимол як гуноҳу сад савобкарда чунин роҳи хушунату иҳонатро ихтиёр карда бошад? Барои чунин ашхос мо на дар ин дунёю на дар он дунё ҷое муқаррар намекунему тақдирашро танҳо ба Худо ҳавола мекунем.    

 

Абдухалилзода Кароматулло 

Яндекс.Метрика