БАЙТҲОИ ПАНДУ АХЛОҚӢ АЗ ФАРИДУДДИН АТТОРИ НИШОПУРӢ

⚠️Бандагӣ аз худшиносӣ шуд тамом,
Нест марди беадаб соҳибмақом!

⚠️Бирав, савдои беҳуда мапаймой!
Манеҳ берун зи ҳадди хештан пой!

⚠️Чун гуноҳи нақд омад дар вуҷуд,
Тавбаи нася надорад ҳеҷ суд!

⚠️Эй бародар, гар хирад дорӣ тамом,
Нарму ширин гуй бо мардум калом!

⚠️Ҳар кӣ бошад туршруй,
Дӯстон аз вай бигардонанд руй!

⚠️Ҳар кӣ ӯро маърифат хосил нашуд,
Ҳеч бар мақсуди худ восил нашуд!

⚠️Ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,
Ахли ақлу илмро дорад азиз!

⚠️Ҳар ҷо ки офтоб рахшон гардад,
Пайдо бошад, ки соя пинҳон гардад!

⚠️Ҳар кӣ аз душман набошад бархазар,
Оқибат бинад аз ӯ ранҷу зарар!

⚠️Ҳар кӣ по аз ҳадди худ бартар ниҳад,
Сар диҳад бар боду тан бар cap ниҳад!

⚠️Ҳеҷ касро дар ҷахони баҳру бар,
Аз қаноат нест мулке бештар!

⚠️Ҷумла торикист ин мехмонсарой,
Илм дар вай чун чароғи рахнамой!

⚠️Такя кам кун низ дар паҳлуи дар,
Бош доим аз чунин хислат бадар!

⚠️Ҷомаро бар тан нашояд духтан,
Бояд аз мардон адаб омухтан!

ТАҲИЯКУНАНДАИ МАВОД :
АБДУЛЛОҲИ ҚОДИРӢ

Яндекс.Метрика