Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Президент

Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти беҳдоштию талаботи зиддиэпидемологӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор намуд. Дар рафти кори ҷаласа дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди идоракунии Президентӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ кормандонро бо таҷлили ин рўзи муборак табрик гуфта, таъкид дошт, ки маҳз бо таъсиси чунин шакли идоракунии давлатӣ Тоҷикистон тавонист ба чунин дастовардњо дар давоми 30 соли Истиқлолият ноил гардад.
Дар идомаи суханронӣ таъкид намуд, ки халқи Тоҷикистон Роҳбари таърихӣ, тақдирсоз, бунёдгузори давлати навин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллати худро дар арсаи сиёсат кашф кард;
- шаҳрвандони кишвар бузургтарин санади ҳуқуқӣ, роҳсозу роҳнамои сиёсӣ ва иҷтимоии халқ Конститутсияро қабул намуданд;
- давлати мо соҳиби рамзҳои миллӣ парчам ва нишони давлатӣ гашт;
- иҷлосияи тақдирсози таърихии ХVI-уми Шўрои Олӣ даъват шуда, ба оғози сулҳу саодати мардуми Тоҷикистон замина гузошт;
- насли имрўзу фардои кишвар ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳимоятгару ҳифозатгари ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафили истиқлолияти давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии кишвар, симати пойдориву бардавомии давлатро соҳиб гашт.
Халқи тоҷик 29 сол муқаддам бахти давлату оромии кишварро пайдо намуд. Роҳи ноҳамвори пурпечу тоби раванди давлатсозиамонро аз сар гузаронида имрўз музаффариятҳо ва дастовардњои давлатдорӣ ва хизмати шабонарўзии Пешвоямонро қадршиносӣ карда, аз камбуду норасоиҳоямон сабақбардорӣ намоем.
Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати он мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти шиносоӣ пайдо намудем. Дар остонаи таљлили санаи бузург, яъне рӯзи Президент ва баргузории Иљлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олї, ки дастоварди муќаддастарини халќи Тољикистон мебошад ќарор дорем.
Дар баробари ин њама, рољеъ ба наќши Президент, ки 29 сол муќаддам такягоњи аслии Пешвои миллат дар роњи расидан ба сулњу вањдат, иљрои њадафњои стратегии давлатдорї, рушди иќтисоди миллї ва ташаккули низоми њуќуќи миллиамон гашт, аз назари илмию амалї тањлил намуда, насли љавонро љињати гиромидошти рушду дастовардњои ватани азизамон ва муттањидї атрофи сиёсати созандаи Пешвоямон тарѓиб ва њидоят намоем.
Бояд ќайд кард, ки раванди табдилёбии ѓаразманди њодисањои сиёсї, таъсири аз њад зиёди неруњои хориљї ба ташаккули фарњанги миллї, ављи нигилизми њуќуќї ва вазъи ноороми маќоми ќонунгузору љунбиши афкору андешаи мардум дар роњи гумшавии арзишњо ва табдили онњо, дар он солњо гувоњи он буд, ки ташаккул ва рушди давлатдории мо дар чунин шароит на дар кашмакашињои сиёсї ва фикрпардозињои демагогии сатњи маќоми намояндагї, балки дар низоми устувори ташкили маќомоти иљроияи њокимияти давлатї буд.
Мањз бо ташаббуси Раиси љавону тозаинтихоби Шўрои Олї, бознигарии ваколатњои Шўрои Олї дар самти низоми идораю маъмурї дар Иљлосияи ХVI ба фарзанди фарзонаи миллат имкон фароњам овард, ки корњои созандагї, бунёдкорї, вањдатофарї ва давлатсозии халќро дар он рўзњои вазнин бо бањои љону тани худ роњандозї намояд.
Агар як дастоварди бузурги миллати мо дар роњи расидан дар кори давлатсозї воќеан интихоби дуруст ва таърихии фарзанди фарзонаи содиќи миллат моњи ноябри соли 1992 Эмомалї Рањмон ба њайси Раиси Шўрои Олї бошад, дастоварди дигари бузург ин сиёсати дурусти ташкилию маъмурии ин шахсият дар роњи таъсиси маќомоти низоми идораи давлат мебошад, ки дар он наќши Иљлосияи ХVI назаррасу мондагор аст. Чунки дар Иљлосияи таърихии Ќасри Арбоб, ки дар замони тасаллути ошуфтагї ва бенизомиву бесуботї дар авзои сиëсї ва умури идории мамлакат, дар замоне, ки аз њељ самте роњи наљот ба чашм намерасид, баргузор гардид. Умед фаќат ба шахсияте буд, ки бо эътимод ба фазли Илоњї ва рўњї бузургворони миллат мулку мардумро соњибї кунад, дар роњи растагорї, дар роњи расидан ба саодати миллї њодиву рањнамо бошад. Дар ин асорати ѓафлату вомондагї ва парешониву пошхўрдагиву гусастагї, ки хатари заволу нобудии миллатро пеш оварда буд, мардум умед ба инояти Парвардигор баста буданд, ки мењани мирандаро пайки наљот хоњад дод. Интихоби вакилони халќ аз номи мардум интихоби сањењ, интихоби мувофиќ ба ормонњои љомеаи тољикон воќеъ шуд. Танњо рўзи 19-уми ноябри соли 1992 дар Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон интихоботи Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон баргузор шуд, ки бо тарафдории 186 депутат аз 197 депутати њузурдошта Эмомалї Рањмон Раиси Шўрои Олї ва Сарвари давлати Љумњурии Тољикистон интихоб шуд.
Раиси нави Шўрои Олї аз назари давлатсозию давлатдорї, дастрасии сулњу вањдат, ташкили ќудрат, тањияи низоми иќтисодї, хуќуќї ва сиёсиро ќабл аз њама, аз ташаккули низоми устувори идораи давлат оѓоз кард. Ў, маќомоти фалаљшудаи давлатиро дар марказу мањал аз сари нав ташкил намуда, маќом ва ќудрати њуќуќии онњоро таъмин намуда, сипас ба кори идораи давлат ва оромии љомеа даст зад. Ин роњи ягона ва дурусти расидан ба њадафњои давлатсозї буд.
Шўрои Олї бо раиси љавонаш вазифањои таърихии худро то ќабули Конститутсияи кишвар бо сарбаландї анљом дода, ба сўи ормонњои таърихии халќ давлати демократї, хуќуќбунёд, иљтимої, дунявї ва аз нигоҳи ҳифзи арзишҳо миллиро ба њаракат давовард.
Эмомалї Рањмон бо тадбирњои хирадмандона ва матонату љасорати фавќулода кишварро аз вартаи фалокат ва њалокат берун овард, мардуми парешонро сарљамъ намуд ва садњо њазор ѓурбатзадагонро ба ватан баргардонд. Бо иродаи Сардори давлат муњтарам Эмомалї Рањмон, дар як муддати кўтоњ харобањо ба ободї табдил ёфта, иншоотњои азим ба вуљуд омаданд, барои ба њам пайвастани тамоми гўшаву канори мамлакат шоњроњи вањдат ва барои мустаќиман баромадан ба уќёнус ва робита ёфтан ба кишварњои дуру наздики хориљї роњњои бузурги мошингард дар тўли истиќлолияти давлати сохта шуданд.
Имрўз Љумњурии Президентии мо дар ќатори беш аз 200 давлати дунё бо њаќќи таърихии сиёсї ва њуќуќиаш њамчун миллати соњибдавлат ба ташаббусу пешнињодњои љањонияш на танњо дар роњи давлатсозї муваффаќиятњо дорад, инчунин дар њифзи арзишњои башарї ва неъматњои љањонї низ њамчун кишвари ташаббускор номбардор аст.
Дар тўли 30 соли истиќлолият кишвари мо тањти сарварии Эмомалї Рањмон дар роњи бунёди љомеаи мустаќили демократї ќадамњои устувор гузошт, сулҳу суботро дар ҷомеа побарҷо намудем. Дастовардњои нодири сулњи моро имрўзњо дар тамоми манотиќи љангзадаи олам њамчун намунаи мактаби сулњофарї мавриди тањќиќ ва истифода ќарор медињанд, ки боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст
Мо бояд хуб дар хотир дошта бошем, ки муттањидї атрофи нињоди Роњбарикунанда, дар масири таърихи пуршарафи халќи мо аз симатњои бузурги давластозию давлатдории мо буд, ки бузургони сабаќомўзу муњандисони сиёсии олами ѓарб аз Гередот сар карда, то А.Тойнби љавњари асосии устувории давлати тољику форсро дар ањди Њахоманишињою Сосонињо мањз дар муттањидии халќ атрофи Роњбар медиданд, онро њамчун сифати халќи устувору оламгир шарњ додаанд.
Дар хотима, роњбарияти Марказ таъкид намуд, ки таљлили ин рўз танњо бо ёд овардани таърих, гузашта ва роњи тайкардаи давлатдориамон тањти роњбарии Пешвои миллат набуда, инчунин тарбияи маънавии насли љавон дар роњи худшиносї, ќадршиносї аз вуљуди ќудрати сиёсї, муттањидї атрофи роњбар, њифзи истиќлолияту амнияти кишвар ва расидан ба ќадри фарзандони фарзонаи миллат аст.
Умед дорам, ки мардуми Тољикистон тањти роњбарии Пешвои хирадмандаш ин роњи пурсаодати зиндагиро дуруст барои худ интихоб кардаанд ва мо низ имрўз дар ин њамоиши илмї љињати тавсеа ва устувории ин роњи таърихї дар сиёсати давлатї ва тарбияи дурусти љавонон дар ин самт кўшиш хоњем кард.

Яндекс.Метрика