Баргузории семинари илмӣ дар мавзӯи ""Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон"

07 майи соли 2021 дар толори Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломӣ семинари илмӣ дар мавзӯи ""Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон" баргузор гардид.

Семинарро Директори Маркази исломшиносӣ Холиқназар Абдураҳим ва ректори Донишкадаи исломӣ Зокирзода Нусратулло бо суханҳои ифтитоҳии худ кушоданд. Дар семинари илмӣ мудири шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Марказ доктори илмҳои таърих, профессор Муллоҷнов Сайфулло дар мавзӯи  "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ап марҳилаҳои худшиносии тоҷикон баромад намуд.

Яндекс.Метрика