БАРГУ СОЗИ МО КИТОБУ ҲИКМАТ АСТ...

Китоб чун сарвати бебаҳои ҳар як халқу миллат, воситаи асосӣ барои таълиму тарбия, дӯсти беғараз ва роҳнамо ба сӯйи маърифату дониш ба ҳисоб рафта, василаи асосию беҳтарин барои пешрафту рушди шахсият ва ҷамъият мебошад.Чӣ тавре ки аллома Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,

Ин ду қувват эътибори миллат аст.

Аз қадимулаём бузургони мо муҳабату алоқа ба китобу китобхона доштанд ва ин аъмоли некашон буд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ ва зиндагии ҷовидониро барои худ касб карданд. Абдураҳмони Ҷомӣ чунин мефармояд: “Кас ҳамон вақт подшоҳи олам мешавад, ки пайваста китоб хонад, зеро китоб дар баробари анису меҳрубон будан, шахсро донову тавоно ва соҳибхирад мегардонад”. Ҳамчунин адиби маъруфи доғистонӣ Расул Ғамзатов бомаврид арзёбӣ карда: “Халқи бекитоб, мисли одамест, ки оина надорад вай рӯйӣ худро дида наметавонад”. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон ҳамарӯза ба масъалаи нигаҳдорӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши китобхонаҳо дар инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2019) дар робита ба ин мавзӯъ чунин қайд намудаанд: “Китобхонаҳо бояд ба маркази илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад.

Бузургон мегӯянд, ки “Хонаи бе китоб мисли рӯзи бе офтоб аст”. Дар ҳақиқат, китоб ҳамчун воситаи раҳоӣ аз ҷаҳлу бесаводӣ ва касби донишу маърифат, дар тарбияи маънавию ахлоқии одамон хусусан ҷавонон ва умуман дар такмил ва рушди маънавии ҷомеа нақши созгор ва созанда дорад. Ҳеҷ нерӯе тавонотар аз китоб нест. Китоб тарбиятгар аст, бе китоб бунёди ҷомеаи солим имкон надорад. Китоб мушкилкушои ҳама мушкилоти ҳастӣ буда, касро ба қуллаи мурод мерасонад. Китоб ғизои маънавӣ ва оромибахши рӯҳу равони инсон аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки: “Ганҷ магир, китоб гир”.

Бо масъалаи китобу китобдорӣ ва ҷалби тамомои қишри ҷомеа ба китобхонӣ Пешвои миллат дар паёми худ дастуру супоришҳои махсус дода, таъкид доштанд, ки дар ҳама идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, корхона ва марказҳои фарҳангию истироҳатӣ китобҳонаҳо таъсис дода шаванд ва мавриди истифода қарор гиранд. Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Рӯзи дониш Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намуда буданд, ки хонандагонро бо хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷалб намуда ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд. Вобаста ба ин, ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”- ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчӣ васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатиро талаб намуданд. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ катоб аст” боиси он гашт ки тамоми қишри ҷомеа аз тарбиягирандагону хонандагони дабистону мактаб сар карда то кормандону хизматчиёни кумитаву идораҳо ба хондани китоб рӯй оварданд ва бо ашъори нависандагони классику муосири тоҷик ва адабиёти хориҷӣ ошноӣ пайдо намоянд.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Зи доноён бувад ин нуқта машҳур,

Ки доно бе кутуб доност дар гӯр.

Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи аъмоли зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи воситаҳои иттилоотӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем”. Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамадин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. “Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем”, қайд намуданд Сарвари давлат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин дастурҳо ва тавсияҳои хирадмандонаи Сарвари давлат шавқу рағбати ҷавонони Тоҷикистонро ба китобхонӣ ва донишандӯзӣ афзун намуда, онҳоро ба касби илму ҳунарҳои барои рушди босубботи ҷамъиятию иқтисодии ватани маҳбубамон зарур шумориданд. Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Яъне мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Аз ин пеш ҳам миллати тоҷикро дар арсаи олам бо китобҳояш, бо фарҳанги воло ва фарзонафарзандонаш мешинохтанд. Итминони комил дорем, ки таваҷҷуҳи хоссаи давлату ҳукумат ба ин ганҷинаи нодиру тарбиятбахш, баргузории озмунҳои тақдирсоз аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” шумори идомабахшони роҳи эҷод, пайравони абармардони сухану ҳунар бамаротиб меафзояд.

Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода - мутахассиси пешбари шуъбаи пажуҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика