Бардошт аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
Тайи чанд соли охир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми хубе роҳандозӣ гардида, дар Паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ, ҳар солеро ба ин ё он соҳа бахшида мешавад ва дар натиҷа боиси рушди он мегардад. Барои мисол соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардида буд, ки боиси ривоҷу равнвқи саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат гардид. Ба ҳамин тариқ солҳои 2019-2021-ро Пешвои миллат солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ин иқдом барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа барои аҳли деҳот шароити мусоид фароҳам омад, то ҳунарҳои хешро бештар инкишоф диҳанд.
Дар Паёми соли 2021 бошад, Президенти кишвар солҳои 2022-2026-ро, «Солҳои рушди саноат» эълон карданд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аҳамияти бузург дорад.
Дар ин раванд Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш соли 2024-ро «Соли маърифати ҳукуқӣ» эълон намуданд, ки бесабаб нест. Робита ба ин масъала аллакай дар расонаҳои интернетӣ андешаҳои гуногун руи кор омад ва лозим донистем чанд андешаи хешро иброз намоем.
Дар луғатномаи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (иборат аз 2 ҷилд, Душанбе, 2008), мафҳуми «Маърифат» а. معرفت 1. дониш, илму дониш; ба тариқи истиора: нури маърифат, чароғи маърифат афрўхтан ё фурўзон кардан, аз боғи маърифат гул чидан, аз илму маърифат дур будан, офтоби маърифат дамидан. 2. фалс. дарки воқеият ба воситаи ақлу ҳис; шинохти чигунагии олам: назарияи маърифат. 3. маориф; омўзишу парвариш, таълиму тарбия; муқ. бомаърифатӣ; аҳли маърифат соҳибмаърифатон, одамони аз илму дониш баҳраманд, ашхоси огоҳу доно ва мафҳуми «Ҳуқуқ» бошад ба маънои а. حقوق маҷмўи меъёр, рафтор ва муносибатҳои ҷамъиятию иҷтимоии одамон, ки аз тарафи давлат муайян гардида, муҳофизат карда мешаванд: ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ҳуқуқи занон, баробарии ҳуқуқи марду зан, ҳуқуқи интихоботӣ; ҳуқуқ доштан маънидод шудааст. Ба ҳамин тартиб ин ду вожа дар якҷоягӣ андухтани илму дониши ҳуқуқӣ, ҷиҳати истифодаи он дар зиндагии ҳамарузаро дорад.
Таҷрибаву мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки бо сабаби аз мутолиа дур мондани қисме аз ҳамватанон, дониши ҳўқуқии онҳо беҳбудиро тақозо менамояд. Ба ҳамагон маълум аст, ки надонистани қонунҳои мавҷуда, шахсро ба мушкилоти ҷиддӣ дар зиндагӣ ру ба ру мегардонад. Барои мисол якуним даҳсола боз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Зиёда аз 5678 комиссияҳои ҷамъиятӣ ва 501 комиссияҳои доимӣ дар кишвар фаъолият доранд ва вазифаи онҳо пеш аз ҳама фаҳмондадиҳии муқаррароти қонун буда, бо ин мақсад пайваста дар васоити ахбори омма, рузномаву маҷаллаҳо мавод нашр мегардад, дар ҷойҳо бошад мулоқоту вохўриҳо доир карда мешавад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳамасола дар ҷумҳурӣ зиёда аз 800 нафар шаҳрвандон дар баргузориии маъракаҳо даст ба қонуншиканӣ мезананд. Назарсанҷӣ ва таҳлили масъала гувоҳи далолат бар он дорад, ки дар бештар ҳолатҳо сабаби содир шудани қонуншиканиҳо аз надонистани муқарароти қонун маншаъ мегирад. Мусаллам аст, ки надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад ва ягона роҳи дурусти ҳалли масъала донистан ва риояи қонунҳо мебошад. Дар ҳоли кунунӣ дар кишвар тахминан дар ҳудуди чорсад қонун қабул гардида, баҳри танзим намудани самтҳои гуногуни зиндагии рузмарраи мардуми кишвар хизмат менамоянд, ки донистани онҳо ба нафъи ҳар шахс аст.

Ҳамзамон соли равон аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол пур мешавад, ки барои ҳар як шаҳрванд донистани муқаррароти он амри зарурӣ маҳсуб меёбад. Бо ҳамин андешаҳо эълон гардидани соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ба маврид ва саривақтӣ буда, мусоидат барои амалишавии он вазифаи ҷонии ҳар як сокини кишвар мебошад.

А.Мирзозода – мушвири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ

Яндекс.Метрика