Баромади Наботов Маҳмадӣ дар Радиои Тоҷикистон дар мавзӯи “Истиқлолият муқадастарин арзиши давлату давлатдорист”.

Санаи 6-уми сентябри соли равон Наботов Маҳмадӣ Асомудинович - корманди Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Радиои Тоҷикистон дар мавзуъҳои зерин: “Истиқлолият муқаддастарин арзиши давлату давлатдорист, мафҳуми истиқлолият, рамзҳои истиқлолият ва пойдории истиқлолият, истиқлолияти фардӣ, истиқлолияти дастаҷамъӣ, истиқлолияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ бо шумули истиқлолияти сиёсӣ, истиқлолияти иқтисодӣ, истиқлолияти иҷтимоӣ ва истиқлолияти фарҳангӣ баромад намуд.
У ҳамчунин, дар бораи “Рамзҳои истиқлолият, ки дар моддаи 3-юми Конститутсия омадаанд, хусусиятҳои онҳо, арзиши онҳо, муассир будани онҳо дар шинохти давлату давлатдорӣ”, ибрози андеша намуд.
Дар фарҷом роҷеъ ба пойдории истиқлолият, ки вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад, инчунин оид ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлолият, худогоҳиву худшиносии миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас ва ба воя расонидани насли донишманду соҳибмаърифат фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошт.
Сармутахасси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.
Яндекс.Метрика