Бархӯрди идеяи хилофати исломӣ ва давлати дунявӣ

Маҳрамбек Маҳрамбеков
Масъалаи қудрати Худо ва татбиқи аҳкоми он дар замин яке аз қисматҳои муҳими таълимот ва фалсафаи дин ва ҷузъи ҷудонашавандаи таълимоту ҷаҳонбинии динӣ мебошад. Махсусан дар таълимоти динҳои монотеистӣ (тавҳидӣ, яккахудоӣ) доираи ҳокимият ва қудрати Худо ҳеҷ гуна маҳдудият надошта, он фарохтар ва ба як қудрати нисбӣ маҳдуд набуда, тамоми мавҷудоти ҷаҳонро фаро мегирад. Аз тарафи дигар, қудрати заминӣ дар падидаи инсон ифода меёбад, ки вобаста ба ҳаёти воқеии худ санаду меёрҳои танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятиро бароварда, татбиқ мекунад. Чӣ тавре ки таҳқиқи таҳаввулоти илмӣ ва фалсафӣ собит менамояд, дар доираи мактабҳои динӣ оид ба масъалаи татбиқи аҳкоми илоҳӣ дар ҳаёти инсон ва шаклу усули татбиқи онҳо назари ягона вуҷуд надошта, баръакс, фарқиятҳои зиёде ба назар мерасанд. Вале дар баробари ин фарқиятҳо, албатта, барои ҳамаи мактабҳои динӣ-ҳуқуқӣ таълимоти меҳварии умумӣ вуҷуд дорад, ки онҳоро бо ҳам пайванд месозад. Тибқи мазмуни яке аз чунин таълимотҳо қудрати Худо бар ҳамаи падидаҳо ва мавҷудоти олам, ки ба қудрати нисбии инсон таъсир мерасонанд, вуҷуд дорад. Қувваи инсон қудрати нисбӣ дар нисбати Худо аст, ки он танҳо ҷанбаҳои муайяни иҷтимоиро фаро мегирад ва пурра дар зери қудрати Худо аст. Ҳамин тавр, қудрати инсонӣ танҳо ба андозае, ки Худо иҷозат додааст, дар чаҳорчӯбаи озодии нисбии иродаи одам ба вуҷуд меояд. Чунин аст ҷавҳари таълимоти динӣ дар бораи ҳокимияти илоҳӣ дар тамоми олам ва хусусан дар нисбати инсон.
Дар динҳои қавмию миллии мардуми форсизабон ҳокимияти сиёсӣ аз ҳокимияти динӣ дар замин ҷудо буд ва ин нукта сареҳан дар Вандидоди Авасто таъкид шуда буд. Вале, чӣ тавре ки таърих шаҳодат медиҳад, мӯбадони зардуштӣ борҳо аз ин дастури дини зардуштӣ иҷтиноб варзида, кӯшидаанд, ки зимоми ҳокимияти сиёсиро ба даст гиранд. Кӯшиши бо ҳам пайвастани ҳокимияти динию сиёсӣ ба мақсади бартарӣ додан ба дину мазҳаби худ ва тангу маҳдуд сохтани мақоми дину мазҳабҳои дигар сабаби густариши низоъҳои диниву мазҳабӣ ва ҷангҳои дохилӣ мегардид ва пояи давлат низ аз ин муноқишаҳои дохилӣ заъиф мешуд [1, 76-78].
Таълимоти исломӣ дар бораи қудрати Худо, он чизе ки дар Қуръон сареҳан таъкид шудааст, дар ҳама давраҳои таърих, аз ҷумла марҳалаи кунунӣ бетағйир мондааст. Вале таҷрибаи кишварҳои мухталифи исломӣ вуҷуд дорад, ки бо андозаҳои гуногун муқаррароти исломиро татбиқ намуда, ҳокимияти сиёсии худро ҳамчун низоми сиёсии исломӣ муаррифӣ мекунанд. Дар замони муосир ҳамин низоми сохта бо номи низоми исломӣ омили низоъҳои нави динию мазҳабӣ мегардад. Дар робита ба ин, равишҳои гуногуни нав бо ақидаҳои исломӣ рӯи кор омада истодаанд, ки усулҳои эҷод кардаи онҳоро на мусулмон ва на ғайримусулмон пазируфта наметавонад. Намунаи чунин низоми сиёсии исломӣ созмони террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” мебошад.
Дар робита бо ин мушкилот дар айни замон зарурияти таҳлили таърихӣ ва фалсафии проблемаи ҳокимият дар ислом пеш омодааст. Дарки дурусти мафҳуми ҳокимияти Худо дар замин ба мо имконият медиҳад, ки фарқи байни мафҳумҳои исломро ҳамчун дин ва идеологияи сиёсӣ дуруст дарк намоем. Масъалаи муносибати ҳокимияти Худо ва инсон ҳанӯз дар асрҳои миёна мавриди диққати Абӯнасри Форобӣ қарор гирифт [2, 204], ӯ бисёре аз рисолаҳои сиёсӣ-иҷтимоии худро аз шарҳи мафҳуми «давлат» оғоз намуда, онро бо таълимоти усулии исломӣ муттаҳид карда буд [3; 73].
Муносибати махсус ба ҳокимияти сиёсӣ яке аз хусусиятҳои хоси ислом ҳамчун дин аст. Амалан илоҳиёт ва фалсафаи дин низ бевосита ба ин андешаи марказӣ алоқаманд мешаванд. Ғайр аз ин, консепсияи исломии қудрат ва ҳокимият на танҳо ба ҷомеаи инсон, балки ба ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти махлуқоти дигар низ дахл дорад. Ин нукта, ки ҳокимияти мутлақи Офаридгор бар ҳамаи офаридаҳояш таҳмил мегардад, дар Қуръон дар мазмуни силсила номҳои Худо мисли “Парвардигори ҷаҳониён” [4, 1] “Фармонравои рӯзи ҷазо” [2, 4] ва ғ. ба таври равшан ифода ёфтааст.
Дар сарчашмаҳои асосии исломӣ 99 номҳои Худо зикр мешаванд, ки дар қисми зиёди онҳо баёнгари қудрати бепоёни Худованд мебошанд, чунончи:
«Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем». [6:121];
«Худост, ки Офаридгори ҳар чизест ва ӯ нигаҳбони ҳар чизе» [39:62];
“Ин аст Худои якто – Парвардигори шумо, офаридгори ҳар чизе. Худое ғайри ӯ нест. Пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳатон мекунанд" [40:62].
Дар баробари ин Худованд вазифаи бандаро низ муайян карда, таъкид мекунад, ки назди ӯ аҳли тақво соҳиби эҳтироманд ва барои исён ва беитоатӣ аз аҳкоми илоҳӣ ҷазо муқаррар кардааст. “Ва ҳар кӣ аз Худову расулаш фармон набарад ва аз аҳкоми ӯ таҷовуз кунад, ӯро дохил дар оташ кунад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва барои ӯст азобе хоркунанда [4:14].
Дар баробари ин Худованд таъкид мекунад, ки сифати адолатхоҳӣ ҷудонашаванда аз хиради зоти ӯст ва сифатҳои мисли беадолатӣ, ситаму зулм, ҳарис, такаббур, ки хусусиятҳои асосии бисёре аз мардум мебошанд, хоси зоти ӯ нестанд. Ҷанбаҳои таҳаввулоти идеяи низоми исломӣ бо намояндагии ҳокимияти илоҳӣ дар заминро мутафаккирони мусулмон Абулҳасан Мовардӣ [5, 144], Абӯҳомид Ғазолӣ [6, 124], Низоммулмулк [7, 188], Саид Қутб ва Муҳаммад Абдо [8, 56] мавриди таҳқиқ қарор дода буданд. Дар миёни пайравони шиа низ масъалаи зикршуда яке аз масъалаҳои меҳварӣ мебошад ва таҳқиқи онро дар корҳои О. Хумайнӣ, M. Таботабоӣ [9, 54] ва дигар олимони аҳли шиа дидан мумкин аст.
Аз ин мавқеъ, бояд нахуст дақиқан пазирем, ки таҷрибаи чаҳордаҳ қарни гузашта марбути таърихи мусулмонон аст, на ислом. Онро метавон таърихи таҷрибаи татбиқи ислом дар амал маҳсуб донист ва чунин назар ба ҳақиқат наздиктар аст. Зеро ислом ҳамчун идеяи динӣ бе инсоният, хусусан пайравони он мусулмонон арзи ҳастӣ намедошт. Он чизе ки минбаъд мавриди назар қарор хоҳем дошт, ҳамин таҷрибаи мусулмонон аст. Зеро дар ин таърих ҳодисаҳои зиёде ҳастанд, ки бо ислом ягон умумият надоранд, балки хоси ҳаёти мусулмонҳое мебошанд, ки дорои шаклҳои гуногуни давлатдорӣ, мероси фарҳангӣ, вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ буда, дар минтақаҳои мухталиф зиндагӣ доштанд ва аз ислом чунин баҳрабардорӣ кардаанд. Онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва танзими муносибати ҷамъиятӣ меъёрҳои зиёди ғайридиниро татбиқ мекарданд, ки куллан мухолифи таълимоти ислом буданд. Бинобар ин, аз рӯи таҷрибаи ҳаёти мусулмонон шарҳу тафсири дин кори саҳл ва нодуруст аст. Мо ин давраро метавонем ҳамчун давраи таҳсилу такмили таҷрибаи ҷашниву ибодатии мусулмонон эътироф намуда, онро ба хотири шиносоӣ бо давраҳои торику дурахшони таърихӣ ва сабақ гирифтан аз савобу хатоҳои ниёгон мавриди таҳқиқ қарор диҳем. Вале ин маънои онро надорад, ки мо ҳамаи иштибоҳҳову нуқсон-ҳоеро, ки сабаби бӯҳрону низоъ миёни мусулмонон буданд, аз нав зинда кунем. Бояд таъкид намуд, ки чунин ғояҳои ифротгароӣ ва бунёдгароӣ, ки дар идеоло-гияи салафия, ДИИШ ва бархе ҳаракатҳои эктремистиву террористии муосири бо ном “исломӣ” ифода ёфтаанд, шояд барои баъзе доираҳои манфиатҷӯи аъёну ашроф ва шайхҳои миллатгарои араб муҳим бошад, ба ин далел, ки ҳанӯз ҳазрати Умар гуфта буд: “Мо мардуме будем, ки ба василаи ислом иззат ва қудрат ёфтем ва ҳар гоҳ агар хоҳем иззат аз роҳи дигар ёбем, Худованд моро хору заиф мегардонад, то ин ки боз ба ислом баргардем”. Аммо, чунин ғояҳо комилан зидди ҳуқуқу озодиҳо ва арзишу манфиатҳои миллии миллатҳои ғайриараби мусулмон мебошанд. Бинобар ин, мо вақте ки дар бораи ислом ҳарф мезанем, матлаби мо як дини холис ва орӣ аз сиёсат аст, вале агар дар бораи хилофат ҳарф занем, аллакай матлаби сухан тағйир ёфта, таҷрибаи давлатдории мусулмонон дар назар дошта мешавад. Аз ин рӯ, зимни баррасии масъалаи хилофат мо аввал бояд воқеияти таҷрибаи онро мавриди назар қарор диҳем. Дар ибтидои пайдоишу истиқрори дини ислом дар сурати ғоиб будани Пайғамбар вазифаи онро каси дигаре, ки усули анҷом додани намозро мефаҳмид, анҷом медод. Дар ин маврид Пайғамбар ба ин ё он шахс чунин вазифаро медод ва ин дар ихтиёри ӯ буд. Вале Пайғамбар дар ҳеҷ маврид наметавонист рисолати нубувватро ба каси дигар диҳад. Зеро баргузида шудани ӯ ҳамчун Пайғамбар мансуби хосту иродаи ӯ набуд. Аз ин рӯ, дар ҳар минтақаи мусулмоннишин олими дин метавонист маросимҳои диниро бидуни ҳеҷ мушкилӣ баргузор намояд ва ин фаризаро дар асоси дастуроти Қуръону суннат анҷом диҳад. Ҳамчунин, сарвари давлат метавонист роҳбарияти ҷамъиятӣ-сиёсиро тарзе анҷом бидиҳад, ки он аз лиҳози динӣ қуд-сият надошта бошад. Зеро дар назди Худованд ягон низоми сиёсӣ ва аз ҷумла хилофат ҳамчун шакли ягонаи низоми сиёсии динӣ муқаддас набуд ва ҳукми илоҳӣ ҷиҳати татбиқи он низ содир нашуда буд. Бинобар ин, андешае, ки тамоми кори неку зишт, шикасту рез, зулму истибдод, ҷангу ғорат, таназзулу таҳаввул, ки фарогири таърихи мусулмонон аст, ба таърихи дини ислом ва таълимоти Қуръон мансуб мебошад, ғайри саҳеҳ ва мавриди баҳс аст. Зеро дар Қуръон танҳо адои намоз ё додани закот сареҳан таъкид шудааст, вале Қуръон бунёди хилофатро ҳамчун низоми ягонаи динӣ ҳукм накардааст, балки онро намепазирад. Шояд давраҳои муайянро ба хотири татбиқи баъзе аҳкоми динӣ метавон қабул кард, ки дар беҳдошти ҳаёти мусулмонон нақш доштанд. Вале дар умум сулолаҳои зиёде ҳокимият кардаанд, ки зулму ғорат ва ҳаваси нафси худро бо шиорҳои исломӣ мепӯшониданд. Дар таҷрибаи амалии ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ чизе амалӣ гардид, ки то ҳол идеяҳои зулму истибдоди сиёсӣ домангири мусулмонон аст. Чунки дар онҳо манфиати гурӯҳҳои муайян буду халос. Хулосаи калом, таърихи ислом бо ҳаёти мусулмонон дар ҳам печидааст ва ҳамаи ҳодисаҳои он аз нигоҳи ислом мавриди эътибор ва эътимод нестанд. Зеро ягон таърих, ҳатто таърихи сиёсии уммати исломӣ, хосатан дар назди илм ва дин, муқаддас нест ва зимнан аз назари худи сиёсат ва дин низ он масун ва маҳфуз аз хато намебошад.
Дар таърихи минбаъдаи мусулмонон байъат ҳамчун омили муҳими тасдиқи салоҳияти халифаи нав хусусияти сохтакорӣ гирифта буд, зеро давлатдории мусулмонон шакли монархия гирифта, аз насл ба насл даст ба даст мегузашт. Байъат дар муборизаҳои сиёсӣ барои ба даст овардани қудрат аз ҷониби гурӯҳҳои мухталиф истифода бурда мешуд ва бо ин роҳ гурӯҳхои сиёсӣ худро ҳамчун гурӯҳи динӣ муаррифӣ мекарданд. Муборизаи сиёсӣ барои ба даст овардани давлатдорӣ хусусияти динӣ гирифта буд ва ин таҷриба то ҳол идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки Қуръон вазифаи ҳама гуна низоми сиёсиро таъмини адолат, баробарӣ ва ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ меҳисобад ва мухолифат бо амри Худоро маҳкум мекунад. Яъне дар ҷомеаи мусулмонӣ низ инсон аз ҳуқуқҳое, ки Худованд барояш ҳамчун ба халифаи Худ дар рӯи Замин ато кардааст, бояд бархурдор бошад. Аз рӯи ҳамин принсип адолати иҷтимоии илоҳӣ пойдор мегардад. Бинобар ин таҷовузи ҳудуди илоҳиро Худованд ҳамчун хиёнат бар қудсияти зоти Худ ва ҳамчун хиёнат дар ҳаққи инсон дониста, барои ин амали зишту нораво ҷазои сазовор ваъда кардааст. Дар баробари ин Худованд инсонро новобаста аз мансубияти диёнатӣ бо гирифтани таълим, илму маърифат, ташак-кули беҳтарин арзишҳои ахлоқие даъват мекунад, ки онҳо хоси махлуқи шарафманди ӯ, яъне инсон-халифа мебошанд. Худованд дар Қуръон [66:125] барои шиносондани қудсияти Зоти худ бо некӣ ва маърифат таъкид кардааст, аз куфру имон хабар дода, башариятро дар интихоби куфру имон озодӣ ва ихтиёр додааст [18:29], ба имон овардан даъват кардааст [2:256], вале ӯро маҷбур накардааст имон орад [10:175]. Зеро инсони озоду худогоҳ метавонад бидуни иҷбор, озодона ва ихтиёрӣ дар пайравӣ аз арзишҳои инсонӣ-ахлоқӣ вазифаи таърихӣ ё амонати Худовандро амалӣ намояд. Ба таври мисол, хайру эҳсон бар волидайн, меҳнати ҳалол барои ризқу рӯзӣ, кумак кардани муҳтоҷу фақир, ахлоқи нек, нафақа додан ба зану фарзанд, некӣ бо ҳамсоягон, дифоъ аз молу мулк ва амсоли инҳо баробари дигар амалҳои хуби иҷтимоӣ аз дидгоҳи дини ислом ҳамчун намозу рӯзадорӣ амалҳои хайру савоб маҳсуб 
мешаванд.
Пас суоле ба миён меояд, ки «арконе, ки дар ҳукмронӣ ва тадбири ҷомеа риоят ва ҳифз шаванд, то “ҳукумати исломӣ” ё “хилофати исломӣ” айният ёбад, яъне низоми мутлақи исломӣ шавад, кадомҳоянд?» Масалан барои адои намоз иҷро кардани аркони мазкур зикр шудааст ва амдан тарк кардани онҳо намозро ботил мекунад, яъне моҳият ва мақсади намозро ба пуррагӣ ифода намекунад. Пас ҳукумати исломӣ бояд арконе дошта бошад ва бо мавҷудияти онҳо ҳамчун ҳукумати исломӣ пазируфта шавад ва агар костагӣ ё халале дар иҷрои он аркон падид ояд, он гоҳ ҳукумати исломӣ нахоҳад буд. Пас аркони давлатдории исломӣ кадомҳоянд ва оё онҳо то ҳол мавриди татбиқ қарор доштанд ё не? Агар ғояи ташкил кардани давлат берун аз таълимот ва тобеияти динӣ буда, танҳо масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ бошад, пас вазифаи ҳукумати динӣ ва аз ҷумла исломӣ бояд бар асоси ҳидоят, ки фаротар аз идораи сиёсӣ аст, сомон гирад, ҳамчуноне ки Худо мехоҳад. Аммо агар амали ҳокиму амир ё роҳбари давлати исломӣ бар хилофи он чи Худо гуфтааст, бошад, чӣ ҳукм хоҳад гирифт? Илова бар ин масъалаҳои зиёде ҳастанд, ки ҳанӯз ҳам мавриди баҳсу мунозираи доираҳои илмию сиёсӣ қарор доранд. Албатта, масъалаи сохтор ва сиёсати давлати исломӣ дар муносибат бо мусулмонони ғайриараб аллакай аз даврони умавиён ва аббосиён аз меҳвари таълимоти ислом хеле дур рафта буд ва ҳокимият бо тамоми ҳастиаш манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии арабро дифоъ мекард. Минбаъд ҳар як мактаби идеологии исломӣ барои мусулмонон консепсияи сиёсии худро оид ба ҳифзи ислом пешкаш мекард, ки дар татбиқи он манфиати сирф гурӯҳӣ нуҳуфта буду халос.
Ҳарчанд ки баъзе уламои дин кӯшиши қудсият бахшидан ба идеяи бунёди хилофати исломиро зоҳир мекунанд, вале бунёди хилофат имрӯз масъалаи сиёсӣ ва идеологӣ мебошад, на масъалаи динӣ. Вале ҷавоби комил ба чунин кӯшишҳоро мо аз забони ҳазрати Умар мегӯем, ки дар нишасте гуфт: “Эй писари Аббос! Ме-донӣ барои чӣ қавми араб баъд аз Муҳаммад шуморо аз хилофат манъ карданд?” Аббос гуфт: «Агар ман надонам ҳазрати Умар маро огоҳ мекунад». Умар гуфт: «Қавми араб нописанд доштанд, ки дар хонадони шумо ҳам нубувват ва ҳам хилофат муҷтамеъ оянд, то шумо соҳибони хилофат бар қавми худ фахр ва мубоҳот кунед. Бинобар ин, Қурайш барои худ халифа интихоб кард. Ва дар ин амал муваффақ шуданд» [11, 222, 228]. Аз ин гуфтори халифаи дуюм дақиқан маълум мешавад, ки интихоби халифа, як масъалаи ҷомеаи мусулмонӣ будааст ва сониян ҳамчун таҷрибаи ҳаётии инсон наметавонад қудсият дошта бошад, зеро қудсият бахшидан мансуб ба зоти Худованд аст. Тибқи таълимоти ислом ҳокимияти олӣ дар дасти Худост [12:44] ва инсоният бояд онро амалӣ намояд. Дар ҷомеаи мусулмонӣ таҷрибаи татбиқи он дар низоми хилофат ва имомат мавриди амал қарор гирифтааст.
Имомат усули меросии роҳбарият дар умури динӣ ва дунявӣ аз ҷониби аҳли байти Пайғамбар (с) мебошад. Фақеҳони аҳли шиа мансубияти ҳокимияти диниро марбути хонаводаи Алӣ медонанд ва онро ҳокимияти мутлақ меҳисобанд. Имрӯз бошад дар низоми сиёсии шиа (исноашарӣ) идеяи «консепсияи вилояти фақеҳ» ҳамчун аркони дин маҳсуб меёбад. Ҳол он ки дар ислом ҳокимияти сиёсӣ марбути масъалаи фиқҳӣ-ҳуқуқӣ аст, на эътиқодӣ [13, 12-16].
Хилофат бошад ду мазмун дорад: яке таъсиси шакли низоми сиёсӣ ки бевосита умури динӣ ва дунявиро роҳбарӣ мекунад; дуюм, фаро гирифтани тамоми мусул-монон дар зери низоми сиёсии исломӣ. Вале маънои хилофат ҳамчун ҳокимияти сиёсӣ ба он халифа, ки намояндаи Худо аст, ягон рабте надорад, зеро ҳар як инсон фарогири ҳамон халифаи Худо мебошад ва ҳар як инсон халифа аст, пас дорои ҳамин ҳуқуқ ҳаст. Зеро тибқи дастури Қуръон ҳокимияти мутлақ аз Худост.
Дар ниҳоят хилофат ҳамчун низоми ормонии мусулмонон натавонист мусулмононро муттаҳид кунад, баръакс, тафриқаҳои қавмию миллӣ ва сиёсии элитаи арабро ба тафриқаи эътиқодӣ-мазҳабӣ табдил дод ва заминаи муборизаҳои навро ба вуҷуд овард. Баъди суқути аббосиён чандин касон дар таърихи давлатдории мурдуми мусулмон бунёди хилофати исломиро иқдом карданд, вале ҳамаи кӯшишҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд. Муҳаққиқи муосири араб Абдуллоҳ Саллум ас-Самароӣ дар китоби худ «Ифрот ва ҷараёнҳою мазҳабҳои ифротӣ дар тамаддуни исломӣ» ба шарҳу тавзеҳи ақоиди ифротӣ, ташаккули фирқаҳои ифротӣ, ҳаракати шуубия ва таъбироти фалсафӣ пардохта, мавқеи миллати араб ва давлатдории арабро нисбат ба ин ҳаракатҳо баён месозад. Дар ин китоб муаллиф муносибати миллати арабро ба ин ҳаракатҳо ҳамчун ҳаракатҳои зиддиарабӣ ва низоми сиёсии арабҳо нишон дода, то ҳол худшиносии мардуми форсизабонро хатарноктарин душмане, ки араб бо он рӯ ба рӯ шудааст, медонад. Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки арабҳо то ҳол бо андешаи кишвари ғолиб мехоҳанд дар кишварҳои мусулмонӣ бо номи соҳибони дин ҳокимият кунанд.
 
Адабиёти истифодашуда:
1. Ғазолӣ Абӯҳомид. Насиҳат-ул-мулук. Истанбул, 2004 (ба заб. туркӣ)э
2. Қуръони карим: тарҷумаи маонӣ ба забони тоҷикӣ. Душанбе, 2009.
3. аль-Маварди. Аль-Ахкам ас-султанийа ва-л-вилайат ад-динийа. Каир, 1973.
4. Милославская Т.П. Изучение деятельности Ассоциации братьев-мусульман (обзор источников и литературы) / История и идеология стран Востока. М., Наука, 1978.
5. Милославская Т.П. Начальный этап деятельности ассоциации «Братьев-мусульман» // Религии мира. История и современность. М.,Наука, 1982.
6. Мовардӣ Абулҳасан. Давлати исломӣ ва ҳуқуқи хилофат. Истанбул, 1994 (ба заб. туркӣ).
7. Низоммулмулк. Сиёсатнома. Боку: “Илм”, 1987 (ба забони озарӣ).
8. Риёҳӣ М. Фирдавсӣ ҳаёт ва осори ӯ. Теҳрон, 2010.
9. Смирнов А.В. Трактат о взглядах жителей добродетельного города // Энциклопедический словарь «Этика». М.: Гардарики, 2001.
10. Хомейни Р. Завещание. Баку: «Бустан», 1992.
11. Farabi A. N. On the Perfect State. Chicago: Kazi Pubns Inc, 1998.
Маҷмӯаи мақолаҳои

конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии

«Ифротгароии динӣ ва роҳҳои

амалии пешгирии он дар маҳалҳо»

ш. Бохтар – 2018, саҳ. 39-48
Яндекс.Метрика