БАР ЗИДДИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ МУҚОВИМАТ БОЯД КАРД !

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрӯз маҳсуб ёфтааст. Ва тавре ба назар мерасад, таҳти таъсири омилҳои мухталиф имкон дорад, ки густариш ёбад дар байни ҷавонону наврасон. Ва низ мушоҳида мешавад, ки беш аз пеш ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш ва кӯтоҳназар майл доранд ба ҷониби гурӯҳҳои тундгаро.. Бо мақсади коҳиш додани шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва ҳамзамон ҷиҳати дастаҷамъона мубориза бурдан зидди аъмоли зишту вабои аср дар Тоҷикистон “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” қабул шуда, ки муқаррароти он дар кишвар мавриди амал қарор дорад.

Дар ростои амалӣ кардани нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” пайваста тадбирандешӣ карда мешавад. Муқаррароти Стратегияи мазкур дар ҳамаи корхонаву идораҳо ҷиҳати иҷро ба роҳбарӣ гирифта шуда, баҳри амалӣ кардани талаботи он бо истифода аз ҳамаи шароиту имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ташкил ва гузаронидани мизҳои мудаввар, семинарҳо ва чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби олимону муҳаққиқон, ходимони дини кишвар ва мақомоти давлатии масъул ҷиҳати пешгирии экстремизму терроризм, доимо мавриди назар қарор дода шудааст.

Дар сомонаҳои иҷтимоӣ доир ба масъалаҳои тундгароӣ ва экстремизм маводи иттилоотӣ ва тарғиботиву омўзишӣ ба нашр мерасанд. Ҳамзамон, истифодаи зарфияти рўҳониёни муътабар ва ходимони иттиҳодияҳои динӣ дар пешгирии экстремизм дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва нигоҳ доштани фазои муносиб дар муҳити динӣ доимо дар маркази диққат аст.

Дар ин росто тадбирҳои чорасоз доир ба бартараф намудани оқибатҳои манфии муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла барҳам хўрдани оилаҳои ҷавон, масъалаҳои инкишофи маънавию ҷисмонӣ, тарбия ва таҳсили кўдакон аз оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба кўмаки равоншиносию иҷтимоӣ фаро гирифтани онҳо низ аз ҳар ҷиҳат судманд буда метавонад.

Гузашта аз ин, дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандўстӣ дар ҷомеа бояд пайваста чорабиниҳои маърифативу омӯзишӣ доир карда шаванд. Гузашта аз ин, бояд мунтазам дар байни ҷавону наврасон вохўриҳо ташкил карда, ба ин васила бо пешниҳоди орову андешаи маърифатӣ диққати асосӣ ба он равона карда шавад, ки ҷавонону наврасон хушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар орову андешаи худ ба ҷуз меҳри Ватан ва садоқат ба Ватан дигар чизеро ҷой надиҳанд ва ватандўст, худшиносу худогоҳ бошанду арҷ гузоранд ба муқаддасоти кишвар ва эҳтиром оваранд ба арзишҳои милливу давлатӣ ва бо амри дилу амри виҷдон бо дастгирӣ аз сиёсати дурандешона ва бунёдгароёнаи давлату Ҳукумати кишвар, ки таҳти роҳбарӣ ва заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд, саҳми арзандаи хешро бояд гузошт. Ва батаъкид бояд афзуд, ки дар ин ҷода нақши волидон ва тарбияву таълими хонаводагӣ дар мақоми аввал меистад.

Дар оилаҳо бояд фарзандро дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ ва тоҷикият тарбият кунанд аз хурдсолӣ ва дар замираш бо ҳисси баланди масъулият дар назди меҳан ва миллат тухми худшиносию худогоҳиро кишт намоянд ва парваранд. Дар ин замина аҳли ҷомеа, хосатан волидон пайваста бояд баҳри он талош варзанд, ки ҷавонону наврасон бештар ба омўхтани осори илмию бадеӣ машғул шуда, дар сиришти худ ҳисси ифтихору худшиносии миллиро ҷой дода, таърихи пурифтихори гузаштаву имрўзаро омўзанд ва огоҳӣ пайдо намоянд аз асолати таърихӣ, гиромӣ доранд, арзишҳои милливу давлатиро ва бештару дақиқназарона осори гаронарзиши гузаштаву муосирро мутолиа намоянд.

Аз ин рў, имрўз замоне фаро расида, ки бояд ҷавонону наврасон зери парчами сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷону яктан муттаҳид шуда, баҳри оромӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа талош варзида, дар коҳиш додани шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктсремистӣ ва гурўҳҳои ифротӣ дастаҷамъона саъю талош кунанд. Ҳамзамон, бояд ҳамагон мусоидат намоянд, ки ҷавонону наврасон вақтҳои холигии худро беҳуда ба масраф надода, аз пайи омўзиш бошанд ва дар замири худ андешаеро парваранд, ки бояд ба Модар – Ватан содиқона хизмат кунанд ва аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накунанд, далер боматонат, шуҷоъ ва дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омода бошанд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика