Бахшида ба рӯзи Фирдавсӣ ва Шоҳномаи шоҳонааш

Бахшида ба рӯзи Фирдавсӣ
ва Шоҳномаи шоҳонааш

Чу бунёди миллат ба ҳангома нест,
Бидуни нассу мадрак ин нома нест.
Назар кун ба асноду ақлу далел,
Намо гуфтаи бедалелро ту вел.
Ягон нуктааш бе асоснома нест,
Басо нома ҳамсанги Шаҳнома нест.

- - - -

Мероси суханшиносии, Шоҳнома,
Милоди ватаншиносии, Шоҳнома.
Дар ту сияру сифоти гурдон бошад,
Як шоҳасари ҳамосии, Шаҳнома.
Аз баҳри сипоҳиёни ҷонбаркафи чуст,
Дастурамали асосиӣ, Шаҳнома.
Ҳар омӯзаат ҳифзи Ватан омӯзад,
Чун мактаби ихтисосиӣ, Шаҳнома.
Ҳар сатри ту тазкираи миллат бошад,
Куросаи бас ҳамосиӣ, Шаҳнома.
Ҳар байти туро шиор бояд созем,
Чун марҷаи иқтибосиӣ, Шаҳнома.
Як шоҳасари захим танҳо ту наӣ,
Донишкадаи сиёсиӣ, Шаҳнома!

М. Ҳафизӣ.

Таҳиякунанда: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика