Бачае, ки ба покдомании Юсуф (а) шаҳодат дод

Ҳазрати Юсуф аз болои қаср ҷавонеро дид, ки бо либосҳои дарида аз канори қаср мегузашт, Ҷабраил ба он ҳазрат арз кард: ин ҷавонро мешиносӣ ?
Ҳазрати Юсуф фармуд: не.
Ҳазрати Ҷабраил фармуд: ин ҳамон тифле аст, ки назди азизи Миср ба покии ту шаҳодат дод.
Ҳазрати Юсуф фармуд: уро бар ман ҳаққе аст, пас дастур дод , ҷавонро оваранд ва амр кард уро либосҳои фохир пӯшониданд ва инъоми зиёд дар ҳаққи у арзонӣ фармуд, бо нигоҳ ба ин манзара Ҷабраил ба ханда омад.
Ҳазрати Юсуф фармуд: Оё эҳсони мо кам буд, ки ба назари таҳқир табассум кардӣ?
Ҳазрати Ҷабраил (а) арз кард.
Ғараз аз хандаи ман ин аст ту, ки махлуқе ҳастӣ дар ҳаққи ин ҷавон ба воситаи як шаҳодат бар ҳаққе , ки дар бораи ту дар ҳоли хурдсолӣ дода буд ин ҳама эҳсон кардӣ , оё Парвардигори бузург дар ҳаққи касе шаҳодат бар тавҳид ва ваҳдонияти у дода бошад чиқадар эҳсон хоҳад фармуд...

Ирфон ва адаб

Баргардон :
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика