БАЪЗЕ АНДЕШАҲОИ КАЛОМИИ АБУЛҚОСИМ ҲАКИМИ САМАРҚАНДӢ

Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ аз шогирдони мутакаллими тавоно ва зубдаи донишмандони Мовароуннаҳр дар мабоҳиси ақлӣ Абумансури Мотуридӣ (870-944) ва дар баъзе сарчашмаҳои қадимтар аз муосирон ва ҳамдаврони худи вай будааст, вале бо вуҷуди ин ӯро аз уламои насгарои ҳанафӣ донистаанд. «Ас-Саводу-л-аъзам»-и ӯ дар доираи фиқҳи ҳанафӣ яке аз муътабартарин осори фиқҳӣ дар ҳавзаи фиқҳии Мовароуннаҳр дар замони Сомониён буда, то ин ҷониб ҳамчун сарчашмаи муфид истифода мешавад.
Дар бораи ин ки Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ илми каломро дар назди кӣ омӯхтааст, дар сарчашмаҳо чизе ёфта намешавад. Вале ситоиши муболиғаомези ӯ аз дониши Абумансур Аҳмадӣ Аёзӣ, фарзанди ӯ ва яке аз шогирдошан Абуаҳмад Насри Аёзӣ то андозае гароиши фикрии ӯро равшан месозад. Абумансури Аёзӣ аз барҷастатарин олимони Самарқанд дар нимаи дуюми асри IX буд, ки ӯро аксарияти донишмандон ӯро м муҳимтарин интиқолдиҳандаи таълимоти мактаби ҳанафӣ дар Мовароуннаҳр медонанд. Мактаби каломии ҳавзаҳои Мовароуннаҳро ба се даста тақсим мекунанд:
Мутакаллимони ақлгаро – ки дар саргаҳи онон Абумансури Мотуридӣ меистод;
Фақеҳони суннатгаро – яке аз намояндагони бузурги онон Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ буд;
Сӯфиёни ҳанафимазҳаб;
Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ дар рӯзгори худ фақеҳи барҷаста буд, аз ин рӯ, ӯ солҳои зиёд марҷаи қазоии мардуми Самарқанд буд. Матраҳ кардани бархе мабоҳиси фиқҳӣ дар баробари масоили каломӣ дар “ас-Саводу-л-аъзам” худ ҳокӣ аз ин ҳақиқат аст, ки назди Абулқосим ва дигар олимони ҳамфикри ӯ зарурате барои тафкики масоили каломӣ аз масоили фиқҳӣ эҳсос намешавад. Ин дар ҳолест, ки дар осори Абумансури Мотуридӣ ва пайравони мактаби ӯ чунин омезиш ба чашм намехурад.
Барои омӯхтани мактаби каломии Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ, ҷузъе аз андешаҳои каломии ӯро, ки дар китоби “ас-Саводу-л-аъзам” ҷой дода шудааст, бо чан асари дигари фақеҳони ҳанафӣ муқоиса кунем. Дар натиҷаи муқоисаи “ас-Саводу-л-аъзам” бо “Васиятнома”-и Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ошкор мегардад, ки ин ду китоб ба ҳам умумиятҳои зиёд доранд. Аз ин маълум мегардад, ки Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ андешаҳои каломии худро дар такя бо мазҳаби ҳанафия навиштааст.
Андешаҳои каломии Абулқосими Самарқандӣ дар замони фармонравоёни Сомониён бисёр мавриди таваҷҷӯҳ буд. Амир Нӯҳи Сомонӣ дастур дод, то барои баҳрамандии ҳамагон “ас-Саводу-л-аъзам”-и ӯ ба забони форсӣ тарҷума шавад. Ин ҳолат боис гашт, ки шахсияти Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ пайравони фирқаҳои гуногунро таҳти таъсири худ қарор диҳад. Дар солҳои баъд, ки мавҷи ҳамгироӣ миёни гурӯҳҳои мухталифи ҳанафиёт падид омада буд, аз назари таърихӣ Абулқосим Ҳаким манзалати вижае ёфт. Чунон ки мутакаллимони мотуридӣ Абулқосимро ба худ наздик мешумурданд ва суфиён ӯро дар шумори шуюхи худ қаламдод мекарданд.
Яке аз баҳсҳои каломие, ки мутакаллимон ба он мепардозанд, ин масъалаи тақдир аст. Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ монанди дигар муталакаллимони ҳанафӣ дар ин масъала бар хилофи қадариҳо ва ҷабариҳо роҳи васатӣ байни ин дуро иинтихоб кардааст. Дар ин масъала, Абулқосим Ҳаким андеша дорад, ки Худо тамоми аъмолро офарид, аммо нақши инсон аз он иборат аст, ки онро амалї созад.
Мовароуннаҳр макони равияву ҷараёнҳои динӣ-фалсафии зиёд, аз қабили карромиҳо буд ва таълимоти онҳо аз тарафи фақеҳони ҳанафия бо зиддияти том истиқбол шуд. Муқовимат бо карромиҳо таърих ва решаву бунёди худро дошт, ки инъикоси он дар китоби Ҳакими Самарқандӣ баръало ҳувайдо гаштааст.
Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ба масъалаи каломии дигаре, ки бештар ваҷҳи ихтилофи дорад, рӯъяти Худованд дар рӯзи қиёмат назари худро баён намудааст. Ӯ дар ин асари худ хоссатан «масъалаи бисту панҷум»-ро ба масъалаи «рўъият» бахшида, сараввал аз сураи «Юнус», ояи 26 ва баъдан аз сураи «Коф», ояи 35 ва сураи «ал-Қиёмат», ояҳои 22 ва 23 Қуръон иқтибос оварда, таъкид сохтааст, ки «дидори Худои азза ва ҷалла ҳақ аст, ҳам ба китоб ва ҳам ба хабар. Аммо китоб қавлуҳу таоло: «Ли-л-лазина ањану-л-ҳусно ва зиёдаҳ» («Барои онон, ки некўкорӣ карданд, ҳолате нек ва зиёда бар он (яъне, дидани Худои таоло» бошад»). «Зиёдат» ин ҷо дидори Худои азза ва ҷалла аст, ки мўъминон бинанд (дар биҳишт) ба чашми сар, зеро-н ки Абўбакри Сиддиқ, разияллоҳу анҳу, гуфт: «Ин «ҳусно» биҳишт аст, азза ва ҷалла, зеро-н ки биҳишт бе дидори Худои азза ва ҷалла хуш набошад». Ва ҷойи дигар гуфт: «Лаҳум мо йашоуна фиҳо ва ладайно мазид» («Дар биҳишт ҳар чи хоҳанд, барои онҳо ҳаст. Ва наздики мо аз он зиёда аст»). Ва ҷои дигар гуфт: «Вуҷуҳун явмоизин нозиратун ило раббиҳо нозиратун» («Дар он рўз (як пора) рўйҳо тоза мебошанд, ки ба сўи Парвардигори худ назаркунандаанд»). Ин ҷо мешиносӣ Худойро, азза ва ҷалла, бечуну бечигуна. Фардояш бубинӣ ва чигунагӣ дар миён не». Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ ҳамзамон барои тасдиқи фикри худ ба ҳодис ва ахбор рўй оварда, мисолҳои зиёде аз Пайгамбар, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ибни Абилайлои Ансории Куфӣ (693-764м./74-147ҳ.), қозӣ ва фақеҳи маъруфи Умавиён, Суҳайб ибни Синон ибни Молик – муҳаддиси бузург, Ҳасани Басрӣ ва Яҳё ибни Муоз ибни Ҷаъфари Розӣ (с.в.258ҳ.) – воиз ва зоҳиди маъруфи ҳанафӣ овардааст: «Расул, алайҳиссалоту вассалом, гуфт: «Рўзи қиёмат бубинад Худованди хешро, чунон-к бубинед дар дунё моҳро дар шаби чаҳордаҳум бегумон, ҳамчунин бубинед Худои азза ва ҷалла. Ва бегумон шаванд, ки Худост, азза ваҷалла, бечуну бе чигуна».
Дар умум, Ҳакими Самарқандӣ яке аз донишмандони замони Сомониён аст, ки дар рушди мактаби каломи исломӣ нақши бориз доранд ва китобаш “ас-Саводу-л-аъзам” сарчашмаи муҳимест дар шинохти каломи ҳанафии ҳавзаи Мовароуннаҳру Хуросон.

Рамазониён Аҳтам Бобосафар – мутахассиси шуъбаи пажӯҳиши фиқҳи исломӣ

Яндекс.Метрика