БАЪЗЕ НИШОНАҲОИ ШАХСИ ИФРОТГАРО

Ифротгароӣ дорои як силсила нишонаҳоест, ки бо таваҷҷуҳ ба он метавон ифротиятро аз эътидол ҷудо намуд, ки инак ба шарҳи теъдоде аз нишонаҳои он мепардозем:
Таъкид бар андешаи худ ва таваҷҷӯҳ накардан бар мантиқ ва раъйи дигарон: Бо дар назар доштани таърифот ва таҳқиқоте, ки дар робита ба гурӯҳҳои тундрав сурат гирифтааст, яке аз нишонаҳои ифротгароён пофишорӣ ва таъкиди беш аз ҳад бар ҳаққонияти андешаи худ ва дурӯғ хондани андешаи дигарон аст, монанде, ки андешаи дуруст ва мантиқии дигаронро напазируфта, онҳоро ба фисқ ва гуноҳ муттаҳам менамоянд ва дидгоҳи худро пайғмбаргуна маъсум медонанд, дар ҳоле, ки тамоми донишмандони олами ислом, аз ҷумла Имоми АъзамАбуҳанифа Нуъмон ибни Собит бар он андешаанд, ки ҷуз паёғамбарон сухани ҳар шахс метавонад қабул шавад ё ин ки инкор гардад.
Сахтгирӣ ва дури ҷустан аз сабуки дар умури динӣ бар дигарон: Тибқи аксари сарчашмаҳо, ифротгарои динӣ нафарест, ки ҳангоми интихоби умури шаръӣ-ибодатӣ сахттарин ва душвортарини онро ихтиёр мекунад. Дар баробари ин мехоҳад онро бар дигарон низ таҳмил кунад. Аммо таҳмил, сахтгирӣ дар масъалаҳои динӣ бар дигарон аз нигоҳи худи дин амали нораво аст, зеро паёмбари ислом (с) чунин мефармояд: “Осон гиред ва сахтгирӣ накунед, мужда диҳед ва безор магардонед”. Чигунае дар ин ҳадис дида мешавад, паёмбар таҳмили сахтгирӣ бар дигаронро манъ намудааст ва мусалмононро ба риояи осонӣ бо дигарон дастур додааст. Пас, метавон гуфт, ки моҳият ва асли дини ислом бар осонӣ аст, на сахтиву хушунат.
Бо дарназардошти аҳком ва омӯзаҳои исломӣ асоси ин дин сабукӣ аст. Дастуроти ислом бо дарназардошти асли тадриҷи тарбиятӣ, риояи тоқати инсонӣ ва осонгирӣ танзим гардида аст, ки ҳеҷ гуна сахтию ифрот дар он ҷой надорад. Албатта сахтгирию зиёдаравӣ дар амалкарди шахсӣ ҳеҷ зараре надорад, ҳамон гунае, ки паёмбари ислом доим намозҳои инфиродии худро тулонӣ адо мекард, дар ҳоле ки намозҳои ҷамоатро кӯтоҳ анҷом медод.
Ифротиҳо на танҳо сахтиро бар худ раво медоранд, балки сахтиҳое, ки аслан дар дин набударо бар дигарон таҳмил мекунанд. Агар мутаваҷҷеҳ шаванд, ки рӯҳонӣ ё олиме кори сабук ва содаеро ихтиёр намудааст ва дигаронро ташвиқ ба амалкарди он менамояд, фавран он рӯҳонӣ ва ё олимро дар қафаси иттиҳом маҳбус мекунанд ва бо истифода аз сиришти тундравӣ ва ифротии хеш дар пеши роҳи он меистанд. Аз ин рӯ, яке аз нишонаҳо ва вижагии ифротгароӣ сахтгирӣ ва таҳмили машаққат мебошад, ки ин сахтгирӣ шомили мавқеиятҳои номусоиди замонӣ ва маконӣ гардида, миллатҳо ва нафарҳои алоҳидае, ки исломро ҳамчун дин пазируфтаанд, ба риояи усулҳои сахт маҷбур месозанд ва дар сурати кутоҳӣ онҳоро ба куфру фисқ муттаҳам месозанд.
Бояд зикр намуд, ки андешаҳои экстремистии Ибни Таймия, Муҳаммад Абдулваҳҳоб ва дигарон боис гаштанд, мусалмоне аз ҷониби як ифротӣ ба куфр ва фисқ муттаҳам шавад. Ибни Тайбия андешаеро ҷорӣ намуд, ки тибқи он имрӯз баъзе ҳизбу гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ бо ҳар баҳонае мусалмонеро ба куфр муттаҳам месозанд ва хуну ҷону моли ӯро ҳалол меҳисобанд.
Мо шоҳиди бисёр ҳолатҳое ҳастем, ки донишмандон ва рӯҳониёнеро, ки мардумро ба сабукӣ ва осонгирӣ даъват мекунанд, ифротиҳо онҳоро дар асососи андешаҳои экстремистии Ибни Таймия ва Муҳаммад Абдулваҳҳоб ба фисқ ва гуноҳ муттаҳам менамоянд. Ба таври мисол он нафаронеро, ки дар ҷомеаҳои ғайриисломӣ зиндагӣ мекунанд, ба хотири ҳамкориашон бо пайравони динҳои дигар ва сабукгирӣ дар дин, ифротиҳо онҳоро такфир мекунанд (кофир мехонанд).
Ба осонӣ ба фисқу куфр муттаҳам кардани дигарон: Яке аз нишонаҳои дигари ифротгароён он аст, ки онҳо ба осонӣ мухолифони андешаи худро ба куфр ва ё бидъат муттаҳам менамоянд. Ин амал дар воқеъ авҷи тундравии ифротгароёнро нишон медиҳад. Агар ба таърихи ин масъала назар афканем, пешвои асосии ин тоифа Ибни Тайбия ба ҳисоб меравад, ки ӯ аввалин маротиба андешаи экстремистии “кофир ва мунофиқ” хондани мусалмонро дар шариат ҷорӣ намуд ва то ҳол тоифае аз пайравони ифротгарои ӯ мушоҳида мегарданд, ки нафареро, ки даъвои мусалмонӣ мекунад, ба куфр муттаҳам месозанд.

Туҳмат кардани дигарон. Яке аз мусибатҳое, ки домангири инсонҳои ифротгаро аст, ин туҳмат каран ва гумони бад намудан дар баробари дигарон аст. Инсонҳои ифротгаро худро аз ҳар навъ нуқс ва костӣ пок дониста, доим дар ёфтани костагиҳои дигарон мебошад, ҳангоме, ки иштибоҳи кучакеро мулоҳиза намоянд, аз каҳ кӯҳ сохта, аз содир намудани фатвоҳои фисқ ва куфр дареғ намекунанд. Ин тоифа инсонҳо бештар ба донишмандон ва ҳатто шахсони фавтшуда туматҳо мекунанд. Дар ҳоле, ки дар ин маврид Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Худатонро бегуноҳ надонед, Ӯст, к парҳезгорро беҳтар мешиносад” (ан-Наҷм:32). Чунон, ки дида мешавад, ояти мазкур баёнгари риояи эътидол ва сароҳатан аз худнишондиҳӣ манъ намудааст. Зеро ҷуз Худо мизони парҳезгориро касе намедонад. Ҳамчунин, Худованд инсониятро аз бадгумонӣ ва туҳмат кардан манъ намудааст: “Эй касоне, ки имон овардаед, аз бадгумонӣ парҳез кунед, ки бархе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ накунед” (Ҳуҷурот:12). Решаи ин навъ ифротгароӣ аз ғурур ва худбартарбинӣ сарчашма мегирад, ки шахсияти дигаронро таҳқиру тавҳин намуда, ба он эҳтиром ва арзише қоил нестанд.
Рамазониён Аҳтам Бобосафар

Яндекс.Метрика